ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САОДАТ САФАРОВА: «ДАСТПАРВАРИ ИН МАКТАБАМ»

САОДАТ САФАРОВА: «ДАСТПАРВАРИ ИН МАКТАБАМ»

02 август 2024, Ҷумъа
16
0
Солҳои 80-у 90-уми асри ХХ дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» як зумра бонувони қаламкаш, аз ҷумла Баҳринисои Бобомурод, Холидаи Қодир, Додарой Бобокалонова,  дар эҷоди мақолаҳои танқидиву таҳлилӣ, лавҳаю очерк, шеъру тарона ангуштнамо буданд. Алалхусус, маҳсули килки Саодат Сафарова бо тарзи пешниҳоди маводи публитсистӣ фарқ дошт. Вай мавзуъҳои маориф, фарҳангу санъатро меписандид ва дар ин самт бештар менавишт. Дар солҳои донишҷӯйӣ дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ДМТ) аз дунёи санъатварони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Саидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб, ки худ зодаи ҳамин шаҳри бостонӣ буд, гузоришҳо омода месохт. Махсусан, лавҳаҳояш оид ба нақшофарӣ ва сурудхонии  ҳунарпешаҳо аз тарафи санъатдӯстон хуш пазироӣ меёфтанд. Аз ин рӯ, вақте ки Донишгоҳро соли 1979 хатм кард, дар интихоби ҷойи кори оянда ба мушкилие мувоҷеҳ нагашт, аммо намедонист кадом рӯзномаро интихоб намояд: рӯзномаи ҷавонон, яъне «Комсомоли Тоҷикистон" ё «Тоҷикистони советӣ»-ро. Билохир, бо тавсияи устодон «Тоҷикистони советӣ»-ро пазируфт.
Саодат он рӯзро чунин ёдовар шуд: «Нур Табаров, муҳаррири рӯзнома, бо як тамкини хос арзамро шуниду бо лаҳни ниҳоят нарму ором гуфт: «Аз маъракаи пахтачинии ноҳияҳои Шаҳритусу Вахш ду хабар менависӣ,  аз уҳдааш бароӣ, боз суҳбат мекунем».  
Саодат ба сафар мебарояд, ба нахуст сафари эҷодӣ. Вай, ки пештар дар хусуси театру кино, мактабу маориф менавишт, акнун бо пахтачинҳо, хирманбонҳо, капитанҳои «киштиҳои кабуд», яъне духтароне, ки ба воситаи комбайнҳо дар як мавсим аз 150 то 250 тонна пахта меғундоштанд, суҳбат меорост. Як ҳафтаро дар водиҳои Вахшу Қубодиён сипарӣ намуда, бо кӯлвори пур баргашт. Баъди чопи якчанд мавод аз ҳаёти пахтакорон, моҳи октябри соли 1979 хабарнигори «Тоҷикистони советӣ» таъин гардид. 
Котиби масъули рӯзнома Наҷмиддин Азизов ӯро ба шуъбаи «Иттилоот ва варзиш» оварда, бо сардори шуъба Нарзулло Латифов, сармутахассис Мақсуд Ҳусейнов шинос кард. Саодат, ҳарчанд факултети филологияро бо дипломи сурх хатм намуда буд, кор дар шуъбаи мавзуъҳояш ба ӯ ношинос, душворӣ овард. Вай бо табассуми малеҳ он солҳои нахустини хабарнигориашро ба ёд меорад: «Азияти маро дар раванди эчоду навишти хабарҳо мушоҳида намуда, Нарзулло Латифов, ки он айём, аллакай, шореҳи шинохтаву варзидаи футбол буд,  ба Мақсуди Ҳусейн,  мегуфт: «Мақсудҷон, духтаракро азоб надеҳ, инсоф дорӣ, матлабашро мутобиқи жанри хабар омода соз…».  Ҳамин хитоб кофӣ буд, ки  Мақсуд битаркад. Ба ин тарафу он тарафи хона қадам зада, бо садои шунаво ғур-ғур мекард. Баъди каме аз аспи хашм фаромадан, мақолаи маро ба даст мегирифт. Бо ҳунар буд ӯ, дар як вақт ҳам таҳрир менамуд, ҳам мошиннавис мекард ва матлаби тайёрро рӯйи мизи сардори шуъба мегузошт.  Мақсудҷон, воқеан журналисти моҳир, чобук, меҳрубон ва ҳамеша омодаи ёрӣ ба ниёзмандон, гули сари сабади аҳли коргоҳ буд». 
– Рӯзноманигор шахсест дорои тафаккури асил ва ғайримаъмул, пайваста дар тули зиндагӣ аз пайи омӯзиш аст. Имконияти рушди хабарнигори ҷавон, то андозае аз муҳити эҷодӣ ва муносибат дар  идора низ  бастагӣ  дорад. Рӯзномаи  «Тоҷикистони советӣ», чун имрӯза «Ҷумҳурият»,  як коллективи ниҳоят некбин, хайрхоҳ, бидуни хусумат, мисли оилаи тифоқи ватандӯст фаъолият дошт, – мегӯяд ӯ. 
Вақте ки Саодат Сафарова ҳамчун журналист шахси шинохта гашт, ӯро барои кор ба Афғонистон даъват карданд. Аз моҳи майи соли 1980  то декабри соли 1986  дар сафари хидматӣ дар хориҷи кишвар буд. Забон омӯхт, малакаи тарҷумониашро сайқал бахшид, ҷаҳонбиниаш васеъ шуд. Бо ҳаёти тоҷикон ва дигар халқияту миллатҳои мулки ҳамсоя шинос гардид. Баъди бозгашт аз Афғонистон вазифаи  ходими шуъбаи «Адабиёт ва санъат»-и рӯзномаи «Ҷумҳурият»-ро  то соли  1994  ба уҳда дошт. Аз ҳамкорӣ бо сардорони шуъбаҳо Доро Наҷот ва Сайф Раҳими Афардӣ хотироти хуби зиёде дорад. 
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол маҷаллаи «Дарё» арзи ҳастӣ намуд ва ӯ сармуҳаррири он таъин гашт. Ҳамзамон, аз соли 2003 то 2020 дар вазифаи директори иҷроияи маҷаллаи «Шифо»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутахассиси матбуоти ҳамин Вазорат фаъолият мекард.  
Бо таъсиси маҷаллаи  «Дарё» Саодат Сафарова аз ҳаёти «Ҷумҳурият» каме дар канор монд, вале таҷрибае, ки дар ин мактаб омӯхта буд, дар мақолаҳои «Дарё» фаровон истифода мебурд, махсусан бештар дар мавзуъҳои  экологӣ, обу иқлим, барқу замин. Нигоштаҳояш  дар маҷаллаи «Шифо» аз байни бонувон муштарии зиёд дошт. Занон шахсан ба ӯ дар бораи мушкилоти хонаводагӣ, вазъи сиҳатии худу фарзандонашон менавиштанд. Саҳифаҳои «Шифо» барояшон минбари озоди табодули таҷриба дар роҳи раҳоӣ ёфтан аз маризиҳо буданд.  Саодат Сафарова, ки ба ҷодаи журналистика бо ҳидояти кормандони «Ҷумҳурият» ворид гашта буд, бо ифтихор мегӯяд: «Ҳамаи комёбиҳоям дар соҳаи матбуот ба шарофати шогирд буданам дар ин нашрияи боэътибору бонуфузи Ватан ба даст омаданд. Ман ифтихор дорам, ки бо «Тоҷикистони советӣ», бо «Тоҷикистони шуравӣ» бо «Ҷумҳурият» пайванди ногусастанӣ дорам. Ҳар сатре, ки дар расонаҳо менависам, ҳамчун дастпарвари «Ҷумҳурият» бо масъулияти том менигорам».  
 
Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 02.08.2024 №: 146
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив