ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РӮЗИ ТИЛЛОӢ

РӮЗИ ТИЛЛОӢ

06 август 2024, Сешанбе
11
0
Ин саҳар соати 5 аз хона баромадам. Дар роҳ интизори омадани таксӣ шудам. Пеш аз он маршрутка дар наздам қарор дод ва ронандааш бо лутфу меҳрубонӣ гуфт, ки савор шавам. Дидам, ки одам кам аст, розӣ шудам. Ду сомониву 50 дирам ҳаққи роҳкиро додам. Ронанда гуфт: “Зиёд додед, муаллим, роҳкиро 1 сомонӣ шудааст. Ҳоло ба ҷои бензин аз барқ истифода мекунем. Хоҳиш мекунам, тугмачаи баратонро зер бикунед”.
– Ин барои чӣ? – пурсидам.
– Ҳисобот медиҳем, ки дар як рӯз ба чанд мусофир хидмат намудаем, – посух дод.
– Саҳар одам кам аст? Кам савор мешаванд? – пурсидам бо ҳисси кунҷкобӣ.
– Чиҳо мегӯӣ, муаллим?! Одам бисёр аст. Дигар аз миқдори ҷойи нишаст зиёд одам намегирем. Муаллим, як чизро пурсам, намеранҷӣ?
– Бипурс.
– Барои чӣ Шумо, умуман дар маршрутка савор намешавед?
– Метарсам, талотум, одам бисёр.
– Дигар ин хел намешавад, натарсед, рӯзи тиллоӣ фаро расид.
“Аҷаб ронандаи меҳрубон, муошираташро намегӯед, дар назди дарвозаи беморхона қарор дод, то ранҷ накашам” – гузарондам аз дил.
Дар назди дари УЗИ ҳеҷ кас навбат намепоист. Ба соат нигаристам: 6:00. Варақеро аз ҷайбам баровардам ва навиштам: “Навбати қабул”. Якум номи худамро навиштам. Не, ҳеҷ кас наомад, бо ин ки соат қариб 8 шуда буд. Шубҳа ба дил роҳ ёфт: имрӯз кор намекунанд – чӣ? Ҳамин вақт духтур бо чеҳраи хандон омад, маро дида шод шуд, мисли ин ки кони тилло ёфта бошад.
– Хуш омадед, нур овардед, сафо овардед. Аввалин шахсе ҳастед, ки ихтиёран барои ташхис омадаед, – гуфт ӯ.
Занг зад, мудири шуъбаро аз омаданам мужда расонд. Пас аз чанд дақиқа ӯ ҳозир шуд. Ҳамоне буд, ки маро 20 рӯз пеш ба назди ин зан барои УЗИ кардан фиристода буд. Дар навбати ин табиб се соат; аз соати 8 то 11 вақтам сарф шуд. Ӯ дағалона изҳор дошт. “Ман бе УЗИ чизе дар бораи бемории шумо гуфта наметавонам”. Хоҳиш намудам: “ Ин саҳар чизе нахӯрдаам, гурусна мондаам. Бо гузашти се соат навбатам омад. Дар он ҷо навбат калон аст, ба гуруснагӣ тоб оварда натавонам. Хоҳиш мекунам, бигӯед, то маро, ки маъюби гурӯҳи дуюмам, бенавбат қабул кунанд”. Гуфт: “Наметавонам. Бовар бикунед, ки дар он ҷо модарам дар навбат истодааст”. Омадам, ҳеҷ кас набуд. 
Ин зан бо муоина гуфта буд: “Чӣ хел одамӣ?! Ин тараф бигард, шикамат кач аст”.
– Ҳаминро муаддабона “ноҳамвор” аст, бигӯед намешавад? – гуфтам.
– Маро гап нишон медиҳӣ?. Калимаи ноҳамворро дар мавриди ҷигаратон истифода мебарам дониста мон, ки маълумоти аввалини ман олӣ аст, аз филологияи тоҷик, – изҳор дошт ӯ.
– Кор накардед?
– Чиҳо мегӯӣ?. Даромад надошт. Баъд табиб шудам. Хез! Тамом! 70 сомонӣ бидеҳ.
Тааҷҷубам афзуд. Чӣ хел дар як муддати кӯтоҳ ин зан ба фаришта, меҳрубонтарин инсон табдил ёфт?
Мудири шуъба пурсид: – Чӣ шуморо водор сохт, ки ихтиёран биёед, ин ташаббуси наҷибро зоҳир кунед? 
– Куҷо ташаббус?. Шумо гуфтед, ки баъди 20 рӯз боз як бори дигар УЗИ бикунед ва баъд ба қабулатон бидароям. Ба хотири ҳамин омадам.
– Ту ҳамон журналистӣ? Чаро аз вазъи даврон, дастовардҳои муҳим қафо мондаӣ?
– Бемор будам охир! – гуфтам дар посух.
– Ана барои чӣ. Ту охирон беморӣ. Дигар дар УЗИ навбат нест. Шифо ёфтаӣ, дардҳоро фаромӯш кун. Мо ба ҳаёти солим расидаем. Ба ҳуҷраи дигар медароем. 
Ҳар се даромадем. Дар рӯи миз маска, сметана, творог, қаҳва, чой, нонҳои гарм моро интизор буд.
– Марҳамат, ба хӯрдан шуруъ бикунед. Ин ҳама аз ҳисоби беморхона аст. Мо гунаҳгорем, ки шумо гурусна омадед, бояд зуд, сари вақт бихӯред, то меъдаатон иллат пайдо накунад...
– Хостам, ба касб, ихтисоси аввалаам баргардам. Напазируфтанд. Гуфтам, охир эълон доштед, ки беш аз 2000 муаллим намерасад, – изҳор дошт он зан ва бароям қаҳва омода намуд.
– Ин дар гузашта монд. Ҳозир ҳамин миқдор омӯзгор дар навбат истодааст. Бо ҷойи кор таъмин карда наметавонем, ҳама маълумоти олии соҳавӣ доранд. Ба ҷуз ин, шумо ба ихтисосатон, касбатон дар он даврон хиёнат кардед, чандин сол аз соҳа дур шудед, – гуфтанд ба ман.
Пас аз чанд дақиқа ба номам Сипосномаи директори беморхонаро оварданд, ки ман ихтиёран, бо ташаббуси худам барои муоина ба муассисаашон муроҷиат кардаам. 
Бо тантана, эҳтиром ҳар ду табиб то ба дарвоза гуселам намуданд. Мудири шуъба пас аз ин гуфт: “Рафиқ журналист, чаро намепурсӣ ин асбобҳои гаронарзиши УЗИ ва мо оё бекор мемонем?”.
– Аз шодӣ ҳамаро фаромӯш кардам. Воқеан, чӣ посух доред ба ин пурсиш?
– Посух? Бо навбат ҳамаи кормандони идораву вазорату корхонаҳоро барои пешгирӣ аз дардҳо аз муоина мегузаронем ва тавсияҳо медиҳем. 
Ман бори дигар тасдиқ кардам, ки дар ҳақиқат рӯзи тиллоӣ фаро расидаасту мани собиқ бемор аз ин бехабар мондаам.
 
Абдулқодири РАҲИМ, 
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 06.08.2024 №: 148-149
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив