ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БА ОЗМУНИ “ДУОИ МОДАР”

БА ОЗМУНИ “ДУОИ МОДАР”

06 август 2024, Сешанбе
27
0
 
ЗОДРӮЗ
ЭССЕ
Онҳо фақирона мезистанд. Зоҳиран  аз дунё гузаштани модар  баракати зиндагиашонро бурда буд. Дар бисоташон чизе надоштанд. Падар аз субҳ то шом кор мекард, аммо муздаш барои сер кардани шиками фарзандон базӯр мерасид. Бибии пираш корҳои хонаро дили нохоҳам  анҷом медод  ва ҳар вақт аз бемадорӣ шикоят намуда, ғур-ғур мекард. 
Духтарак орзу дошт зодрӯзашро ҷашн гирад. Ин рӯзро бесаброна интизор шуд. Шабҳо дуруст хоб намерафт. Сад орзую хаёл мепарварид дар сар. Ана, ӯ ҳам мисли ҳамсинфаш Азиза духтарони ҳамсабақашро ба зодрӯзаш даъват намудааст. Дар тан куртаи зебои аврупоидӯхт дорад, ки миёнаш танг ва доманаш   фарох  аст. Ба сараш мисли шоҳдухтарони филмҳо тоҷ гузоштааст. Дугонаҳояш ҳар яке ӯро ба оғӯш гирифта, мебӯсанд ва туҳфаҳояшонро тақдим мекунанд. Тасаввури ин лаҳзаву ин манзараҳо  ба духтарак ончунон шодию нишот мебахшид, ки ба гумонаш  аз ӯ хушбахттар дар дунё касе набуд.
Он рӯзи деринтизор фаро расид. Дугонаҳояшро ба меҳмонӣ даъват кард.  Худаш ба мактаб нарафту хонаҳоро рӯфта, рӯи ҳавлиро об пошид. Ба рӯи кат кӯрпача густурда, болишт гузошт. Албатта, ӯ мисли Азиза куртаи аврупоидӯхт надошт, ки ба бар кунад. Ягона куртаи шоҳиашро пӯшид ва мӯяшро то ҷойи тавон оро дод. Фасли зебои баҳорон буд. Хонаи фақиронаи онҳоро низ, баҳор зебоӣ бахшида буд. Хусусан, назди кати ҳавлӣ манзараи дилфиреб дошт. Гулҳои  чанд сол пеш шинондаи модар шукуфта, накҳати фораме ба атроф паҳн мекарданд. Паси қатори гулҳо ҷӯяи картошка низ, ғарқи гул гашта. Дарахтони себ, нок ва шафтолу, ки  дуртар  қад боло карда буданд,  аз гул баромадаву, аллакай,  мевадор шудаанд. Зодрӯзи духтарак ба ҳамин мавсими зебои сол  рост омад.
Худи ӯ низ зебост, мисли баҳор. Абрувони сиёҳи пайваста, чашмони обӣ дорад. Бинии рост, лабони тунукаш ба чеҳраи каме дарозрӯяаш мувофиқу  зебанда афтодаанд. Духтарак ба оина нигариста, аз ҳуснаш қаноатманд шуд. Акнун барои шодии ӯ танҳо туҳфаҳои меовардаи ҳамсабақон  намерасиданд. Ана, ҳамсинфонаш ҳам омаданд. Ҳусни духтарак аз шодӣ бештар гашт. Ҳар яке аз онҳо дар даст туҳфае дошт. Яке лӯхтак, дигаре қаламу  ручкаи зебо, сеюмӣ, ширинӣ. Домони духтарак аз туҳфаҳо пур шуд. Дилаш аз фараҳ лабрез.  
Дугонаҳояш мисле ки тасаввур карда буд, ӯро  ба оғӯш гирифта, бӯсиданд ва зодрӯзашро табрик гуфтанд. Духтарак аз шодӣ гӯё сари калобаашро гум карда буд, ки баланд-баланд механдид. Меҳмонон рӯи кат гузашта нишастанд ва ба якдигар нигоҳҳои маънидоре намуданд. Духтарак чизеро пай набурд. Ҳамоно ҳушаш ба туҳфаҳо буд. Мехост тезтар таъми шириниро чашида бинад. Дер гоҳ боз чунин чизи бомазаро нахӯрдааст. Хирсак ва лӯхтак низ, дилашро ба сӯи худ мекашиданд. Бо онҳо бозӣ кардан мехост ё ин ки шаб ба оғӯш гирифта хобидан. Қаламҳои ранга ҳам ҷозибае доштанд, духтарак бо онҳо расм кашиданро орзу кард. Аммо ҳамсинфон  фикру хаёли дигар доштанд. Ба якдигар нигариста, абру мепарронданд, лаб инҷ мекарданд. Якеаш тоқат накарда, ба духтарак нигоҳ карду  гуфт:
–  Сабо, ту барои мо дастархон наоростӣ ку!? – охир мо гушна шуда омадем аз мактаб.
Духтарак суп-сурх шуд. “Ман ҳозир”, – гӯён  давида рафту ягона дастархони нимдошти меҳмониашро гирифта овард ва назди меҳмонҳо паҳн намуд. Ва боз туҳфаҳоро ба даст гирифта, машғули тамошо шуд.
Фарида ин дафъа овозашро баландтар баровард,  духтаракро аз ҷояш як қад парронд.
– Мо дастархони холиро тамошо карда шинем? Ту ягон хӯрок, ширинӣ намеорӣ? Умуман, ту чаро пешакӣ  дастархонро  оро надодӣ?
– Ман... ман... охир ман наметавонам хӯрок пухта. Шириниро ҳам боре омода накардаам.
– Мо нагуфтем, ки худат хӯрок паз, ҳеҷ яки моро барои пухтани хӯрок иҷоза намедиҳанд, чунки хурд ҳастем, аммо модарат, апаат напухтанд? Дар хона дигар кас нест?
– Ман… модари ман… даргузашт. Як сол пеш... Бибии пирам ба хонаи аммаам рафт. Додараму хоҳарчаам ҳоло хурд, онҳо ҳам наметавонанд хӯрок пазанд, ширинӣ омода созанд.
Меҳмонон ҳама дам ба дарун заданд. Касе чизе нагуфт. Чанд лаҳза ба ин минвол гузашт. Баъдан, Фарида аз ҷой хесту шитобон аз кат фаромад. 
– Ин хел, ки бошад,  ман туҳфаамро гашта мегирам. Ин чӣ хел зодрӯз будааст, бе хӯроку бе ширинӣ? Мо барои чӣ туҳфа харидем, ки биёему дастархони холии туро тамошо карда шинем? Шарм надошта “Зодрӯз дорам, зодрӯзи ман биёед”, – гуфта, ба мо дурӯғ гуфт. Духтарҳо,  гиред туҳфаҳоятонро, меравем!
Духтарак ҳаросон туҳфаҳоро ба оғӯш гирифт. Аз онҳо ҷудо шудан намехост. Чӣ қадар орзу мекард онҳоро, аммо дугонаҳо  ҳар яке туҳфаи овардаашонро  зӯран кашида гирифтанд. Дастони духтарак тиҳӣ монданд. 
“Бас кунед, ахмақҳо! Монед ӯро ба ҳолаш. Як шириниву лӯхтакро аз ҳамсабақи худ дареғ медоред? Модараш набошад, кӣ барояш зодрӯз таҳия мекунад? Шумо уболро намедонед? Бечора модараш гузаштаву  шумо боз... Хонаи мо аз ин чизҳо пур. Рафтем ман ба шумоён медиҳам”. Азиза бехудона дод мезад ва аз ғазаб меларзид.
Меҳмонон туҳфаҳоро рӯи кат гузошта рафтанд. Духтарак ба онҳо менигарист ва дигар ҷаззобияте дар онҳо намедид. Ӯ модарашро пазмон шуд ва ба умқи хаёлу дунёи дигар фурӯ рафт. 
 
Мижгона ХАЛИЛОВА,  рӯзноманигор
Санаи нашр: 06.08.2024 №: 148-149
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив