ХАЙРӢ НАЗАРОВА. ЗАНЕ, КИ ТЕАТР МАЪНИИ ЗИНДАГИАШ БУД
Мушкили норасоии кадрҳо Театри давлатии академии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутиро маҷбур намуд, ки охири солҳои чилум чанд ҷавонро аз театрҳои музофот пайдо карда, ба дастаи ҳунариаш ҳамроҳ намояд. Аммо иҷрокунандагони нақшҳои духтарон ва занҳои ҷавон ҳоло ҳам намерасиданд. Хушбахтона, бозёфте ба даст омад. Гули худрӯе пайдо шуд ва ин Хайрӣ Назарова буд.
Тобистони соли 1951 Театри ба номи Лоҳутӣ бо намоишҳои худ «Саодат» ва «Аршин мол олан» дар шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) сафари ҳунарӣ дошт. Азбаски хобгоҳи муносиб ёфт нашуд, ҳунарпешагони Театри драмаи мусиқии Қӯрғонтеппа ҳамкасбони худро дар манзилашон ҷой доданд. Хайрӣ Назарова бо модараш дар манзилашон Туҳфа Фозилова, Гулчеҳра Бақоева ва Қумри Дӯстматоваро ҷой карданд. Барои ин духтараки ҷавон мулоқот бо санъаткорони мумтози тоҷик басо мароқангез буд. Суҳбат дар атрофи санъат, маҳорат, намоишҳои нахустини театри касбӣ шавқу ҳаваси Хайриро нисбат ба театр боз ҳам афзуд. Вақте ӯ намоиши «Аршин мол олан»-ро бо диққат тамошо мекард, худашро дар байни ҳунарпешагони театр ҳис менамуд. Гӯё бо онҳо ҳамкорӣ дошт. Хайрӣ Назарова ин замон, аллакай, дар Театри Қӯрғонтеппа нақшҳои асосиро иҷро мекард. Ӯ ҳам суруд мехонд, ҳам мерақсид. Бинобар ин, нақши Гулчеҳра аз намоиши «Бой ва хизматгор» ба вай хеле писанд афтод. Ҳамон сол бо Муҳаммадҷон Қосимов, Аслӣ Бурҳонов, София Тӯйбоева ва дигар ҳунарварони номӣ низ, шинос шуд.
Сокинони пойтахт истеъдоди фитрии ҳунарпешаи ҷавонро пай бурданд. Онҳо дар симои ӯ иҷрокунандаи нақшҳои ҷавонро диданд ва ташвиқ намуданд, ки ба театри онҳо ба кор гузарад. Ба саррежиссёри театр Ефим Исаевич Мителман низ ин гули худрӯй маъқул гардид. Ӯ дар симои ин зани ҷавон ҷиҳатҳои хоси ҳунарпешагӣ – ҷозиба, нафосат, назокати ҳаракатҳо, ҳамоҳангӣ ва таъсирнокии тобишҳои овози форамро дарёфт. Хайрӣ Назарова барои ӯ бозёфти нодире буд. Ефим Исаевич хуб медонист, ки агар чунин ҳунарпеша дар саҳнаи онҳо пайдо шавад, ӯро тамошобин ҳатман дӯст хоҳад дошт. Албатта ӯ медонист, ки Назарова маълумоти махсус ва, ҳатто, миёна надорад, вале соҳиби лаёқати ба худ хос аст, бо ӯ рӯзҳои дароз кор кардан лозим меояд.
Заҳмати бисёр ва машқҳои пайваста натиҷаи хуб доданд. Соли 1946 дар шаҳри Душанбе, вақте ки рӯзҳои азназаргузаронии санъати Помир мегузашт, Мителман дар намоишҳои «Гунаҳкорони бегуноҳ» ва «Қишлоқи тиллоӣ» ҳунарпешаи ҷавон Алиназар Хоҷаевро интихоб намуда, тули як сол ҳамроҳи ӯ бисёр кор кард. Дар натиҷа, нахустин иҷрокунандаи нақши Ромео дар саҳнаи тоҷик пайдо шуд. Акнун чунин таҷрибаро бо зани ҷавони тоҷик ҳатман такрор хоҳад намуд. Вале, ҳоло ӯро бояд даъват кард. Ин кори осон набуд. Театри Қӯрғонтеппа намехост Хайрӣ Назароваро ҷавоб диҳад, зеро дигар чунин ҳунарпеша надошт. Илова бар ин, ӯ дастпарвари худӣ буд...
Хайрӣ Назарова дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст, лекин дар Қӯрғонтеппа ба воя расид. Гап дар сари ин ки солҳои 30- юми асри гузашта барои аз худ кардани заминҳои нав дар водии Вахш афроди зиёдро аз вилояти Суғд муҳоҷир карда, ба вилояти Қӯрғонтеппа оварда буданд. Ҳамроҳи онҳо оилаи Хайрӣ Назарова ҳам омада буд. Он замон Хайрӣ панҷ сол дошт. Таҳсилро дар Қӯрғонтеппа ба итмом расонда, соҳиби маълумоти синфи 7 мешавад. Ҳамон замон, Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз меёбад. Падараш дар ҷанг ҳалок гардиду бори гарони зиндагӣ ба зиммаи модараш афтид. Он кас ҳунарпешаи театр буд, дутор менавохт, месароид.
Аз муҳтоҷӣ модар Хайрии наврасро ба театр меорад. Ин соли 1942 буд. Маъмурият духтарчаи 12-соларо ба зӯр ба кор қабул кард. Вазъияти Театр низ хуб набуд. Театр ҳамчун як дастаи консертӣ амал мекард. Ҳар бегоҳ даста бо ароба ва ё бо мошин аз як хоҷагӣ ба хоҷагии дигар мерафт. Хайрӣ ҳамроҳи модараш Донахон Назарова дар ҳамин театр 9 сол кор кард. Модар дар вуҷуди духтараш ишқи санъатро парварид. Хайрӣ низ модарро дар интихоби касб роҳнамои худ меҳисобид.
Аввалин нақши Хайрӣ Назарова дар саҳна Раъно аз пйесаи хурдҳаҷми Шамсӣ Қиёмов «Талоши бахт» буд. Баъдан, нақши Зуҳро аз «Тоҳир ва Зуҳро»-ро хеле хуб иҷро намуд. Нақш сурудҳои хубе дошт ва ӯ бо шавқ онҳоро иҷро мекард...
Ҳунарпешаҳои Театри ба номи Лоҳутӣ ӯро бо хушнудӣ қабул карданд. Хурсандии худи Хайрӣ низ ҳадду канор надошт.
Нахустин нақши Хайри Назарова дар Театри Лоҳутӣ «Токи ангур» дар намоиши бачагонаи «Достони Ҳофиз» (асари Феликс Тошмуҳаммадов) буд. Ин спектакл 1-уми январи соли 1952 намоиш дода шуд. Ҳунарпеша дар паси тасвири токи ангур пинҳон шуда, аз забони он ҳарф мезад. Аммо ин нақши хурд ҳоло ӯро бо тамошобинон шинос накарда буд. Шиносоӣ бо ҳунарпешаи нав дар фоҷиаи «Ромео ва Ҷулйетта»-и Шекспир барпо гардид. Зиёда аз як сол тайёрии ҷиддӣ идома ёфт. Ба коргардон Е.И. Мителман ва ёрдамчии ӯ – нахустин иҷрокунандаи нақши Ҷулйетта дар саҳнаи тоҷик София Тӯйбоева лозим омад, ки ба ҳунарпешаи ҷавон ҳам қоида ва қонунҳои маҳорати нақшофарӣ ва ҳам ҷиҳатҳои душвори нақши мураккабро ёд диҳад. Машқҳо баъзан 9-10 соат давом мекарданд. Хайрӣ дар иҷрои баъзе лаҳзаҳои нақш ва монологу диалогҳои маҳрамона шарм карда, оби чашмонаш мерехт.
Ҳамон сол ҳайати эҷодӣ як моҳ ба дамгирӣ рафт, аммо Мителман бо Хайрӣ Назарова ва Алиназар Хоҷаев корро идома доданд. 20-уми феврали соли 1953 нахустнамоиши спектакли куҳна бо Ҷулйеттаи нав барпо гашт. Он бегоҳ на танҳо барои Назарова ва коргардон Мителман, балки барои тамоми кормандони Театр ид буд. Тамошобинон хеле хуб ин намоишро қабул карданд. Махсусан, бозии ҳунарпешаи ҷавон Х. Назароваро, чун ки бозии ин кас хеле пуртаъсир ва самимӣ буд. Дар ҳақиқат, Театри Лоҳутӣ ва саҳнаи он барои Х. Назарова мактаби бузурги эҷодӣ гардид. Ӯ аз коргардон ва ҳунарпешаҳои пуртаҷриба тарзи аз худ намудани моҳияти асосии нақш, эҳсос намудани ҷони нақшро, ки ба андешаи Константин Сергеевич Станиславский «ҳамчун оҳанги асосӣ дар тамоми вазъиятҳои образ ҳамроҳ аст» ёд гирифт. Бо кадом роҳ ба сӯи образ ҳаракат карданро нағз аз худ намуд.
Хишти нахустини бинои эҷодии Х. Назароваро устоди асосиаш Е.И. Мителман ҳангоми таҳияи намоишҳои «Ромео ва Ҷулйетта», «Номус», «Афсонаи ишқ», «Шоҳ Лир» дуруст ва мустаҳкам гузошт.
Соли 1957 Даҳаи адабиёт ва санъати Тоҷикистон дар Москва бомуваффақият гузашт ва Х. Назарова нақши Корделияро дар намоиши «Шоҳ Лир» хеле хуб бозӣ кард. Рӯзи муҳокимаи намоиши «Шоҳ Лир» яке аз театршиносони машҳури рус чунин гуфт: «Артистка Х. Назарова табиати тозаи Корделия, муносибати самимонаи ӯро нисбат ба падараш Лир хеле хуб ифшо намудааст». Соли 1963 Назарова роли Дездемонаро аз асари дигари Шекспир «Отелло» хуб меофарад.
Х. Назарова дар саҳна тули қариб чил сол қисмати занони тоҷик, ӯзбек, қазоқ, қирғиз, озар, арман ва ҳиндро инъикос намуд. Онҳо дар маҳал ва замонҳои гуногун ҳаёт ба сар бурдаанд, вале ҳамаашон дар азму талоши ҳуқуқ ва бахти хеш, шараф ва номус болу пар мезаданд, адолат ва ҳақиқатро орзу мекарданд.
Аз рӯзи дар саҳнаи тоҷик пайдо шудани ҳунарпеша дар барномаи Театр асарҳои хуби миллӣ пайдо шуданд, ки дар онҳо симои духтарони тоҷик дар маркази диққат буд. Канизи дарбор Нигина аз драмаи Сотим Улуғзода «Рӯдакӣ», Манижа аз «Бежан ва Манижа»-и Ҳамза Хушкинобӣ, Назокат аз «Ситора»-и Ҷалол Икромӣ, Фотима аз «Дохунда»-и Ҷалол Икромӣ, Қумрӣ аз «Дил – дили Зайнаб» ва Лутфӣ аз «Ҷарима 30 тин»-и Шамсӣ Қиёмов, Ҷамила аз «Бой ва хизматгор»-и Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Адолат аз «Имтиҳон»-и Файзулло Ансорӣ, «Антигона»-и Жан Ануй, Соттӣ аз «Исёни арӯсон»-и Саид Аҳмад ва бисёр дигар нақшҳо муваффақиятҳои калони эҷодии Х. Назарова буданд.
Ҳунарпеша соли 1964 барои хизматҳои шоёнаш сазовори унвони баланди Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон гардид. Он кас тамоми умр ба гуфти арбоби бузурги театр К.С. Станислаский, «санъатро дар худ дӯст дошт, на худро дар санъат». Маҳз барои ҳамин Хайрӣ Назарова мегуфт, ки театр ҳаёти ман аст. Ӯ ба ин ҳақ ҳам дошт, зеро ҳаёт ба ӯ барои ҳамин мақсад дода шуда буд.
Тамара АБДУШУКУРОВА, профессор
Санаи нашр: 07.08.2024 №: 150
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)