ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МУҲАММАДНУРӢ УСМОНОВ. АЗ ҲАМКОРӢ БО БОБОҶОН ¬ҒАФУРОВ ТО ЧОПИ “ШОҲНОМА” ДАР МОСКВА

МУҲАММАДНУРӢ УСМОНОВ. АЗ ҲАМКОРӢ БО БОБОҶОН ¬ҒАФУРОВ ТО ЧОПИ “ШОҲНОМА” ДАР МОСКВА

07 август 2024, Чоршанбе
19
0
 
Муҳаммаднурӣ Усмонови доғистониро дар доираҳои илмиву адабии мо бештар бо насаби пешини ӯ - Османов мешиносанд. Мавсуф аз номвартарин пажӯҳишгарони “Шоҳнома”-и ҳаким Фирдавсӣ ва тарҷумони Қуръони карим бо забони русист, ки бо теъдоди зиёд дар Россия ва кишварҳои ИДМ борҳо чоп шудааст. Аз шогирдон ва ҳамкорони академик Бобоҷон Ғафуров буд. Соли 2010 бо пешниҳоди АМИТ ва дастгирии Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тарғиб, омӯзиш, муаррифии фарҳангу адаби Тоҷикистон, таҳкими робитаҳои судманди кишвари мо бо Россия Муҳаммаднурӣ Усмонов аъзои хориҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон интихоб гардид.
 
РАВЗАНАИ ОШНОӢ
Пажӯҳишгаре, ки бо ному насаби Магомед-Нури Османович Османов шуҳрат дорад, 6-уми феврали соли 1924 дар шаҳри Махачқалъаи Доғистон ба дунё омада, 8-уми августи соли 2015 дар 91-солагӣ дар меҳанаш чашм аз ҷаҳон пӯшид.
Соли 1940 вақти мактабхонӣ дар озмуни риёзидонӣ дар шаҳр ҷои аввалро ишғол карда бошад ҳам, аммо оянда ҳаёташро бо сухан пайваст. Баъди хатми мактаб се сол дар авулҳои Доғистон омӯзгорӣ кард.
Падараш ходими давлатӣ ва бародараш  Муҳаммадзоҳир Османов мардумшинос буд. Соли 1950 факултети филологияи Эрони Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносовро хатм кард.
Аз соли 1954 то соли 1972 ходими илмии Институти шарқшиносии Академияи фанҳои СССР буд. Аз соли 1972 мудири сектори пажӯҳишгоҳи мазкур гардид. Дар соли 1971 унвони доктори илмҳои филологияро гирифт. 
Муҳаммаднурӣ Усмоновро ҳанӯз соли 1984 узви вобастаи Пажӯҳишгоҳи шоҳии афкори исломии Урдун интихоб карда буданд.
Дар ватанаш Доғистон низ муассис ва пайванди чандин омӯзишгоҳу пажӯҳишгоҳҳо буд. Аз ҷумла, сарходими илмии шуъбаи шарқшиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Маркази илмии Доғистони Академияи илмҳои Россия, директори Институти исломшиносии Донишгоҳи давлатии Доғистон будааст.
Тарҷума ва тафсири Қуръон ба забони русӣ ба Усмонов шуҳрати зиёд овард. Нахуст, соли 1995 тарҷума кард ва баъдтар бо тафсир онро соли 1999 чоп кард. Соли 2002 Ҷоизаи давлатии Федератсияи Россияро дар соҳаи илм ва техника маҳз барои китоби «Коран: академический перевод и комментарий» баранда гардид. Арбоби шоистаи илми Россия дар соли 2003 эътироф шуд. 
 
ХИДМАТ БА АДАБУ ФАРҲАНГИ ФОРСӢ
Усмонов соли 1954 бо роҳнамоии ховаршиноси маъруф Е.Э. Бертелс дар мавзуи «Мақоми «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар таърихи адабиёти форсу тоҷик дар асрҳои IX-X» рисолаи номзадӣ ҳимоя кард. Фишурдаи рисолаи мазкур соли 1955 дар се шумораи моҳномаи «Шарқи сурх» (№ 10-12) ба нашр расид ва матни комили он соли 1959 бо унвони «Фирдавсӣ: ҳаёт ва эҷодиёт» дар “Нашриёти адабиёти Шарқ”-и Москва бо таҳрири И.С. Брагинский дар шакли китоби алоҳида чоп шуд. 
– Усмонов дар таҳияи матни илмию интиқодӣ ва тарҷумаву тарғиби «Шоҳнома» саргарм гашта, таҳти таъсири ғояҳои академик Д.С. Лихачёв назарияи матншиносии Шарқро такмил дод. Ӯ дар солҳои ҳафтодуми асри ХХ дар ҳамкорӣ бо донишмандону шарқшиносони маъруф Е.Э. Бертелс ва Р. Алиев матни илмию интиқодии «Шоҳнома»-ро дар нуҳ ҷилд ба хатти арабиасоси форсӣ барои чоп омода намуд ва дар Москва бо сифати баланд ба табъ расид. Ёдовар бояд шавем, ки ба дӯши Усмонов таҳияи ҷилдҳои 6 ва 7 вогузор шуда буд. Матни илмию интиқодии мазкур аз ҷониби шарқшиносони номвари рус баҳои баланд гирифт. Илова бар ин, ранҷҳои пажӯҳишии Усмоновро эрониён низ эътироф ва таҳияи матни интиқодии «Шоҳнома»-ро (Теҳрон, 1971, 1973) ба ӯ бовар карданд. Ба ҷуз ин,  соли 1959 таҳти назари ӯ «Рустам ва Суҳроб» чоп шуд. Дар маҷмуъ, барои тарғибу ошноии «Шоҳнома» ба Қафқозу Россия хидмати шоиста намуд, – навишта буд адабиётшинос Валӣ Самад.
Тарҷумаи таҳтуллафзии бисёр асарҳои манзум ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Аз ҷумла тарҷумаи русии «Синдбоднома», «Бахтиёрнома», «Марзбоннома», осори баргузидаи Аҳмади Дониш.
Матни интиқодии «Шоҳнома», ки дар Москва мунташир шуд, 60 ҳазор байт дорад. Дар ин матн абёте дучор мешаванд, ки дар қадимтарин нусхаҳо ба назар намеоянд. Усмонов ду таҳрирро ташхис додааст. Яке чопи Лондон, ки дар Теҳрон низ чоп шудааст ва дигаре чопи Истанбул.
 
САФАРИ ОХИРИН БА ТОҶИКИСТОН
Чӣ тавре ёдовар шудем, Муҳаммаднурӣ Усмонов бо тоҷикону Тоҷикистон робитаи ҳамешагӣ дошт. Фаъолияти чандинсолаи илмии ӯ дар Институти шарқшиносии АФ ИҶШС таҳти роҳбарии Бобоҷон Ғафуров гузашт. 
– Бобоҷон Ғафуров шахси қудратманде буд. Марди шуҷоъ ва хайрхоҳе ҳам буд. Дар ҷаласоте, ки бо мудирон дошт, мудом таъкид мекард: «Бо афрод бо хайрхоҳӣ бархӯрд кунед!” – ба ёд меорад Муҳаммаднурӣ Усмонов.
Борҳо ба Тоҷикистон омадааст. Сафари охирини ӯ соли 2008 сурат гирифт. Он сол дар Тоҷикистон 1150-солагии устод Рӯдакӣ бо тантана ҷашн гирифта шуд ва Усмонов дар радифи меҳмонони ифтихорӣ ҳузур дошт. 
– Банда борҳо ба Душанбе – шаҳри шеъру шоирӣ сафар кардаам. Душанбе бароям ҳамчун Махачқалъа азиз аст. Аввалин сафарам соли 1952 иттифоқ афтода буд, баъдан дар таҷлили 1100-солагии устод Рӯдакӣ ширкат доштам. Пас аз он ки Тоҷикистон истиқлол ёфт, соли 1994 дар бузургдошти ҳазораи «Шоҳнома» суханронӣ доштам. Ва, инак, боз дар ҷашни Рӯдакӣ ҳузур ёфтам, – мегӯяд қаҳрамони мо дар як мусоҳибааш бо рӯзноманигори тоҷик А. Солеҳиён дар рӯзномаи “Ҷумурият” (2008).
Дар ҳамин суҳбат бо хушбинӣ ба ояндаи Тоҷикистон изҳор медорад: “Мардуми тоҷик оқил, шуҷоъ, донишдӯст, меҳрубон ва меҳмоннавозанд.   Тоҷикистон ояндаи бузург дорад. Раиси ҷумҳуриатон Эмомалӣ Раҳмон як шахсияти фаъол ва фарҳангпарвар аст”.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 07.08.2024 №: 150
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив