Бартарафсозии пайомадҳои харобиовари сел дар деҳаи Зугванди ноҳияи Ишкошим
Дар натиҷаи якбора гарм шудани ҳаво, обшавии босуръати пиряхҳо ва баландшавии оби рӯд ба деҳаи Зугванди ноҳияи Ишкошим сел омад. Дар натиҷа даҳҳо хонаи истиқоматӣ, зиёда аз 4 километр роҳи дорои аҳамияти байналмилалӣ, боғоту замини кишоварзӣ ва дигар инфрасохтори деҳа хароб гардиданд.
Тавре хабарнигори «Ҷумҳурият” дар ВМКБ Раҳмони Гулзор иттилоъ медиҳад, аз рӯзи сар задани офати табиӣ вазъияти баамаломада таҳти таваҷҷуҳи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Худи ҳамон рӯз ситоди вилоятӣ таъсис ёфта, корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ бо ҷалби техникаю механизмҳои роҳнигоҳдорӣ ва расондани кумак ба оилаҳои зарардида оғоз шуданд. Сокинони деҳа бо хӯроки гарм ва шароити хуби зиндагонӣ таъмин гаштанд.
Аксарияти хизматрасониҳои Кумитаи андоз электронӣ шуданд
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Кумитаи ҳамоҳангсозии Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз дар мавзуи «Дастовардҳои Лоиҳаи “Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз дар нимсолаи якуми соли 2024»» баргузор гардид.
Тавре аз Кумитаи мазкур ба мо иттилоъ доданд, дар ҷаласа аъзои ҳайати Кумитаи ҳамоҳангсозӣ, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ иштирок намуданд. Таъкид шуд, ки Лоиҳаи “Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз” ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои мушаххас, аз ҷумла беҳтар кардани сифат ва содагардонии низоми андоз, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо ба андозсупорандагон ва таъмин намудани риояи қонунгузории соҳаи андоз равона шудааст.
Натиҷаи арзёбии сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва навзодон
Бо мақсади муҳокима намудани натиҷаи арзёбии сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва навзодон дар таваллудхонаҳо дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мизи мудаввар доир гашт.
Ба мо аз Вазорати мазкур иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа барои расондани кумаки техникӣ ба роҳбарияти намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ – ЮНИСЕФ миннатдорӣ баён карда шуд. Зикр гардид, ки ЮНИСЕФ дар якҷоягӣ бо Вазорат оид ба масъалаҳои солимии модарон ва кӯдакон ҳамкориҳои зич ба роҳ мондааст. Баъдан, тибқи рӯзнома як қатор мутахассисон оид ба натиҷаи арзёбии сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва навзодон маълумот пешниҳод намуданд.
Дарёфти механизми баҳогузории объектҳои моликияти зеҳнӣ
7-уми август дар Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии директори муассиса Мирзо Исмоилзода бо директори Институти ҷумҳуриявии илмӣ-таҳқиқотии моликияти зеҳнии Федератсияи Россия Владимир Лопатин баргузор гардид.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо иҷрои бандҳои созишнома оид ба ҳамкории дуҷониба байни Маркази миллии патенту иттилоот ва Институти ҷумҳуриявии илмӣ-таҳқиқотии моликияти зеҳнии Федератсияи Россияро мавриди баррасӣ қарор дода, нисбат ба иҷрои он андешидани тадбирҳои судмандро ба нақша гирифтанд. Аз ҷумла, дарёфти механизми баҳогузории объектҳои моликияти зеҳнӣ, омода намудани мутахассисони нархгузорӣ, масъалаҳои ба гарав мондани натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ ва дигар чорабиниҳо муҳокима шуданд.
Ҷаласаи ситод оид ба рафти иҷрои стратегияҳо ва барномаҳо дар
Вазорати маориф ва илм
6-уми август дар Вазорати маориф ва илм ҷаласаи ситод оид ба рафти иҷрои стратегияҳо ва барномаҳо дар Вазорати маориф ва илм дар соли ҷорӣ баргузор шуд.
Тавре ба мо аз Вазорат иттилоъ доданд, дар ҷаласа ҳисобот оид ба рафти иҷрои Стратегияи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф барои солҳои 2021-2023 ва рафти иҷрои Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 шунида шуд. Дар ҷаласа, ҳамзамон, масъалаҳои беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, таваҷҷуҳи бештар ба фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ, боло бурдани неруи зеҳнии хонандагон, мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо Муассисаи фарҳангии СҲИ
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ зимни мулоқоти директори Осорхона Зафаршо Иброҳимзода бо роҳбари Муассисаи фарҳангии СҲИ Саад Хон баррасӣ гардид.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба ташкили машғулияти илмӣ-омӯзишӣ, баргузории намоишҳои гуногуни байналмилалӣ ва вохӯрии роҳбарони осорхонаҳои миллии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар фурсати барояшон муносиб изҳори назар намуданд. Ҳамзамон, Саад Хон аз фурсати муносиб истифода бурда, толорҳои намоишии Осорхонаи миллиро тамошо намуду, бо таъриху фарҳанги қадимии халқи тоҷик шинос гардид.