ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХИРМАНИ МОҲ

ХИРМАНИ МОҲ

08 август 2024, Панҷшанбе
9
0


Моҳ хирман гирифта. Худ ҳамин як ибора касро ба андеша мекашад, як оҳанги бисёр шинос ва шеворо дар хаёлҳо бедор мекунад.
Дар ҳавои ин оҳанг мо манзараи хирманкӯбонро ба ёд меорем.
Хирманкӯб говрона ба даст хирман мекӯбад. Ва дар танҳоӣ, дар дили шаб суруд мехонад, тарона тараннум мекунад. Дар суруд умед, орзу, машаққати кори марди шабзиндадор эҳсос мешавад. 
Говҳо ҳам дар ҳавои суруди ӯ якмаром гирд мегарданд. Баробари онҳо Маҳу ахтарон ҳам гирд мегарданд. Ва нолаи хирманкӯбу коҳи тиллоранг ранги Моҳро мегирад.
Хирмани шаб падид меояд ва ба хирмани андеша бармехӯрад:
Чун иқди Парвин ҳосил тавон кард,
Гар хӯша чинӣ аз хирмани шаб.

Аҷаб он ки шаби танҳоӣ бо коре, бо заҳмате хирмани андешаро гардон кардан ва акси онро дар само ёфтан, дидан бисёр хуш ва ҳайратовар аст.
Умуман, меҳнат, кор ва заҳмат  касро ба андеша кардан, ба офаридан ва сохтан ҳидоят мекунад.
Дар кору меҳнат инсон худро шинохта, зебоӣ офарида, санъати баланди таронагӯиро ифшо сохта.
Ба ёд меояд, зарбаҳои говрона, гирд гаштани ҳайвонҳои безабон, баробари онҳо хирманкӯб гирд гаштанаш.
Шаб, Моҳ, ситорагон. Дилаш аз танҳоӣ менолад, ба фарёд меояд. Хирманкӯбро ёре мебояд. Аммо ку, дар куҷост он. Ӯро ҳамроҳӣ мекунанд говрона, говҳо, хирман.
Хирман оҳиста-оҳиста бо як маром гирд гаштан майда мешавад, гандум ҷудо мекунад.
Шаби торикро бояд бо садо, бо ово, бо суруд нур бахшид, мунаввар сохт.
Беҳтарин кор гуфтугӯ бо худ, эҷод, сурудхонӣ, таронасароӣ.
Худ садо бо кас ҳамроҳ мешавад. Хоҳ фалакӣ мехонад, хоҳ рубоихонӣ мекунад, хоҳ ҳолати кори хешро дар суруд тасвир мекунад, дар ҳама ҳолат гӯё дашту даманро ё  кӯҳу пуштаро  пур меёбад,  лабрез аз савту наво мебинад.
Аз чунин меҳнат инсон месабзад, истеъдод мерӯяд, суруду таронаҳои маросимӣ ба миён меоянд.
Меҳнат ба инсон шукӯҳ мебахшад, қобилияти андешарониашро бештару бештар менамояд.
Он соне, ки Арасту мегӯяд: «Қимати одамӣ дар фаъолияти бошууронаи ӯст».
Ва ё Муҳаммад Иқбол наку гуфта:
Мумкиноти қувваи мардони кор
Гардад аз мушкилписандӣ ошкор.
        
Кор, заҳмат инсонро пухта, эҷодкор, ҳунарманд мекард.
Диди нозуку завқи баланд оҳиста-оҳиста рушду нумӯ мекунад.
Оҳанги кор ба оҳанги дил ҷӯр мешавад ва суруд тавлид меёбад, тарона пари парвоз мекушояд.
«Қобилияти корӣ – гавҳари ноби одамист» – мегӯяд донишманди соҳибхирад Эзоп.
Ана ҳамин гавҳар дар меҳнат, кор зоҳир мешавад, ба даст меояд…
Хирмани Моҳ…
Акнун мо он хирманкӯбиҳоро дар хирмани моҳ мебинем ва чун афсона дар бораи онҳо сухан мегӯем. Барои баъзеҳо ин суханон аҷиб менамоянд.Вале моро хуш аст, ки он хирманкӯбию даравгариро дар суруду таронаҳои маросимӣ зинда мебинем, равшан меёбем.
Худ як калимаи хирман ба назари мо он лаҳзаи бисёр хотирмонро бедор мекунад, ба завқ меоварад.
Фасли тобистон аз чи бошад, моро ба савту навои он айём, он замон мебарад.
Аз заҳмати хирман нони гандумӣ пеши рӯ меояд, бӯи нон моро маст мекунад, ба сурудан мекашад. Меҳнат, музд, нон, тани солим, ганҷи даст.
Волтер гуфта буд: «Меҳнат моро аз се балои азим наҷот медиҳад: аз андуҳ, коҳилӣ ва бенавоӣ».
Аз он ки мегӯянд, рӯсурхии инсон дар меҳнат аст, ҳамин аст.
Инсон дар бораи кору заҳмати хеш бисёр суханҳо гуфта, суруду таронаҳо офарида.
Худ даравгарӣ, ки маҳсули ҳамагон аст, заҳмати якҷоя аст, он қадар суруду тарона ба бор оварда, ки наметавон ҳисоб кард…
Ман гандуми худрӯя дарав мекардум,
Аз рафтани худ ёра хавар мекардум,
Аз рафтани ман ёр хавардор нашуд,
Сангои хунука дар ҷигар мекардум.
        
Заҳмат, меҳнат, кор, ишқро бедор мекард. Моро водор менамуд, ки «ишқ ба ёру даст ба кор»-ро шиори худ кунем.
Дарди меҳнати вазнин бар дӯши ишқ афтод, зуд даво меёфт ва касро ба корҳои ҳайратовар рӯ ба рӯ менамуд:
Сабзинанигор, ёри қаринат бошам,
Ту гандуми сабзу ман заминат бошам,
Дар гандуми сабз даравгарон бисёранд,
Ман марди фақири хӯшачинат бошам.
        
 Шахсони ошиқ ҳам аз дилу ҷон кор мекунанд ва ҳам он лаҳзаҳои бисёр ширини умрро хӯшачинӣ менамоянду месароянд ва нақши амиқ мегузоранд.
Ишқи ёр ба кор таъсир мекунад, корро ҳам дӯст дошта иҷро кардан баракаташ даҳчанд аст.
Чӣ соне ки мегӯянд: «Ҳар як корро барои хуб иҷро кардан дӯст бояд дошт».
Мумкин гӯед, ки он чизҳо, он суханҳое, ки мегӯед, кайҳо аз байн рафта, ҳоло замони техника.
Дуруст, замони техника, илм. Оё ҳамин замон ҳам бемеҳнат моро сер мекунад, суруду тарона ишқ мебахшад?!
Ба ин андеша ҷавоб гуфтан мушкил.
Аммо ҳамин чизро бояд бигӯем, ки деҳот, кӯҳистон ҳоло ҳам чунин табиӣ, беғаш ҳамин корҳоро оҳиста-оҳиста ба асли худ бармегардонад.
Худ бо замин сару кор гирифтан, заминро дӯст доштан, онро бо меҳнати хеш розӣ намудан барои инсони соҳибдил ҳам фарз асту ҳам суннат.
Нависандаи бузурги рус Лев Толстой, ки бештар заминро дӯст медошту кори деҳқониро аз ҳама боло медонист, гуфта буд: «Худро аз меҳнат дур кашидан ҷиноят аст…».
Замин... Замини кишварро обод намудан, аз он ризқу рӯзӣ ёфтан, заҳмату меҳнат кардан, онро гулрезу гулбез ва сабзу хуррам намудан, сабзавоту меваҷот ва боғзор кардан ҳама ишқро, меҳрро, худогоҳию худшиносиро талаб мекунад…
Дар зиндагӣ бояд чун обу Хуршед манфиатбахшу манфиатовар шуд.
Хӯшачини сухан суханварро ба мурод расонад, хӯшачини хирман ризқу рӯзиро зиёд кунад, баракат бахшад.
Дар сари дастгоҳҳо, дар сари чанбаракҳои мошинҳо сурудгӯён, таронахон кор кардан меҳрро афзун кунад, зебоиро ба кор боз зеботар намояд, ишқро фурӯзон созад.
Худ дар сари дастгоҳҳои бофандагӣ кор карда суруд хондани Ҳофизи халқии Тоҷикистон Нигина Рауфова  ва  ҳангоми заминро бо трактор ҷуфт карда тарона замзама кардани сарояндаи хушлаҳн Барот Яхшиев ва чанди дигарон гувоҳ бар он аст, ки кор, меҳнат, заҳмат ва ишқ онҳоро ба дунёи ҳунар оварда. Меҳри замин онҳоро пару бол бахшида.
Котибони қисмату тақдир аз фикри расо,
Хирмани мулки суханро хӯшачинам
кардаанд.

Хирмани Моҳ… Хирмани шаб, моро ба хирмани фикр овард.
Олам дар назари мо гардон шуду ёди он суруду таронаҳои маросимиро хӯшачинӣ намудем. Ва диламон гум зад,  ба он санъати софу табиӣ ва заминӣ.
Меҳнат, ишқ чу ду тори зиндагӣ моро бо худ ҷӯр намуд…
Овое ба гӯши мо наво зад: «Беҳтарин пешаи инсонӣ кишоварзист».

Шаҳобиддин ҲАҚНАЗАРОВ

Санаи нашр: 08.08.2024 №: 151
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив