ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БА ОЗМУНИ “ДУОИ МОДАР”

БА ОЗМУНИ “ДУОИ МОДАР”

08 август 2024, Панҷшанбе
12
0


ЛАВҲА
МОДАР – ГУЛИ ҚОҚУ
           
Боре модар ба дасти мани тифл гуле дод. Пурсидам:
– Ин чӣ гулест?
– Гули қоқу, –  ҷавоб дод ӯ.
– Гули қоқу, чӣ қадар зебост, – бо хушҳолӣ ва таҳайюр нидо кардам ба модар.
Ӯ маро ба оғӯш гирифт ва гуфт:
– Ҳар кӣ гули қоқуро дар аввали баҳор ба даст гирифт, то охири умр зиндагиаш ба баҳор монанд мегардад ва рӯйи хазонро намебинад.
Ман аз он замон ба ин гуфтаҳои модари меҳрпарварам бовар дорам. Ҳар гоҳе ин гулро бубинам эҳсоси ширини кӯдакиам дубора рӯ мезанад.  Кӯдаквор шодӣ мекунаму онро рӯйи даст мегирам. Ва аз ранги заррини дилангезу накҳати хушаш фараҳманд мегардам. 
Пешгӯии модар амалӣ шуд. Андешаву хаёлам маро ба умқи айёми тифлӣ мебаранд ва фақат ва фақат гули қоқуро мебинам. Аз худ суол мекунам: «Чаро гули қоқу, магар дигар ёду хотираи хуше надорӣ?» Сукут мекунам чанде ва садои модар аз он мераҳонадам: «Гули қоқу ба зиндагиат баҳор меорад, баҳор!» Сипас, мегӯям: «Оҳ модар, модарҷон, дар ҳамин асно ҳам мададгорам туӣ модари фариштаам».
Чун дар дил айёми зебоипарастии тифлӣ, эҳсосҳои наҷибу назокаташро гум накардаам, зиндагиам баҳори ҳамешасабзро мемонад. Гуфтаҳои модар ба мисли дуо буданд, бароям. Ҳар замоне ки гирифтори мушкилие мегардам, ёди гули қоқуи модар мекунам. Гули қоқу маро наҷот медиҳад. Дар хаёлам боз  мебинам, ки модар бо дастони сап-сафеди нозукаш ба сӯйи ман гули қоқуро дароз менамояд.  
Бовар нокарданист, вале ман ҳар гоҳе ки ба ин гул менигарам, рӯйи модарамро мебинам. Қоқу мисли рӯйи модар гирд, беғубор, дилкаш аст. Он Офтобро монад, ҳамчун рухсораҳои модар гарм аст. 
Акнун, ки меандешам, дар он айём ман аз модар беҳтарин туҳфа гирифта будаам. Имрӯз ин армуғон маро неруву тавон, руҳ мебахшад, ҳомиву пуштибонам аст. Ман аз кӯдакӣ ин армуғони модарро дар умқи дилу руҳам ҷо кардаам ва эътимод дорам ба неруи созанда ва наҷотбахшандаи ин гули қоқуи Модар.
Боз фасли баҳор фаро мерасад, боз гули қоқу бар дараю баландии кӯҳҳо, сари ёлаҳо мерӯяд. Боз шиддати шодии ман меафзояд. Хотираҳои бачагии маро дар тафаккурам амиқ месозад. Ва боз модарам дар симои як гули қоқу аз замин дубора мерӯяду ба ман салом мегӯяд. Ба ман паёме аз гузашта, аз модари азизам меорад. Ман боз онро ба оғӯш мегирам, мебӯям… Ва барояш дарди дил мекунаму розҳои зиндагиамро ифшо месозам.  
– Биё, гули қоқу, азизи ман, нишоне аз модару гузаштаи нозанини ман. Биёву дунёи кӯчаки маро бо з бо хотираҳои нав, бо нишоти тоза муаттар соз, – мегӯям. 
Дар хаёлоти ман тамоми гулу сунбули олам назди гули қоқуи Модар сархаманду пешаш таъзим мекунанд. Шумо ҳам ба сайри гули қоқуи ман ташриф фармоед. Ин ҷо шодӣ тантана ва булбул нағмасароӣ дорад. Олами ҳайвонот, парандагон низ, чун одамон сурур доранд. 
Гули қоқуи Модар, наҷоти зиндагиву армони ман. Гули қоқу – гули  Модар бирӯю бирӯй, бимон то абад нишоне аз модари фариштахӯям.

Шоистаи РАВШАН, 
шаҳри Бишкек, Ҷумҳурии Қирғизистон

Санаи нашр: 08.08.2024 №: 151
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив