ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲУҚУҚ. МОҲИЯТИ АСОСӢ АДОЛАТУ ИНСОФ АСТ

ҲУҚУҚ. МОҲИЯТИ АСОСӢ АДОЛАТУ ИНСОФ АСТ

09 август 2024, Ҷумъа
24
0


Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шоҳроҳи тараққиёт қадамҳои устувор гузошта, ҳоло ба марҳалаи нави рушд ворид мешавад. Табиист, ки мизони рушду тараққиёт муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, аз ҷумла ҳуқуқиро, тақозо менамояд. Аз ин ҷост, ки тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ҳамеша яке аз самтҳои муҳими сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, асоси бунёди ҷомеаи шаҳрвандиро ташкил медиҳад, ки он аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад.
Таҷрибаи зиндагӣ нишон медиҳад, ки ташаккули давлати ҳуқуқбунёд бе инкишофи тарбия ва фарҳанги ҳуқуқӣ ғайриимкон аст, зеро ҳуқуқ дар давлати ҳуқуқбунёд ҷавҳари ҳама гуна муносибатҳои ҷамъиятӣ буда, волоияти қонун ва низоми муайяни ҳуқуқиро таъмин менамояд. Ҳуқуқ падидаи мураккаби ҳаёти ҷомеа буда, паҳлуҳои гуногун, шаклҳои мухталифи ифода, амал ва ҳастӣ дорад. Албатта, мо дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ бо мафҳуми “ҳуқуқ” ҳарчи бештар ошно мегардем, ки ин бесабаб нест. Ҷомеа ва мардум ҳамеша кӯшиш менамояд, ки ҳуқуқро бо мафҳумҳои ҳақиқату инсоф алоқаманд намоянд. Моҳияти ҳуқуқ низ маҳз дар ҳамин ифода меёбад.
Бояд тазаккур дод, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз вазифаҳои муҳимтарини кишварҳое маҳсуб меёбад, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеш гирифтаанд. Дар моддаи якуми Конститутсия хусусиятҳои соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст. Арзишҳои номбурда собит месозанд, ки давлат дар пояи қонун ва ҳуқуқ бунёд ёфта, рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуруъ аз солҳои 90-уми асри гузашта масоили баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони мамлакатро хеле  муҳим ва мубрам арзёбӣ  намуданд.  Дар ин замина фармони  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-уми апрели соли 1997 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷyмҳypии Тоҷикистон» ба имзо расид, ки таъмини волоияти қонун, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирии қонунвайронкуниҳо дар меҳвари он қарор дошт. Гузашта аз ин, як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ин самт қабул шуданд, ки мақсади асосии онҳо аз риояи Конститутсия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини дастрасии тарзу усулҳои қонунии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тарғиби арзишҳои демократӣ, дарк намудани ягонагии ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, таъмини иштироки фаъоли аҳолӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он иборат мебошад.
Ҳоло интизор меравад, ки дар Соли маърифати ҳуқуқӣ ҷомеаи кишвар бо такмили донишҳои ҳуқуқиву сиёсӣ ба дастовардҳои бештаре дар ин самт мушарраф мешаванд ва дар рушду тараққиёти бардавоми сарзамини хеш саҳми шоиста мегузоранд.

Фариддун СУЛАЙМОНЗОДА,
судяи суди ноҳияи Фирдавсӣ

Санаи нашр: 09.08.2024 №: 152
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив