ҶУМҲУРИЯТ » ҲУҶҶАТҲО » ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ ПАСАНДОЗҲОИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ»

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ ПАСАНДОЗҲОИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ»

28 март 2023, Сешанбе
150
0


Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» аз 2 августи соли 2011 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №7-8, мод. 612; с. 2015, №11, мод. 973; c. 2018, №7-8, мод. 534; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 2022, №1943) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд: 
1. Номи Қонун дар таҳрири зерин ифода карда шавад: 
«ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ АМОНАТУ ПАСАНДОЗҲО».
2. Дар матни Қонун калимаҳои «пасандозҳои шахсони воқеӣ», «Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеиро», «Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ», «ХАЗИНАИ СУҒУРТАИ ПАСАНДОЗҲОИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ», «пасандозҳои шахсони воқеии», «пасандозҳои шахсони воқеиро», «пасандозҳои зерини шахсони воқеӣ», «пасандоз», «пасандозҳо», «ПАСАНДОЗҲО», «пасандозҳои», «пасандози», «пасандозӣ», «пасандозҳое», «ӯҳдадории», «ӯҳдадориҳо», «ӯҳдадориҳои», «Ӯҳдадориҳои», «ӯҳдадор», «мӯҳри», «Мӯҳлати», «мӯҳлати», «мӯҳлат», «мӯҳлатро», «мӯҳлате» ва «вуқӯъ» мувофиқан ба калимаҳои «амонату пасандозҳо», «Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистонро», «Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон», «ХАЗИНАИ СУҒУРТАИ АМОНАТУ ПАСАНДОЗҲОИ ТОҶИКИСТОН», «амонату пасандозҳои», «амонату пасандозҳоро», «амонату пасандозҳои зерин», «амонату пасандоз», «амонату пасандозҳо», «АМОНАТУ ПАСАНДОЗҲО», «амонату пасандозҳои», «амонату пасандози», «амонату пасандозӣ», «амонату пасандозҳое», «уҳдадории», «уҳдадориҳо», «уҳдадориҳои», «Уҳдадориҳои», «уҳдадор», «муҳри», «Муҳлати», «муҳлати», «муҳлат», «муҳлатро», «муҳлате» ва «вуқуъ» иваз карда шаванд. 
3. Дар моддаи 1:
- сархатҳои шашум ва ҳаштум дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«- пасандоздор – шахси воқеӣ, аз ҷумла соҳибкори инфиродӣ, инчунин шахсони ҳуқуқии субъекти соҳибкории хурд ва ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми содакардашудаи баҳисобгириро истифода мекунанд ва бо ташкилоти қарзӣ шартномаи пасандози бонкӣ ё шартномаи суратҳисоби бонкӣ бастаанд;
- пасандозҳои суғурташуда – маблағи суратҳисобҳои амонату пасандозҳое, ки тибқи Қонуни мазкур объекти ҳатмии суғурта мебошанд;»;
- дар сархати ёздаҳум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шуда, сархатҳои дувоздаҳум, сездаҳум ва чордаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- амонат – маблағ ва сарватҳои дигари шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба ташкилоти қарзӣ барои нигоҳдорӣ супорида шудаанд; 
- низоми суғуртаи амонату пасандозҳо – ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон, ки аз ҷониби Хазина барои пардохти ҷубронпулии суғурта ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ дар ташкилоти қарзӣ равона шудааст;
- бонк-агент – ташкилоти қарзӣ, ки тавассути он Хазина ҷубронпулии суғуртаро ба пасандоздорон мувофиқи Қонуни мазкур пардохт мекунад.».
4. Дар моддаи 4: 
- қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Хазина шахси ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ ва дорои тавозуни мустақилу муҳр буда, дар асоси оинномаи худ, ки муассисони Хазина тасдиқ кардаанд, фаъолият мекунад.»;
- қисми 7 бо мазмуни зерин илова карда шавад: 
«7. Хазина дар асоси Қонуни мазкур суғуртаи маблағҳои суратҳисобҳои амонату пасандозиро бе бастани шартнома бо ташкилотҳои қарзӣ амалӣ менамояд.».
5. Ба моддаи 5 сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- таъмини фаъолияти низоми суғуртаи амонату пасандозҳо ва мусоидат ба устувории низоми молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;».
6. Моддаи 7 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 7. Маблағҳои Хазина
1. Маблағҳои Хазина аз манбаъҳои зерин ташаккул меёбанд:
- пардохтҳои ташкилотҳои қарзии аъзои Хазина;
- даромад аз сармоягузорӣ;
- маблағи қарзи гирифташуда, аз ҷумла маблағҳое, ки аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарз гирифта мешаванд;
- маблағи аз рӯйи иҷрои уҳдадориҳои Хазина бадастомада, аз ҷумла аз рӯйи ҷубронпулии ба пасандоздорон пардохтшуда, ки манфиатҳои онҳо мутобиқи Қонуни мазкур ба Хазина вогузор шудаанд;
- маблағҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст.
2. Андозаи ҳадди аксари маблағҳои Хазина ба андозаи ҳафт фоизи маблағи умумии амонату пасандозҳои суғурташуда, ки дар ташкилотҳои қарзии аъзои Хазина мавҷуд аст, муқаррар карда мешавад. Дар ҳолати аз ҳафт фоиз зиёд гардидани андозаи ҳадди аксари маблағҳои Хазина қарори Шурои нозирони Хазина дар бораи кам кардан ё боздоштани супоридани пардохтҳои тақвимӣ қабул карда мешавад. 
3. Андозаи ҳадди ақалли маблағҳои Хазина набояд аз андозае, ки бо мақсади пешгирии касри Хазина дар асоси методологияи тасдиқкардаи Шурои нозирони Хазина муайян шудааст, камтар бошад. Ҳангоми то андозаи ҳадди ақал кам шудани маблағҳои Хазина ё хавфи ба таври назаррас коҳиш ёфтани он, Хазина ҳуқуқ дорад барои пурра кардани маблағҳо аз манбаъҳои дар Қонуни мазкур пешбинигардида истифода барад.».
7. Моддаи 9 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 9. Суратҳисобҳои Хазина
1. Хазина дар Бонки миллии Тоҷикистон суратҳисобҳо бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ, инчунин феҳристи маҳфуздоранда дорад, ки дар он бояд маблағҳои молиявии Хазина нигоҳ дошта шаванд.
2. Хизматрасонии суратҳисобҳои Хазина аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси созишномаи байни тарафҳо амалӣ карда мешавад.
3. Хазина метавонад барои иҷрои вазифаҳои худ дар Бонки миллии Тоҷикистон суратҳисобҳои дигар дошта бошад.
4. Суратҳисобҳои Хазина барои пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорон ва хароҷоти амалиётии он пешбинӣ шуда, метавонанд дар ташкилотҳои қарзӣ ва бонк-агентҳо кушода шаванд.
5. Хазина метавонад дар ташкилотҳои қарзии дигар ва маҳфуздоранда, ки аз ҷониби Шурои нозирон ҳамчун дорандагони сандуқи коғазҳои қиматноки Хазина тасдиқ шудаанд ва ба таркиби дороиҳои молиявии Хазина дохил мешаванд, феҳристи маҳфуздорандаро кушояд.».
8. Моддаи 10 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 10. Сармоягузории Хазина
1. Хазина метавонад танҳо ба воситаҳои молиявии зерин сармоягузорӣ намояд:
- коғазҳои қиматноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон;
- коғазҳои қиматноки давлатҳои хориҷӣ ё бонкҳои марказии (миллии) хориҷии бонуфуз; 
- амонатҳо дар Бонки миллии Тоҷикистон бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ;
- коғазҳои қиматноки созмонҳои молиявии байналмилалӣ, ки дорои яке аз ду рейтинги баландтарини агентиҳои рейтингӣ мебошанд;
- коғазҳои қиматноки созмонҳои молиявии байналмилалӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмиядори онҳо мебошад.
2. Талаботи аввалиндараҷа барои сармоягузории маблағҳои Хазина бехатарӣ ва пардохтпазирии маблағҳои ҷойгиркардашуда мебошад.
3. Хазина метавонад дар амалиётҳои РЕПО (хариди (фурӯши) коғазҳои қиматнок бо уҳдадории бозфурӯши (бозхариди) онҳо дар муҳлат ва бо нархи қаблан муайянгардида) бо мақсади таъмини пардохтпазирӣ ҷиҳати пардохти ҷубронпулии амонату пасандозҳои суғурташуда ва ё пардохти уҳдадориҳои Хазина иштирок намояд.».
9. Дар моддаи 13:
- қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2. Хазина ҳангоми бозхонди иҷозатномаи ташкилоти қарзӣ бинобар барҳамдиҳии маҷбурӣ ва ё ихтиёрӣ, инчунин азнавташкилдиҳӣ ташкилоти қарзиро аз Феҳристи ташкилотҳои қарзии низоми суғуртаи амонату пасандозҳо хориҷ карда, тасдиқномаи узвиятро бозхонд менамояд.»;
- қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад: 
«4. Хазина Феҳристи ташкилотҳои қарзии низоми суғуртаи амонату пасандозҳоро бо тартиби муқаррарнамудаи Шурои нозирон пеш мебарад.».
10. Ба моддаи 14 сархати панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- ба пасандоздорон пешниҳоди маълумотро оид ба низоми суғуртаи амонату пасандозҳо бо тартибе, ки Хазина муқаррар кардааст, таъмин намояд;».
11. Дар моддаи 15:
- матни модда қисми якум ҳисобида ва рақамгузорӣ карда шуда, пас аз калимаи «сармояи» аломат ва калимаи «(фонди)» илова карда шавад;
- қисмҳои 2, 3 ва 4 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«2. Ташкилоти қарзие, ки дар натиҷаи азнавташкилдиҳӣ, ба истиснои табдилдиҳӣ, таъсис ёфтааст, аз пардохти ҳаққи узвият озод мебошад.
3. Дар ҳолати табдилдиҳии ташкилоти амонатии қарзии хурд ба бонк ҳаққи узвият ба андозаи 0,5 фоизи ҳадди ақалли сармояи (фонди) оинномавии барои бонкҳо муқарраршуда пардохт карда мешавад.
4. Бонки мутавассит аз пардохти ҳаққи узвият ба Хазина озод мебошад.».
12. Дар моддаи 16:
- қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Ташкилоти қарзӣ ҳар семоҳа ба андозаи 0,1 фоиз барои амонату пасандозҳо бо пули миллӣ ва 0,3 фоиз барои амонату пасандозҳо бо асъори хориҷӣ аз рӯйи бақияи миёнаи семоҳаи гузаштаи онҳо, ки дар ташкилоти қарзӣ мавҷуданд ва бояд суғурта шаванд, пардохтҳои тақвимии бебозгаштро бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ пардохт менамояд.»;
- дар қисми 2 калимаи «бистуми» ба калимаҳои «понздаҳуми» иваз карда шавад;
- қисми 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад: 
«4. Ҳар як ташкилоти қарзӣ уҳдадор аст ҳар семоҳа, бо шарти дар ин муддат дар ташкилоти қарзӣ ҷой доштани ҳолати суғуртавӣ, то рӯзи бозхонди иҷозатнома пардохтҳои тақвимии ҳисобшударо ба Хазина пардохт намояд.». 
13. Дар моддаи 20:
- дар номи модда пас аз калимаи «пардохтҳо» калимаҳои «ва ҳисоботҳо» илова карда шаванд; 
- ба қисми 1 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Маблағи ноустуворонаи ҳисобшуда набояд аз маблағи пардохтҳои тақвимӣ барои давраи ҳисоботӣ зиёд бошад.»;
- қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2. Хазина дар бораи рӯёнидани пардохтҳои тақвимӣ, пардохтҳои иловагӣ ва ноустуворона ба ташкилоти қарзӣ огоҳинома ирсол менамояд.»;
- қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«4. Дар ҳолати сари вақт, пурра ва ё дуруст пешниҳод накардани пардохтҳо ва ҳисоботҳо аз ҷониби ташкилоти қарзӣ Хазина барои андешидани чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ нисбати ташкилоти қарзӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон дархост ирсол менамояд.».
14. Моддаи 211 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 211. Объекти ҳатмии суғурта
1. Уҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ оид ба баргардонидани маблағи амонату пасандозҳои дар суратҳисобҳои бонкӣ гузоштаи пасандоздорон бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ, ки бо шартномаҳои пасандози бонкӣ ва (ё) суратҳисобҳои амонатии бонкӣ, суратҳисобҳои бонкии кортҳои пардохтӣ ва ё дафтарчаҳои амонатӣ тасдиқ карда шудаанд, объекти ҳатмии суғурта ба ҳисоб мераванд.
2. Ба объекти ҳатмии суғурта инҳо дохил намешаванд:
- ҳисобҳои металлии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- маблағҳои пулӣ ва дороиҳои дар қуттиҳои сейфии бонкӣ гузошташуда;
- сертификатҳои бонкӣ;
- суратҳисобҳои амонату пасандозии шахсони ҳуқуқӣ, ба истиснои субъектҳои соҳибкории хурд ва ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ;
- суратҳисобҳои амонату пасандозии дар ташкилотҳои қарзии исломӣ кушодашуда;
- маблағҳои электронӣ;
- суратҳисобҳои амонату пасандозие, ки ҳуқуқ ба онҳо ба шахсони дигар дар асоси шартномаи берун аз ташкилоти қарзӣ басташуда дода мешавад;
- суратҳисобҳои амонату пасандозие, ки дорандаи ҳуқуқи ихтиёрдории онҳо дар ташкилоти қарзӣ муайян нест.».
15. Дар моддаи 22:
- қисмҳои 1, 2, 3 ва 4 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«1. Ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ Хазина ба пасандоздор маблағи суратҳисобҳои амонату пасандозҳои суғурташударо дар ташкилоти қарзӣ ҷуброн менамояд. Андозаи ҷубронпулӣ аз рӯйи амонату пасандозҳои суғурташуда на бештар аз 35 000 (сию панҷ ҳазор) сомонӣ мебошад.
2. Агар пасандоздор дар ташкилоти қарзӣ якчанд суратҳисоби амонату пасандозӣ дошта бошад, он гоҳ ин суратҳисобҳо ҳамчун як суратҳисоби пасандозӣ дониста шуда, ҷубронпулӣ дар асоси андозаи умумии маблағи дар суратҳисобҳои амонату пасандозӣ мавҷудбуда ва на зиёда аз андозаи дар қисми 1 моддаи мазкур муқарраршуда пардохт карда мешавад.
3. Агар ҳолати суғуртавӣ дар якчанд ташкилоти қарзӣ фаро расад, ки дар онҳо пасандоздор суратҳисобҳои амонату пасандозӣ дорад, он гоҳ андозаи ҷубронпулии суғурта барои ҳар як ташкилоти қарзӣ алоҳида ҳисоб карда мешавад. 
4. Фоизҳои амонату пасандозҳо аз ҷониби Хазина ҷуброн карда намешаванд. Агар тибқи шартномаи суратҳисобҳои амонату пасандозӣ сармоякунонии фоизҳо пешбинӣ шуда бошад, он гоҳ ҷубронпулӣ аз рӯйи маблағи бақияи суратҳисобҳои амонату пасандозӣ пардохт карда мешавад.»;
- ба қисми 5 ҷумлаи якум бо мазмуни зерин илова карда шавад: 
«Амонату пасандозҳое, ки бо пули миллӣ гузошта шудаанд, бо пули миллӣ ҷуброн карда мешаванд.»;
- ба қисмҳои 14 ва 15 пас аз калимаҳои «талаб кардани», «аз рӯи чунин» ва «аз рӯи» калимаи «амонату» илова карда шавад; 
- қисми 16 бо мазмуни зерин илова карда шавад: 
«16. Андозаи ҷубронпулӣ, ки дар қисми 1 моддаи мазкур муайян шудааст, давра ба давра, вале на камтар аз як маротиба дар се сол бо назардошти раванди рушди низомҳои бонкию молиявӣ ва иқтисодии кишвар, дар ҳолати ба миён омадани зарурат аз нав дида баромада мешавад.».
16. Сархатҳои якум ва дуюми моддаи 24 хориҷ карда шаванд.
17. Дар моддаи 25:
- дар қисми 1 калимаҳои «як соли ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ» ба калимаҳои «як соли пас аз рӯзи оғози пардохти ҷубронпулии суғурта» иваз карда шаванд; 
- қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«3. Хазина на дертар аз 14 рӯзи пас аз ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ, пардохти ҷубронпулии суғуртаро ба пасандоздор оғоз менамояд. Санаи оғози пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздор метавонад аз ҷониби Хазина дар мувофиқа бо Бонки миллии Тоҷикистон тамдид карда шавад.»;
- қисмҳои 3, 4, 5, 6, 7 ва 8 мувофиқан қисмҳои 4, 5, 6, 7, 8 ва 9 ҳисобида шаванд.
18. Сархати дуюми қисми 2 моддаи 26 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- дар ҳолатҳои фавқулода, инчунин ҳангоми дар хориҷи кишвар, дар хизмати ҳарбӣ, дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ будани пасандоздор, ҳамчунин бо сабабҳои бо ба даст овардан ё кушодани мерос алоқаманд, ки ба пасандоздор барои сари вақт муроҷиат кардан ҷиҳати гирифтани ҷубронпулии суғурта имкон надода бошад.».
19. Қисми 1 моддаи 31 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Хазина ҳуқуқи қарздеҳро дар ҳолатҳои зерин соҳиб мегардад:
- дар сурати ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ ҳуқуқи талаби ҳамаи маблағҳо ва манфиатҳои пасандоздорон баробар ба андозаи маблағи суғурташудаи амонату пасандозҳо, ки аз ҷониби Хазина ҷуброн карда мешавад, ба Хазина мегузарад ва он метавонад нисбат ба чунин талабот аз номи пасандоздор ва ё аз номи Хазина амалҳои ҳуқуқиро иҷро намояд;
- аз рӯйи маблағи пардохтҳои тақвимӣ ва ноустуворонаи ҳисобшуда то рӯзи бозхонди иҷозатномаи ташкилоти қарзӣ.».
20. Дар моддаи 35:
- сархатҳои чордаҳум ва понздаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«- қабули қарор дар бораи кам кардани андозаи пардохтҳои тақвимӣ на зиёда аз нисфи андозае, ки дар моддаи 16 Қонун муқаррар шудааст, ҳангоми ба андозаи ниҳоӣ расидани маблағҳои Хазина;
- қабули қарор дар бораи муваққатан боздоштани пардохтҳои тақвимии ташкилоти қарзӣ, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» таҳти батанзимдарорӣ қарор дорад ё тибқи нақшаи солимгардонии аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон тасдиқшуда фаъолият дорад;»;
- сархати бистум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- қабули қарор дар бораи муваққатан муқаррар кардани андозаи пардохтҳои тақвимӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ то 0,5 фоиз бо мақсади барқароркунии маблағҳои Хазина ва иҷрои уҳдадориҳои Хазина аз рӯйи қарзҳои ҷалбшуда;».
21. Сархати шонздаҳуми қисми 3 моддаи 37 хориҷ карда шавад.
22. Моддаи 401 бо мазмуни зерин илова карда шавад: 
«Моддаи 401. Аудити дохилӣ
1. Аудити дохилии Хазина дар асоси низомнома оид ба сиёсати назорати дохилӣ, ки аз ҷониби Шурои нозирон тасдиқ шудааст, амалӣ карда мешавад.
2. Аудитори дохилӣ ҳар сол ба Шурои нозирон оид ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти худ ҳисобот пешниҳод менамояд ва он аз ҷониби Шурои нозирон тасдиқ карда мешавад.». 
Моддаи 2. Қонуни мазкур 3 моҳ пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад. 

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон        Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 15 марти соли 2023, № 1961

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                         М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 18 январи соли 2023, № 962

Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 15 марти соли 2023, № 370

Санаи нашр: 24.03.2023 №: 62
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив