ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПАВЕЛ ЛУКНИТСКИЙ – МУАЛЛИФИ КИТОБИ “ТОҶИКИСТОН”

ПАВЕЛ ЛУКНИТСКИЙ – МУАЛЛИФИ КИТОБИ “ТОҶИКИСТОН”

12 август 2024, Душанбе
20
0
Павел Лукнитский аз дӯстони садоқатварз ва пурталоши тоҷикон аст. Дар бораи миллати мо китобҳои машҳури “Таджикистан”, 1951, “Путешествия по Памиру” (“Сафар ба Помир”, 1955)-ро иншо карда, дар муаррифии тоҷикону Тоҷикистон дар байни миллатҳои Иттиҳоди Шуравӣ нақши бузург бозид. Соли 1970 Корманди шоистаи Тоҷикистон гардид. Вақти сафар ба Бадахшон соли 1930 ба дасти босмачиҳо асир ҳам афтод, вале дилбастагияш ба ин сарзамин кам нагардид ва баръакс, оянда китоби 366-саҳифагии “Таджикистан”-ро дар силсилаи ҷуғрофии илмиву бадеии "Наша родина” навишт. Ин китоб дар соли 1954 бо тарҷумаи тоҷикии Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон бо шумораи 5000 нусха чоп шуда буд. 
 
ДАРИЧАИ ОШНОӢ
Павел Лукнитский Николаевич 29-уми сентябр ва дар баъзе ҳуҷҷатҳо 12-уми октябри соли 1902 дар Санкт-Петербург, дар хонаводаи муҳандиси низомӣ Николай Николаевич Лукнитский ба дунё омад. 
Ӯро бештар чун шоир ва нависанда, бавижа адиби мустанаднигор мешиносанд. Дар Донишгоҳи он замон машҳури Ленинград факултети илмҳои гуманитиро ҳамчун суханшинос ба поён овард. Аз соли 1922 ба шеърнависӣ оғоз карда, нахустин маҷмуаи шеъраш дар соли 1927 ба дасти хонандагони рус расид. Аз дӯстон ва шогирдони содиқи Анна Ахматова буд. Китоби «Акумиана – встречи с Анной Ахматовой» аз хотираҳои адиб дар бораи шоҳбонуи шеъри рус қисса мекунад.
Дар солҳои Ҷанги бузурги Ватанӣ хабарнигори ТАСС дар фронти Ленинград буд. Борҳо дар ҳарбу зарби низомӣ иштирок карда, рисолати журналистиро дар фронтҳои даҳшатбори Украина низ идома дод. Бо ордени сурх ва медали “Барои дифои Ленинград” қадр шудааст.
Баъди ҷанг солҳо дар Москва зиндагӣ ва фаъолият дошт. Баъдан ба Варорӯд, ба сарзамини тоҷикон сафар карда, китобҳои хубу хонданиро дар бораи тоҷикон навишт. Ӯро бо филми “Нисо” бештар шинохтанд, ки бо коргардонии Марат Орифов рӯи экранҳои калон омад. Муаллифи сенарияи “Нисо” қаҳрамони мо – Павел аст.
23-юми июни соли 1973 дар шаҳри  Москва ҷон ба Ҳақ супурд.
 
САФАР БА БАДАХШОН
Дар солҳои 1925-1929 ба Қафқозу Қрим сафарҳо дошт. Ниҳоят соли 1930 дар экспедитсияи Помир ширкат варзида, чандин қуллаҳои баланди кӯҳҳои Помирро муаррифӣ намуд, аз ҷумла, қуллаи Маяковскиро. Баъди марги нависанда яке аз қуллаҳои Помир ба номи Павел Лукнитский гузошта шуд.
Замоне ӯ ба қаламрави Бадахшон омад, ки он ҷо ҳанӯз босмачиҳо ҳаёти мардумро ноором карда, ҳар касеро, ки “дар доираи қонунҳои онҳо набошад”, асир мегирифтанду ранҷ медоданд. Аз ҷумла, қаҳрамони мо Павел Лукнитский ҳам ба дасти онҳо асир афтод ва бо ёрмандии заставаи Помир раҳоӣ ёфт.
Сафарнавиштаҳои худро баъдтар дар шакли китоб бо номи “Путешествия по Памиру”, Москва, чопхонаи “Молодая гвардия”, 1955 нашр кард. Ин китоб шояд аз аввалин навиштаҳо бо забони русӣ буд, ки бо бадеият ва воқеият омезиш дошт. Он замон бо шумораи 90 ҳазор нусха бо ҳаҷми 502 саҳифа чоп шудани ин китоб барои тоҷикон воқеаи бузургу фараҳбахше буд.
Ӯ бо навиштани асарҳои “У подножия смерти”, «Всадники и пешеходы», «Безумец Марод Али», «Мойра», «Земля молодости», «Ниссо», «Путешествия по Памиру» дар Тоҷикистон ба эҷоди асарҳои саёҳативу тахайюлӣ (фантастикӣ) асос гузошт. Роҳи эҷодии ӯро минбаъд Адаш Истад ва Абдумалик Баҳорӣ идома доданд.
Китоби ӯ “В горах и в сердцах людей” (Душанбе, 1971) низ бо меҳру самимият иншо шуда, муҳаббати адибро ба сарзамини мо инъикос кардааст.
 
“ТОҶИКИСТОН” БОЯД АЗ НАВ  ЧОП ШАВАД!
Китоби “Тоҷикистон” (“Таджикистан”, 1951) нахустин асари илмиву оммавӣ дар бораи кишвари мо буд. Нусхаи русии он ҳоло дар Интернет 25 ҳазор рубли русӣ қимат дошта, аз камёб ва муҳим будани асар паём мерасонад. Ростӣ, нусхаи русӣ ва тоҷикии китоб низ хеле зебо ва босифат чоп шудааст. Мо як нусхаи тоҷикии ин китобро, ки дар Хонаи китоби Тоҷикистон маҳфуз будааст, гирифта саропо хондем. Хулоса кардан мумкин аст, ки ин маҷмуаи зебо, ки аз назари як адиб ва гардишгари рус иншо шудааст, имрӯз низ ҳаққи чопи дубора дорад. Зеро таркиби он аз тасвирҳои шоирона, иттилооти таърихиву ҷуғрофӣ ва муаррифии зебову шево оро ёфтааст. 
Таърихчаи тарҷумаи китобро Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ чунин ба ёд меорад: “Муноқишае, ки дар сари осори Аҷзӣ бархост, маро нокому ночор монд. Хушбахтона, зуд ба худ омадам ва соли 1953 мавзуи илмии дигаре гирифтам, ки «Хусусиятҳои ғоявиву бадеии «Ёддоштҳо»-и Айнӣ (қисми 1 ва 2)» ном дошт. Маслиҳати устодон ин шуд, ки барои анҷом додани ин мавзуъ ба Маскав биравам ва он ҷо ба осудагӣ кор бикунам. Иброҳимҷон Раҳматов, ки сармуҳаррири нашриёти давлатии Тоҷикистон буд, тарҷумаи китоби Павел Лукнитский «Тоҷикистон»-ро ба ман супурд. Банда ин корро зуд анҷом дода, ҳаққи қаламро қисман ба аҳли хонаводаи худ – ҳамсарам ва ду писарам гузошта ва қисман бо худ гирифта, аввалҳои соли 1954 Маскав рафтам”.
Павел Лукнитский дар оғози китоб барои ошноии бештари хонанда менависад: “Аввалин давлатҳои қадими сарзамини аҷдодии тоҷикон Бохтар ва Суғд мебошанд. Дуним-се ҳазор сол пеш аз солшумории мо аҳолии Суғд ва Бохтар маданияти баланди деҳқонӣ дошт, ҷӯйборҳои сунъӣ барои обёрӣ ба вуҷуд меовард, бо савдо ва касбу ҳунар машғул буд. Маҳз ҳамин суғдҳо ва бохтариҳо аҷдоди имрӯзаи тоҷикон маҳсуб мешаванд”.
Муаллиф ҳуҷумҳои барбарону ғосибонро дар таърих (ҳамлаи юнониён, арабҳо, муғулҳо), тағйир ёфтани дину оин, забон, хат, ахлоқ ва маданиятро ёд карда, чунин хулоса мекунад: “Дар ин шароитҳо тоҷикон ва аҷдоди онҳо маданияти ғанӣ ва бостонии худро нигоҳ дошта, инкишоф медоданд”.
Устод Шакурӣ асарро бо забони салису шево тарҷума кардааст ва бо камтарин эзоҳот дар бораи номҳои имрӯзаи ҷуғрофӣ, асолати имрӯзаи имло ва бо афзудани сарсухани муфассали ҷуғрофиву таърихӣ омехта бо забони хуби бадеӣ чоп шавад, ба манфиати мо хоҳад буд. Ба ин хотир, ба масъулони маркази “Тоҷикшиносӣ”-и КМТ ва АМИТ пешниҳод мекардем, ки дар чопи дубораи китоб ҳиммат гуморанд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,  “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 12.08.2024 №: 153
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив