ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БА «ҶУМҲУРИЯТ» ҶАВОБ ОМАД

БА «ҶУМҲУРИЯТ» ҶАВОБ ОМАД

13 август 2024, Сешанбе
14
0
"КИШОВАРЗӢ. МУШКИЛОТ ВА МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ СОҲА"
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи Имомназари Каримиён, сардори раёсати тадқиқоти масъалаҳои рушди соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки зери унвони "Кишоварзӣ. Мушкилот ва масъалаҳои рушди соҳа" 3-юми январи соли равон дар рӯзномаи "Ҷумҳурият" ба нашр расидааст, мавриди баррасӣ қарор дода, чунин иттилоъ медиҳад:
– Вазорати  кишоварзӣ бо мақсади таъмини амнияти озуқавории кишвар фаъолияти худро дар асоси вазифаҳое, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта мешаванд, дар доираи ваколатҳои муайяншуда оид ба татбиқи сиёсати аграрӣ, ҷиҳати ноил шудан ба дастовардҳои назаррас, таъмини бозорҳои истеъмолии кишвар бо маҳсулоти ватанӣ ва содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар ба роҳ монда, дар доираи стратегияву барномаҳои давлатии соҳавӣ бо истифодаи самараноки иқтидори кишоварзии мамлакат ба нишондиҳандаҳои назарраси соҳа ноил гардида истодааст.
Соҳаи кишоварзӣ яке аз бахшҳои муҳими пешбарандаи иқтисодиёти мамлакат ба шумор рафта, солҳои охир, сарфи назар аз тағйирёбии иқлим, зарари офатҳои табиӣ ва таъсири омилҳои буҳронӣ, ба ҳисоби миёна 24-25 дарсади маҷмуи маҳсулоти дохилиро таъмин менамояд. Рушди соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати таъмини босуботи аҳолии кишвар бо маҳсулоти озуқаворӣ тавассути афзоиши мунтазам ва баланд бардоштани сатҳи даромаднокиву таъмини шуғли аҳолӣ, инчунин, ҳифзи захираҳои табиӣ, ки барои тавсеаи такрористеҳсолкунӣ зарур мебошад, мусоидат менамояд.
Дар доираи тадбирҳои андешидашуда, аз ҷумла аз худ кардани заминҳои нав, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо, ба тағйирёбии иқлим мутобиқ сохтани зироатҳо, бунёди майдони боғу токзорҳо, самараноку оқилона истифода бурдани заминҳо ва рӯёндани 2-3 ҳосил, фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳо ва ҳифзи амнияти озуқавории аҳолии мамлакат бамаротиб беҳтар гардида истодааст.
Агар дар давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар фаъолияти соҳаи кишоварзиро натиҷагирӣ намоем, тамоми дастовардҳои истеҳсолии он мусбат арзёбӣ мегарданд. Дар натиҷаи дастгириҳои пайвастаи соҳаи кишоварзӣ нишондиҳандаҳои истеҳсолии соҳа батадриҷ боло рафта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2023 ба 63028,4 миллион сомонӣ расонда шуд.
Инчунин, дар солҳои охир баҳри тақвиятбахшии рушди соҳаи кишоварзӣ як қатор имтиёзҳои андозию гумрукӣ амалӣ гардида, аз ҷумла ҷиҳати рушди бахшҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ, занбӯриасалпарварӣ, механиконии кишоварзӣ, воридоти техникаи таъиноти кишоварзӣ, тухмии гурӯҳи элита ва репродуксияи якум ба рушди соҳа ва ҳавасмандии кишоварзон мусоидат намуда истодааст.
Солҳои охир омилҳои иқтисодӣ, иқлимӣ, тағйирёбии муҳити сайёра дар натиҷаи фаъолияти техногении инсоният, афзоиши табиии аҳолии сайёра ва шиддатнок гардидани буҳрони озуқа тамоми мамлакатҳои ҷаҳонро фаро гирифта, дар бисёр кишварҳо аз ҳисоби истеҳсолоти дохилӣ таъмин нагардидани аҳолӣ бо маҳсулоти асосӣ гардидааст. Хусусан, солҳои охир тағйирёбии иқлим дар масъалаҳои экологӣ мушкилоти навро ба миён оварда, мувофиқи маълумот, баландшавии ҳарорати ҳаво бо афзоиши ҳолатҳои фавқулода, ба монанди обхезию хушксолӣ, сабаб гардида, ҳамзамон, боришоти кам ва хушк шудани захираҳои об ба фаъолияти муътадили хоҷагидорӣ дар соҳаи кишоварзӣ таъсири манфии худро мерасонад.
Вобаста ба ин мушкилот, дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҳадафҳои асосии рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар, хусусан рушди соҳаи кишоварзӣ, бо назардошти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, пешбинӣ шудаанд. Амалӣ намудани сиёсати давлат дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ, тобоварӣ ба хатарҳои беруна ва дохилаи бозори озуқа, иштироки самарабахш дар ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ҳалли масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноки ҳар як гектар замин, беҳтар намудани ҳолати мелиоративӣ, аз худ кардани заминҳои нав, мусоидат ба сармоягузорӣ ва воридоти техникаву технологияи муосир тадбирҳои аввалиндараҷае мебошанд, ки метавонанд амнияти озуқавории мамлакатро таъмин намоянд.
Ҳамзамон, Вазорати кишоварзӣ бо амалисозии барномаҳо ва лоиҳаҳои давлатӣ, ҷиҳати истифодаи самараноку оқилонаи заминҳо, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, маҳсулнокии чорво, таъмини хоҷагиҳо бо тухмиҳои хушсифат, техникаҳои муосир ва дар ин замина, барои мусоидат намудан дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ тадбирҳои заруриро андешида истодааст.
 
Зеваршои ЗЕВАРШО, 
муовини вазири кишоварзӣ
Санаи нашр: 13.08.2024 №: 154
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив