МУЛЛО АГАР ҲАСУД АСТ...
Бешак, аксари ихлосмандон шариатро омӯхтаанд. Неку бадро аз ҳам ташхис додаанд. Аҳкоми ислом, маънии ояҳои Қуръону мазмуни ҳадисҳоро низ, то ҷое дар худ маърифат кардаанд. Аммо ба асли фармудаҳо амал накарда, бинову доно будани Холиқи худро ба фаромӯшӣ супурдаанд...
Чанде пеш ин суханҳоро, ҳини аёдат аз забони Нависандаи халқии Тоҷикистон Гурез Сафар шунидам, ки дар вақти баёни андешаҳояш осори ғам дар чеҳрааш зоҳир мегардид. Ба асли матлабаш таваҷҷуҳ кардам ва муродашро фаҳмидам. Ӯ иғвогариҳоеро дар назар дошт, ки ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезананд...
Дарвоқеъ, имрӯзҳо зиёд мебинем, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое аз ҷониби баъзе мулломаобон пахш мегарданд, ки дар хориҷи кишвар сабт шудаанду бо ҳадафҳои муайян паҳн мешаванд. Бархе ба ном мавлавиҳои интернетӣ мардумро гул задан мехоҳанд, нисбат ба руҳониёни мо носазо ҳам мегӯянд. Аз тарзи муносибаташон пай бурдан мумкин аст, ки беғараз сухан намегӯянд. Фаромӯш кардаанд, ки яке аз сифоти Худованд “Басир” аст. Аз нақшаҳову корҳои пасипардагиашон бохабар мебошад.
Пас аз ғаразпароканиҳои мавлавиҳои он сӯи Ому, барои хубтар донистани онҳо, чанде аз наворҳояшонро тамошо кардам. Баъзеашон гӯё дигар кор надоранд, ки фақат якдигарро сиёҳ мекунанду кофар мехонанд.
Пас аз тамошои наворҳои пуркина зеҳнам туғён кард. Дар ин асно як шеъри Мирзо Файзалӣ бо номи “Муллоҷанг”, ба ёдам омад, ки пешниҳоди чанд мисраи он айни мудаост:
Муллои навбаромад
Ба саҳни масҷид омад...
Дар он даме омин гуфт,
Хулосаро чунин гуфт:
“Муллои деҳа Асғар
Шахси худобехабар.
Гӯям гапи ҳақ агар,
Фарқе надорад аз хар.
Ба имомии гузар,
Ман ҳастам арзандатар”...
Аз ин рафтори эшон,
Мардум бишуд парешон.
Мулло агар ҳасуд аст,
Аз ӯ зиён, на суд аст.
Ҷойи таассуф аст, ки имрӯз сафи ин гуна касон кам нест. Онҳо донишу маълумоти зиёдеро ҳифз карданд. Ба қавле домуллову мавлавӣ шуданд. Аммо одам нашуданд. Дар паст задану сиёҳ кардани якдигар “устухон надоранд”. Пас, хулоса ҳамин аст, ки исломияти бидуни инсоният ҳеҷ арзише надорад. Агар мо комилан инсон набошем, ягон дину мазҳаб моро қабул надорад ва мақсади аслии дин ҳам даъват ба инсоният аст. Вале, мутассифона, бархе динро василае барои амалисозии аҳдофи худ қарор додаанд, ки ин амали онҳо назари мардумо ба дину ба диндорон тағйир дод. Орзуи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҳам одамият будааст:
Дӣ шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр ,
К-аз деву дад малуламу инсонам орзуст.
Шодмон АБДУРАҲИМ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 13.08.2024 №: 154
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)