ҶУМҲУРИЯТ » ҲУҶҶАТҲО » ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ШАХСОНИ ҲУҚУҚӢ ВА СОҲИБКОРОНИ ИНФИРОДӢ»

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ШАХСОНИ ҲУҚУҚӢ ВА СОҲИБКОРОНИ ИНФИРОДӢ»

28 март 2023, Сешанбе
145
0


Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» аз 19 майи соли 2009 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №5, мод. 316; с. 2010, №12, қ. 1, мод. 828; с. 2012, №12, қ. 1, мод. 1006; с. 2015, №11, мод. 972; с. 2016, №5, мод. 370; с. 2019, №1, мод. 33, №7, мод. 475; с. 2020, №1, мод. 27) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 4:
- ба банди 1) қисми 2 пас аз калимаҳои «Қонуни мазкурро» калимаҳои «дар шакли коғазӣ ва ё  электронӣ» илова карда шаванд;
- қисми 10 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«10. Мақомоти дахлдори давлатӣ ҷиҳати дар шакли электронӣ анҷом додани бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ маълумоти заруриро тавассути системаи ҳамгироии иттилоотии андоз дар реҷаи мустақим (онлайн) пешниҳод менамоянд. Тартиб ва шакли пешниҳоди маълумот аз ҷониби мақомоти анҷомдиҳандаи  бақайдгирии  давлатӣ дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори давлатӣ муайян карда мешаванд.»;
- қисми 10 қисми 11 ҳисобида шавад.
2. Қисми 6 моддаи 9 хориҷ карда шавад.
3. Дар моддаи 10:
- дар қисми 1 калимаҳои «то панҷ рӯзи корӣ» ба рақам ва калимаи «24 соат» иваз карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаҳои «панҷ рӯзи корӣ» ба рақам ва калимаи «24 соат» иваз карда шаванд.
4. Дар қисми 2 моддаи 12 калимаҳои «ду рӯзи корӣ» ба рақам ва калимаи «24 соат» иваз карда шаванд.
5. Дар  моддаи 19:
- дар қисми 2 калимаи «се» ба калимаи «даҳ» иваз карда шавад;
- дар қисми 4 калимаҳои «то панҷ рӯзи корӣ аз рӯзи» ба рақам ва калимаҳои «24 соат аз лаҳзаи» иваз карда шаванд.
6. Дар қисми 1 моддаи 21 калимаҳои «се рӯзи корӣ аз рӯзи» ба рақам ва калимаҳои «24 соат аз лаҳзаи» иваз карда шаванд.
7. Дар банди 4) моддаи 22 калимаи «шаш» ба калимаи «се» иваз карда шавад. 
8. Дар қисми 5 моддаи 23 калимаҳои «ду рӯзи корӣ аз рӯзи» ба рақам ва калимаҳои «24 соат аз лаҳзаи» иваз карда шаванд.
9. Дар қисмҳои 1, 7 ва 8 моддаи 25 калимаҳои «се рӯзи корӣ аз рӯзи» ва «ду рӯзи корӣ аз рӯзи» ба рақам ва калимаҳои «24 соат аз лаҳзаи» иваз карда шаванд.
10. Дар моддаи 27:
- дар қисми 1 калимаҳои «ду рӯзи корӣ аз рӯзи» ба рақам ва калимаҳои «24 соат аз лаҳзаи» иваз карда шаванд;
- дар қисми  3 калимаи «панҷ» ба калимаи «даҳ» иваз карда шавад.
11. Дар қисми 1 моддаи 28 калимаҳои «то панҷ рӯзи корӣ аз рӯзи» ба рақам ва калимаҳои «24 соат аз лаҳзаи» иваз карда шаванд.
12. Дар қисми 2 моддаи 30 калимаҳои «ду рӯзи корӣ аз рӯзи» ба рақам ва  калимаҳои «24 соат аз лаҳзаи» иваз карда шаванд.
13. Дар моддаи 31:
- дар қисми 2 калимаҳои «то панҷ рӯзи корӣ» ба рақам ва калимаи «24 соат» иваз карда шаванд;
- дар қисми 3 калимаи «ду» ба калимаи «даҳ» иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
    
Президенти  
Ҷумҳурии Тоҷикистон        Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 15 марти соли 2023, № 1952

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ 
ва соҳибкорони инфиродӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                  М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 21 декабри соли 2022, № 947

Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 
«Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                    Рустами  ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 15 марти соли 2023, № 361

Санаи нашр: 24.03.2023 №: 62
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив