ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДДБ.  АЗ ТАҚВИЯТИ ДОНИШАНДӮЗӢ ТО ТАРБИЯИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

ДДБ.  АЗ ТАҚВИЯТИ ДОНИШАНДӮЗӢ ТО ТАРБИЯИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

14 август 2024, Чоршанбе
6
0
Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (ДДБ) яке аз муассисаҳои бонуфузи илмию таълимии кишвар ба ҳисоб рафта, дар рушду такомули соҳаи илму маориф, баланд бардоштани худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос нақши муҳим мебозад. Бино ба гуфти ректори Донишгоҳ Маҳмадалӣ Қурбонзода дар назди Донишгоҳ як литсей, институти илмӣ-таҳқиқотӣ (табииётшиносӣ ва техникӣ), Маркази мавлоношиносӣ ва 14 факултет фаъолият менамоянд. Мувофиқи радабандии Агентии давлатии назорат дар соҳаи маориф Донишгоҳ дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ соли 2024 ба даҳгонаи аввал шомил гардид. 
 
ТАКМИЛИ ИХТИСОС ВА КУРСҲОИ КӮТОҲМУДДАТИ ОМӮЗИШӢ
Дар шаш моҳи аввали соли равон дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии омӯзгории Алтайи Федератсияи Россия моҳи апрел 27 нафар омӯзгори ихтисоси забон ва адабиёти рус аз курси такмили ихтисос гузашта, соҳиби шаҳодатнома, инчунин як ҳафта дар ДДБ ба таври фосилавӣ омӯзиши забони русӣ сурат гирифт, ки дар натиҷа 120 нафар омӯзгору донишҷӯ соҳиби сертификат гардид. Ҳамзамон, 19 нафар омӯзгор соҳиби сертификати шурои амрикоӣ оид ба маорифи байналмилалӣ шуданд.
Бо мақсади баланд бардоштани эҳсоси худшиносии шогирдон ташкили саёҳат ба мавзеъҳои таърихӣ омили хубест. Дар робита ба ин, барои ошноӣ пайдо кардан бо мавзеъҳои таърихию сайёҳӣ омӯзгорону донишҷӯёни риштаҳои сайёҳӣ ва таъриху бостоншиносии факултетҳои химия-биология, филологияи тоҷик ба ноҳияҳои Балҷувон, Ховалинг, мавзеи Чилдухтарони ноҳияи Муъминобод, тахти Сангини ноҳияи Қубодиён, мадрасаи Хоҷа Машҳади ноҳияи Шаҳритус, муҷассама, мақбараи рамзӣ ва осорхонаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, мавзеи таърихии Ҳулбуки ноҳияи Восеъ, «Боғи ботаникӣ»-и шаҳри Кӯлоб, Маҷмааи “Истиқлол”, осорхона ва китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд. 
 
ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ
Мулоқоти навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони аҳли илму маорифи кишвар, ки 30-юми майи соли ҷорӣ сурат гирифт, таҳкимбахш ва давоми мантиқии фаъолият ва саъйу талоши ин марди сиёсату хирад дар ҷодаи тақвият бахшидани илми муосир, робитаи илм бо истеҳсолот ва рушди соҳаи маорифи кишвар мебошад.
Дар робита ба ин, дар раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳ нақшаи чорабиниҳои мушаххас тартиб дода шуда, як қатор корҳо ба анҷом расонда шуданд. Аз ҷумла ҷиҳати ҳимояи рисолаҳои номзадиву докторӣ корҳои зиёди илмӣ навишта шуд. Агар дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2023-2024 дар Донишгоҳ 171 нафар омӯзгори дорои дараҷаи илмидошта мавҷуд бошад, дар нимсолаи дуюми соли таҳсил ин нишондод ба 203 нафар расид. Аз ҷониби омӯзгорон дар шаш моҳи аввали соли 2024-ум 2746 маводи илмӣ-тадқиқотӣ, аз ҷумла 16 монография, 4 китоби дарсӣ, 73 дастури таълимӣ, 1 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои “Scopus”, 524 мақолаи илмӣ дар маҷалаҳои тақризшавандаи КОА ва 413 мақолаи илмӣ дар маҷалаҳои Индекси иқтибосҳои илмии Россия (РИНЦ), 502 мақолаи илмӣ дар конференсияҳои байналмилалӣ, 526 мақолаи илмӣ дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва 1179 мақолаи дохилидонишгоҳӣ ба нашр расидааст. Дар шаш моҳи соли равон дар Донишгоҳ зиёда аз 46 чорабинии илмӣ, мизҳои мудаввар, конференсияҳои назариявӣ ва амалӣ баргузор гардид. Ҳамзамон дар асоси нақша баргузории конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба 1020-солагии Носири Хусрави Қубодиёнӣ, 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷи-кистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ дар назар аст.
Бо мақсади дарёфти чеҳраҳои намоён дар Донишгоҳ даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» баргузор шуд, ки дар он аз рӯи 6 номинатсия аз ҷониби довталабон 29 ҳуҷҷат пешниҳод гардид. 6 ҳуҷҷати беҳтарин интихоб ва ба даври ҷумҳуриявӣ пешниҳод гашт, ки 2 нафар сазовори ҷойи сеюм ва як нафар сазовори ҷойи ифтихорӣ шуд. Ҳамчунин, даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид, ки 32 нафар ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Дар даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” бошад, бештар аз 230 нафар довталабон иштирок намуда, 59 нафар ба даври шаҳрӣ ва 24 нафар ба даври вилоятӣ роҳ ёфтанд.
 
ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Айни ҳол Донишгоҳ бо 32 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ шартнома ва қарордоди ҳамкорӣ оид ба табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштараки таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, гузарондани конференсияҳои илмӣ-методӣ, хондани лексияҳо аз тарафи устодони донишгоҳҳо, навиштани китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, гузарондани курсҳои такмили ихтисос ва ғайраро дорад. 
Дар асоси шартномаҳои амалкунанда 6 нафар омӯзгори Донишгоҳ дар кишварҳои хориҷӣ – Амрико, Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон дар конференсия ва семинарҳои байналмилалӣ иштирок ва бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд. Қабл аз оғози соли нави таҳсил 3 омӯзгори забони англисӣ ҷиҳати иштирок дар конфронси байналмилалӣ ба шаҳри Алмаатои Қазоқистон сафар менамоянд.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 14.08.2024 №: 155
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив