ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН. НАҚШИ КОРХОНАҲОИ САНОАТӢ ДАР ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲО

ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН. НАҚШИ КОРХОНАҲОИ САНОАТӢ ДАР ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲО

15 август 2024, Панҷшанбе
30
0
Миёни 700 корхонаи истеҳсолие, ки бо ширкатҳои гуногуни Ҷумҳурии мардумии Чин дар Тоҷикистон  фаъолият доранд, ҶДММ "Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой", воқеъ дар шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мақоми махсусро дорост. Ин корхонаи бузурги муштарак бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар чаҳорчӯби ташаббуси  “Як камарбанд – як роҳ” бунёд ёфта, дар муддати зиёда аз 15 соли фаъолият ҷиҳати таҳким бахшидани ҳамкориву дӯстӣ миёни ду давлати ҳамсоя ва, албатта, рушди иқтисодиёт нақши муассир мебозад.
Корхона, асосан, маъдани сурб ва руҳ истеҳсол мекунад, ки иқтидори солонааш 50 ҳазор тонна мебошад. Бо ба фаъолият оғоз кардани корхонаи мазкур шароит фароҳам омад, ки қариб 4 ҳазор нафар сокини шаҳракҳои Зарнисор, Сирдарё ва деҳоти гирду атрофи  ноҳияи Мастчоҳ бо ҷойи кор ва музди меҳнати муносиб таъмин шаванд. Ширкат аз замони оғози кор беш аз 4,3 миллиард сомонӣ андоз супурдаву пардохтҳои гуногунро анҷом дода, ҳамзамон,  зиёда аз 160 миллион сомонӣ ба ташкилоту муассисаҳои  вилояти Суғду ҷумҳурӣ ёрии  иҷтимоӣ  расондааст. 
– Аз он лаҳзаҳое, ки ин корхона бо иштироки Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кор оғоз бахшид, сарчашмаи кору зиндагии муътадил  аз нав муҳайё шуд. Бо дастгирии корхона марҳала ба марҳала кӯчаю манзил, мактабу  беморхонаҳо таъмир мешаванд.  Муҳимтар аз ҳама, хурду калон эътимоди қавӣ пайдо карданд, ки дигар бекор нахоҳанд монд, – мегӯяд Шаҳло Шарифзода, раиси Ҷамоати деҳоти Зарнисор.
Иқтидори истеҳсолии корхона дар  панҷ-шаш соли охир боло рафта,  истихроҷи маъданро то 3,6 миллион тонна дар як сол расонд. Аммо пас аз хуруҷи бемории COVID-19 ва бо баъзе сабабҳои субъективӣ корхона давраи мушкилро паси сар мекунад. Истихроҷи маъдан ва коркарди ниҳоии он аз  омилҳои болозикр ба якборагӣ коҳиш ёфта, боиси нигаронӣ гашт.  
Аммо бо оғози соли нав сари кор омадани роҳбари ҷадиди корхона – Ян Чжи Сай ба дили аҳли коргарон умеди тоза бахшид. Сарвари нав, нахуст, вазъи воқеии баамаломадаи истеҳсолотро мавриди таҳлили ҷиддӣ қарор дода, бо намояндаҳои ҳамаи бахшҳо мулоқот анҷом дода, фаъолиятро бо шарикони пудратчӣ  зери назорати хеш қарор дод. Ва ин иқдом самар бахшид. Истихроҷи шабонарӯзии маъдан оҳиста-оҳиста аз  2,5-3 ҳазор тонна ба зиёда аз 10 ҳазор тонна расид, ки ин нишондиҳанда   баландтарин дар тамоми давраи фаъолияти корхона мебошад. Вазъи молиявӣ ҳам марҳала ба марҳала беҳбудӣ меёбад. Дар шаш моҳи сипаришудаи соли равон корхона ба маблағи 1 миллиарду 179 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кард. Мувофиқи маълумоти охири расмии Ширкат, феълан ин ҷо 2 ҳазору 926 нафар тоҷикистонӣ ва  712 нафар чинӣ  бо кор таъмин буда, маоши миёнаи онҳо  беш аз 4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар суҳбати тахассусӣ Ян Чжи Сай, директори Ширкат, иброз дошт, ки вазъи истеҳсолот рӯ ба беҳбудӣ овардаасту  нишондиҳандаҳо  дар ҷамъбасти нуҳмоҳа  мувофиқи матлаб хоҳанд шуд ва бо ин раванд аз ҳама мушкилиҳо ва монеаҳои субъективӣ раҳоӣ хоҳем ёфт. Дурнамои мавриди баҳрабардорӣ қарордоштаи ҳамаи чор кон мувофиқи матлаб маҳсуб ёфта, ҳам истихроҷ ва ҳам коркарди ниҳоӣ, истеҳсоли хокаҳои маъдан  афзоиш меёбанд.
– Мо  аз мулоқоту вохӯриҳои сарварони давлатҳоямон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин, ки дар пойтхати Тоҷикистон дар сатҳи олӣ доир шуд, изҳори қаноатмандӣ дошта, дар талош хоҳем шуд, ки муносибатҳои ду халқи ҳамсоя дар ҳамаи самтҳо боз ҳам таҳким ёбанд. Дар ин  радиф ҳамаи тадбирҳоро роҳандозӣ хоҳем кард, ки сол ба сол иқтидори истеҳсолии корхона афзоиш ёфта, дар болоравии иқтисодиёти   ҳар ду кишвар, осудагии рӯзгори кормандон мусоидат намояд. Бо муътадилшавии вазъи молиявии корхона кӯшиш мекунем, ки ҷиҳати ҳаллу фасли масоили иҷтимоии шаҳраки Зарнисор: таъмири иншооту роҳҳо, варзишгоҳҳо, боғи фарҳангӣ, беморхонаҳо ва таъмини онҳо бо об саҳми арзандаи худро гузорем,  – мегӯяд Ян Чжи Сай. 
 
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 15.08.2024 №: 156
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив