ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БА «ҶУМҲУРИЯТ» ҶАВОБ ОМАД

БА «ҶУМҲУРИЯТ» ҶАВОБ ОМАД

16 август 2024, Ҷумъа
20
0
"ПАНҶАКЕНТ. МУШКИЛОТИ БЕОБӢ КАЙ ҲАЛ МЕШАВАД?"
Нахуст, барои таваҷҷуҳ ба масъалаҳои умдаи иқтисодию иҷтимоии шаҳри Панҷакент изҳори сипос менамоем ва ба иттилои шумо мерасонем, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент мақолаи "Панҷакент. Мушкилоти беобӣ кай ҳал мешавад?"-ро, ки 6-уми августи соли 2024 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба табъ расидааст, бо иштироки роҳбарону мутахассисони ташкилоту муассисаҳои марбута мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар матлаб сухан, асосан, дар бораи аз оби полизӣ танқисӣ кашидани хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҳотаҳои сокинони қисмати канории деҳаи Ғӯсари Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ меравад, ки дар охири хатти канали Марғедар ҷойгиранд.
Бояд зикр намуд, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент аз ин мушкилот огоҳ аст ва он бори аввал нест, ки тавассути васоити ахбори чопӣ ва электронӣ ба миён гузошта мешавад ва он на имсол, балки солҳо боз идома дорад.
Маҳз ба хотири ҳалли ин мушкилот, бо иқдоми Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, ҷалби соҳибкорон ва сокинони деҳа, ки саҳмияҳояшон дар ин заминҳои канорӣ воқеанд, тирамоҳи соли гузашта тасмим гирифта шуд, ки тавассути насби таҷҳизоти обкашӣ ва лӯлаҳои қутрашон 400 мм. аз пойгоҳи Дупула ба ин мавзеъ ба масофаи 4,5 километр оби полизӣ бароварда шавад.
То имрӯз бо ҷалби мутахассисони идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ҳавзаи дарёи Зарафшон дар пойгоҳи насосии Дупула ҳаракатдиҳанда ва таҷҳизоти обкашии пуриқтидори замонавӣ харидорӣ ва насб шуда, дар масофаи 1,5 километр  лӯла хобонда шудааст ва ин кор ҳоло идома дорад. Барои насбу хобондани лӯлаҳо техникаи зарурӣ, мутахассисон ва ба тариқи ҳашар сокинони деҳа ҷалб гардидаанд. Барои идомаи кор, лӯла ва дигар масолеҳу таҷҳизоти зарурӣ омода карда шудааст.
Бо анҷоми насби лӯлаҳо тирамоҳи соли равон ин заминҳо ва майдонҳои дигари кишти мавзеи ёдшуда дар масоҳати беш аз 200 гектар, ҳамчунин, заминҳои наздиҳавлигии қисмати канории деҳаи Ғӯсар бо оби полизӣ таъмин  мешавад. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент рафти ин корро зери назорати ҳамарӯза қарор додааст ва барои тезондани он мусоидати фаъолона менамояд.
Бояд зикр намуд, ки канали Марғедар аз ҷумлаи иншооти куҳани обёрии шаҳри Панҷакент маҳсуб ёфта, сохтмони он ҳанӯз солҳои чилуми асри гузашта оғоз шуда, соли 1962 бо ғунҷоиши лоиҳавии 6,5 метри мукааб-сония мавриди истифода қарор гирифтааст. Канал ба масофаи 26,2 километр тул кашида, тавассути он беш аз 4 ҳазор гектар замин дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Рӯдакӣ, Ворӯ, Лоиқ Шералӣ, Шинг ва Ёрӣ обёрӣ  мешавад.
Канали Марғедар бо дастгирии Ҳукумати мамлакат соли 2020 дар доираи лоиҳаи "Барқароркунии системаи обёрӣ ва беҳтаркунии он дар ҳавзаи дарёи Зарафшон" дар қисмати ҳамворӣ қисман тоза карда шудааст. Корҳои тозакунӣ ва ба мавсим омода намудани канал ҳамасола аз ҷониби идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ҳавзаи дарёи Зарафшон ва ҷалби хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолӣ ба ҷо оварда мешавад. Бо сабаби солҳои тулонӣ таъмири асосӣ нашудан канал, хоса дар қисмати сарбанд ва маҷрои он, ки аз релефи ноҳамвор ва теппаҳо мегузарад, ба таъмиру таҷдид ниёз дорад ва борҳо хавфи канда шудани он ба миён омадааст. Аз ҷумла, тобистони соли гузашта аз зери хатти канал дар ин мавзеъ об шорида, хатари ярчро ба амал овард ва бо ҷалби мутахассисон, техника ва аҳолӣ ин ҳолат бартараф гардид. 
Моҳи июли соли равон бошад, бар асари сел ва зиёд шудани маҷрои оби дарёи Рӯзрӯд, ки ба канал аз он об баста мешавад, сарбанди канал ва дар масофаи як километр маҷрои он бо лою шағал пур гашта, хавфи шуста шудани он ба миён омад.
Оқибати ин офати табиат низ бо қувваи худӣ дар муддати кӯтоҳ бартараф гардида, аз ҷумла дар масофаи беш аз 500 метр соҳили дарё, ки шуста шудани хатти каналро ба миён оварда буд, корҳои соҳилбандӣ анҷом ёфтанд.
Тавре дар матлаб омадааст, аз вазъи каналҳои Марғедар ва Халифа Ҳасан, ки аз селу обхезии дарёҳо зиён дида буданд, гурӯҳи кории Ҳукуматии мамлакат бо роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дидан намуданд ва зарурати таъмири асосии канали Марғедар бори дигар таъкид шуд.
Боварӣ дорем, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат барои ба таъмиру таҷдид фаро гирифтани ин иншооти муҳими обёрӣ, тадбирҳо андешида мешаванд.
Дар мавриди роҳандозии сарфакоронаи об ва танзими он дар байни истифодабарандагон, ки барои то охири хатти канал рафтани он мусоидат менамояд, пардохти қарзи ҳаққи истифодаи об, ки дар Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби Ғӯсар – Баҳор, ки масъули танзим ва расондани об ба заминҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ, аз ҷумла заминҳои канори деҳаи Ғӯсар ва охири хатти канал аст ва ҳоло беш аз 1,2 миллион сомонӣ ва ё 20,1 фоизи нақшаро ташкил медиҳад, корбарӣ идома дорад.
Айни замон, ба хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди ин Ассотсиатсия аз канали Марғедар 3,2 метри мукааб об дода мешавад ва дар сурати истифодаи сарфакорона ва бонизом он барои обёрии беш аз 2,5 ҳазор гектар замин басанда аст. Дар ҳудуди хидматрасонии он бошад, 1192 гектар замини корами обӣ мавҷуд мебошад. 
Масъулияти роҳбарияти Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби Ғӯсар – Баҳор, ки боиси истифодаи исрофкорона ва бенизоми об, пардохт нашудани ҳаққи обрасонӣ гаштааст ва иваз намудани он дар маҷлиси умумии аъзоёни Ассотсиатсия, ки ба салоҳияташ шомил аст, баррасӣ карда мешавад.
Баробари ин, зикр бояд кард, ки дар матлаби мазкур аксҳое гузошта шудаанд, ки ба маҳалли мавриди зикр марбут нестанд. Ҳамчунин, аз тадобире, ки барои бо оби полизӣ таъмин намудани заминҳои канории деҳаи Ғӯсар, ки дар боло зикр шуд, сухан нарафтааст.
 
Мурод ШУКУРЗОДА, 
муовини раиси шаҳри Панҷакент
Санаи нашр: 16.08.2024 №: 157
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив