АЛЕКСАНДР ҲАЙЗЕРИ ОЛМОНӢ. АЗ ОМӮЗГОРӢ ДАР ХУҶАНД ТО ИНШОИ КИТОБИ «ТОҶИ ТИЛЛОӢ»
Александр Ҳайзер, ки, аслан, олмонитабор аст, сарнавишти аҷибе дорад, он бо сарнавишти миллати мо ҷонпайванд аст. Ӯ дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро хатм кард ва дар ҳамин даргоҳи илму адаб солҳо дарс гуфт. Минбаъд ба Олмон баргашта, дар роҳи таҳкими дӯстии тоҷикону олмониён хидмат намуд. Доир ба таъриху тамаддуни мо китоби «Тоҷи тиллоӣ»-ро навишт ва ҳоло раиси Анҷумани дӯстии Олмон ва Тоҷикистон аст.
ЧАРОҒИ РОБИТА
Барои ошноии бештар бо зиндагиномаи Ҳайзер ба устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, профессор Матлубаи Мирзоюнус муроҷиат кардем. Ин бонуи донишёр солҳо ҳамроҳи Ҳайзер кору фаъолият дошта, имрӯз низ ҳамкории илмиву адабиро идома медиҳад.
Бино ба гуфтаи Матлубаи Мирзоюнус, падару модари Александр Робертович Ҳайзер соли 1948 ба ҳайси геолог ба Хуҷанд омаданд. Бо ҳамин онҳо муқими ин шаҳр шуданд ва 28-уми апрели соли 1955 қаҳрамони мо ба дунё омад. Мактаби миёнаи рақами 1-и ин шаҳрро ба поён овард. Бо духтари таърихнигори шинохтаи тоҷик Султонов Шукур - Наталя хонадор шуд ва хуни тоҷикият дар вуҷуди писараш низ ҷорист. Ягонафарзанди ӯ Александр дар Берлин дар самти дорусозӣ фаъолият дорад. Наталя Шукуровна Ҳейзер табиби кӯдакон буда, дар Берлин низ пайи табобати тифлон аст.
Солҳои 1978-1983 дар ДДО ба номи А.И. Гертсени шаҳри Ленинград аспиранти кафедраи адабиёти хориҷӣ буд ва соли 1984 зери роҳбарии профессор А. Л. Григорева рисолаи «Восточная тема в английской литературе XVIII века»-ро дифоъ намуд. Ӯ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, дотсент ва мудири кафедраи адабиёти рус ва хориҷӣ будааст. Доктори илмҳои филология, профессор низ мебошад.
Соли 1996 аз Тоҷикистон рафт ва ҳоло дар шаҳри Берлини Олмон кор ва фаъолият дорад. Ҳамон ҳуббулватан буд, ки то ҳол сарнавишт, хонавода, ҷойи кор ва осори офаридааш дар меҳвари номвожаҳои тоҷику Тоҷикистон мечарханд.
Ёдовар бояд шавем, ки Ҳайзер соли 2014 «Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд» гардид. Дар соли 2016 барои иншои китоби “Тоҷи тиллоӣ” сазовори Ҷоизаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров гашт.
Ду карат (солҳои 2011, 2013) Аълочии фарҳанги Тоҷикистон ва аз соли 2004 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад.
АВВАЛИН МАҚОЛАИ ҲАЙЗЕР ДАР «ПОМИР»
Нахустин мақолаи ӯ, бино ба иттилои Матлубаи Мирзоюнус, дар ҳафтаномаи “Ҳақиқати Суғд” ҳанӯз соли 1989 бо номи «Камоли Хуҷандӣ дар энсиклопедияи асри XVII Фаронса» чоп шуда бошад ҳам, аввалин навиштаи тоҷикшиносияш соли 1991 дар моҳномаи «Помир» интишор ёфт.
– Александр Ҳайзер 250 мақола дар заминаи тоҷикшиносӣ ва тоҷикистоншиносӣ ба қалам оварда, тавассути матбуоти русиву олмонии ин кишвар ва берун аз он мунташир сохтааст. Аз муҳимтарин нигоштаҳои устод таҳқиқи сарнавишти вожаи тоҷик ва аносири фарҳанги миллии мо дар пажӯҳишҳои донишмандони Аврупост. Мақола ҳанӯз аввалин маротиба дар моҳномаи «Помир» дар соли 1991 интишор ёфта буд. Мақола «Чӣ тавр кишвари тоҷикон фатҳ шуд?» ном дошта, дар он муҳимтарин хотирот ва навиштаҳои сайёҳони аврупоӣ зимни сафарашон ба сарзамини аҷдодии мо шарҳу тафсир ёфтаанд, ки аз ҷумлаи онҳо Марко Поло, Рубруквис, Ёҳан Шилпбергер, Гонсалес де Клавихо мебошанд, - менависад Нуралӣ Нурзод, доктори илмҳои филология.
Бино ба таъкиди Ҳайзер, Руи Консалес де Клавихо ҳанӯз дар асри ХV ҳангоми сафари хеш ба Самарқанд ин роҳро аз тариқи Бадахшони кунунӣ тай мекунад ва ӯ аз нахустин гардишгарон аст, ки вожаи тоҷикияро дар баробари тоҷикони ин сарзамин истифода намуд. Тарҷумаи тоҷикии гунаи «Таджикиния» «Таjiqunja» наздиктар ба ҳамин вожаи Тоҷикистони кунунии мост.
«ТОҶИ ТИЛЛОӢ» ЧӢ ГУНА ИНШО ШУД?
Дар заминаи робитаҳои адабӣ соли 2011 китоби «Золотой венец» ва тарҷумаи тоҷикии он “Тоҷи тиллоӣ”-и Ҳайзер (Хуҷанд, 2015) чоп шуд ва бори дигар муҳри тасдиқ зад, ки муаллиф ба рисолати пажӯҳишгариву ҳақиқатнигорӣ садоқат дорад. Мақолаҳои китоб роҷеъ ба таърихи равобити адабии тоҷикон бо Аврупои Ғарбӣ ва Россия иттилои ҷолибу тоза дорад.
«Тоҷи тиллоӣ» ба масъалаи ҷойгоҳи адабиёт ва фарҳанги тоҷикон аз диди пажӯҳишгарони Аврупо ихтисос ёфтааст. Тавре ховаршиноси номвари олмонӣ Манфред Лоренс дар пешгуфтори китоби мазкур таъкид мекунад: «Александр Ҳайзер бо нигориши маҷмуи ин мақолаҳо бо таври эътимодбахш собит намудааст, ки асосҳои шукуфоии ин зуҳуроти адабӣ, яъне, пайвандҳои адабии Шарқу Ғарб на дар асрҳои охир, балки ҳанӯз дар асрҳои миёна ва мушаххасан, асрҳои XVII- XVIII, аллакай, шакл гирифта буданд. Дар китоби «Тоҷи тиллоӣ» Александр Ҳайзер маводи фаровон ва ҷолиберо манзур намудааст, ки аз рӯи он метавон ба саҳми ӯ дар омӯзиш, ташаккул ва таҳкими пайвандҳои фарҳангии Шарқу Ғарб баҳогузорӣ намуд».
Мавсуф, ҳамзамон, тарҷумони осори Камоли Хуҷандӣ, «Дафтари ишқ» «Ишқи минӯӣ» (ҳар ду китоб ҳам тарҷумаи ғазалҳои Камоли Хуҷандист), ашъори Абдураҳмони Ҷомӣ, ғазалҳои Фарзона, Шоири халқии Тоҷикистон, буда, дар ин замина низ номошност. Матлубаи Мирзоюнус навишта буд, ки “афзалияти ин тарҷумаҳо бевосита аз забони тоҷикӣ баргардонида шудани онҳо мебошанд”.
ТАЪСИСИ АНҶУМАНИ ДӮСТИИ ТОҶИКИСТОНУ ОЛМОН
Моҳи сентябри соли 2001 дар остонаи таҷлили 10-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Александр Ҳайзер, Фирӯз Баҳор, Эрна Ҳайзер, Наталия Султонова ва чанде аз тоҷикшиносони ин кишвар дар Олмон Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Олмон таъсис ёфт, ки то кунун роҳбарии онро Александр Ҳайзер бар дӯш дорад.
Бо эҳтимоми ин донишманди соҳибном имрӯз барои омӯзиши нусхаҳои хаттии осори суханварони порсу тоҷик, ки дар китобхонаҳои Олмон маҳфузанд, корҳои назаррасе анҷом мешавад ва минбаъд низ як бахши муҳими ҳамкориҳои Анҷумани дӯстии Олмону Тоҷикистон дар ҳамин росто идома дорад. Ҳамзамон, барои шаклгирии Гимназияи ба номи Ҳуте, шоири овозадори Олмон, дар шаҳри Хуҷанд ва анҷоми сафарҳои омӯзишии хонандагони ин мактаб аз иқдомҳои наҷиби раёсати ин Анҷуман мебошад.
Худи Ҳайзер иттилоъ медиҳад, ки Конфронси байналмилалии «1100-солагии Рӯдакӣ» дар Осорхонаи исломии Берлин, тарҷума ва муаррифии китоби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – «Тоҷикон дар оинаи таърих» бо забони олмонӣ, иттиҳоди диаспораи тоҷикистониён дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон, ташкили кофтуковҳои бостоншиносии олимони Олмон дар ноҳияҳои Данғара, Ховалинг, Восеъ, Фархор ва деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон, Конфронси илмӣ бахшида ба адабиёти тоҷик дар Донишгоҳи Ҳумболдти шаҳри Берлин бо номи «Адабиёти тоҷик дар анҷоми аввали аср. Роҳ ба сӯи оянда», тарҷума ва тарғиби осори тоҷикон дар моҳномаҳои илмиву оммавии русизабону олмонизабон дар он кишвар аз ибтикороти хуҷастаи ин Анҷуман аст, ки дар ҳамдастӣ бо Сафорати Тоҷикистон дар Олмон сурат мегиранд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 16.08.2024 №: 157
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)