ШОМИ ШАНБЕ
РОНАЛДО: «МАСЪУЛИЯТИ СОХТАНИ ЗИНДАГИРО БА ЗИММАИ ХУД ГИРЕД!»
Кристиан Роналдо, ки аз афсонаҳои олами футбол ном мебарем, дар натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ ба муваффақиятҳои беназир ноил гаштаву мегӯяд:
– Бидонед, ки муаллим шуморо хирадманд намекунад, равоншинос қудрати ором карданатонро надорад. Дороиатон аз роҳбар ва мавзунии қомататон аз мураббӣ вобаста нест. Масъулияти дигаргун сохтани зиндагиро ба зиммаи худ гиред, зеро ба ин танҳо худи шумо қодиред. Ҳеҷ касе кори шуморо он тавре ки мехоҳед, анҷом намедиҳад. Сохтани зиндагии хушу хуррам дар дасти шумост. Танҳо амал бояд кард.
Тарҷимаи М. ҚОДИРОВА
АМАЛКАРДИ ТОҶИРЕ, КИ ФАЙЗБАХШУ ОМӮЗАНДА АСТ
Банан чанд дирҳам?
– Шаст дирҳам.
Себ чӣ?
– Панҷоҳ дирҳам.
Лаҳзае, ки марди харидор аз мевафурӯш инҳоро мепурсид, зане вориди дукон гардид ва арзиши ҳамин меваҳоро фаҳмидан хост.
Фурӯшанда банан даҳ ва себ панҷ дирҳаму гуфту ба зан бо қимати понздаҳ дирҳам як килограммӣ мева дод.
Марди харидор дар ҳайрат монд ва хашмгин шуд, гумон кард, ки фурӯшанда ӯро фиреб додааст. Тоҷир бо мушоҳидаи ин ҳол ба ӯ хитоб кард: «Қасам ба Худо шуморо фиреб надодаам. Ин зан чор фарзанди ятим дорад ва ҳар қадар хостам бо шевае барояш ёрӣ кунам, напазируфт. Дасти кумак дароз карданро дар ҳамин роҳ дидам, то ба касе муҳтоҷ буданашро эҳсос накунад. Ҳар боре, ки ӯ бо табассум аз растаи мевафурӯшии ман берун меравад, он рӯз ман дар кори худ файзу баракати зиёд мебинам».
Таҳияи Кароматулло АТО
ДАР ҶОПОН КӮРПАИ ХУНУККУНАНДА ИСТЕҲСОЛ МЕШАВАД
Ширкати DADA Co-и Ҷопон кӯрпае ихтироъ намудааст, ки дар рӯзҳои гарм барои муътадил нигоҳ доштани ҳарорати бадани инсон мувофиқ аст. Кӯрпа метавонад, дар гармои шадид ҳароратро то 15 дараҷа паст кунад. Зуд хушк мешавад ва намиро фавран ба худ мегирад. Ҷопониҳо сирри ин кӯрпаи навихтироъро ошкор намекунанд, аммо дар он ҳеҷ гуна минихунуккунакҳо мавҷуд нестанд, - тамоми хусусият дар матоъ аст.
Қарор аст, истеҳсоли пурраи кӯрпа моҳи сентябр бо арзиши 100 доллари ИМА ба роҳ монда шавад.
Таҳияи Кароматулло АТО
ДАРСИ ИБРАТ Ё ЗЕРБИНОИ РАСТАГОРӢ
Марде фарзандонашро ба тамошои бозии голф бурд. Нархи чиптаҳоро пурсид. Чиптафурӯш гуфт:
– Барои ҳар нафари аз шашсола боло 3 доллар, боқӣ ройгон аст. Фарзандонат чандсолаанд?
– Писарам се ва духтарам ҳафт сол дорад.
– Метавонистӣ 3 долларро дар ҷайбат нигоҳ дорӣ, агар духтаратро шашсола мегуфтӣ. Ман, ки мутаваҷҷеҳи тафовуташ намешудам.
Мард гуфт: Дуруст, аммо бачаҳо мутаваҷҷеҳ мешуданд...
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
ДУ МАСЛИҲАТ
Баъзан вақт лозим аст атрофиёнро асабони кунӣ, то бифаҳмӣ чӣ қадар ҳарфҳои ногуфта доранд...
* * *
Вақте касе мегӯяд, ки ҳеҷ хубие дар ту надидаам, ӯро сахт дар оғӯш бигир ва оромона бигӯй: зиндагӣ барои нобиноён сахт аст.
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ
БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО...
Муаллифи «Робинзон Крузо» Даниел Дефоро аксарият мешиносанд ва ҳам шояд медонанд, ки маъруфияти Дефо то ба имрӯз ҳамчун асосгузори жанри роман ва ҳам журналистикаи иқтисодӣ пойбарҷост. Вале аз зиндагии шахсии ӯ кам касоне огоҳанд. Бовар нокарданист, вале далел аст, ки нависандаи бузург бо беш аз 500 китобу памфлетҳои камназираш хеле хору залил тарки дунё кардааст. Дефо бо ҳамсараш Мэри ва ҳашт фарзанд дар яке аз шаҳракҳои ҷиноятӣ ба сар мебурданд. Аҳволи хонавода вазнин ва падари хона қарздор буд. Кор то ҷое мерасад, ки Дефо дигар тоб намеорад ва аз баҳри оила гузашта, фирор мекунад.
Баъди муддате ӯ дар хонаи иҷора дар як гӯшаи номаълуми Лондон аз дунё мегузарад. Соҳиби хона аз ҳисоби худаш Дефоро гӯру чӯб мекунад.
Танҳо бо гузашти 100 сол аз марги Даниел Дефои бузург ҳукуматдорон қабри ӯро пайдо карда, болои сараш бо чунин навишта лавҳаи мармарин мегузоранд: “Ба хотираи муаллифи «Робинзон Крузо»».
Таҳияи С. РАҲМОНЗОДА
ҚОНУН ВА МЕЪЁРҲОИ ҒАЙРИОДӢ ДАР ИТАЛИЯ
Италия бо қонунҳои аҷибаш машҳур аст. Масалан, дар шаҳри Венетсия сокинон ва меҳмонон набояд ба оби каналҳо даст расонанд, дар кӯча хобанд ва дар ҷойҳои иҷозатнашуда ғизо хӯранд. Дар Рим ташкил кардани лагер дар назди ёдгориҳои таърихӣ қатъиян манъ аст. Сайёҳон бояд дар хотир дошта бошанд, ки набояд ҳангоми нӯшидани об ба ҷумаки фаввораҳои обнӯшӣ лаб расонанд. Дар акси ҳол, ҷарима хоҳанд супурд.
Таҳияи С. УМАРАЛӢ
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ДЕВОНА
– Хӯш чӣ даъво доред?
– Маро шаш моҳ девона гуфта, бо дасту пои баста дар беморхона хобонданд.
– Муфассал нақл кунед, то ба ҳозирин фаҳмо шавад.
– Рафиқ судя, ман дар маҷлиси вакилон эътироз кардам, ки чаро бинои боғчаву осорхонаро гирифта, аз они давлат кардан мумкину заводу фабрикаҳоеро, ки мансабдорон қариб бе пул хусусӣ кардаву хокашро бод додаанд, баргардондан номумкин будааст?!
Девонагӣ аз ин зиёд намешавад, ҷабрдида, даъвои шуморо қонеъ карда наметавонам.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳ. РАҲМОНЗОДА
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
АНДОЗ АЗ ПОРА
– Рафиқон дар ним сол маблағе, ки аз буҷет барои мубориза бо коррупсия сарф кардем, аз маблағҳое, ки ҳамчун дуздии моликияти давлатӣ ошкор шудаанд, ду баробар зиёд аст. Барои нимсолаи дуюм чӣ гуна таклифҳо доред?
– Пешниҳод мекунам, ки сар карда аз нимсолаи дуюм андоз аз пора ҷорӣ карда шавад!
Аз русӣ тарҷумаи Ф. РАҲМОНЗОДА
АЗ МУЪҶИЗАҲОИ МОДАР
1. Вақте модар дас-ташро ба ҷойи дардноки бадани фарзанд мегузорад, он дарҳол ҳамчун барқароршавӣ вонамуд мешавад. Ин, ҳатто, аз нигоҳи равонӣ воқеият дорад.
2. Модар ягона касест, ки худаш метавонад, мушкилоти шуморо ҳал намояд, агарчи дар ягон ҷое кор накунад ҳам.
3. Модар метавонад бо дуои худ роҳи сарнавишти фарзандро дигар созад.
4. Модар ягона инсонест, ки дар назди ӯ эҳсоси худро пинҳон, ҳатто, найранг намуда наметавонед.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
«СOCA-COLA» БА ҶОЙИ МОРФИН
Моҳи апрели соли 1865 табиби фаронсавӣ Ҷон Пембертон ҳангоми хизмати ҳарбӣ аз қафаси сина захмдор шуд. Барои таскини дард морфин истеъмол кард. Ҷароҳат сиҳат шуд, вале вобастагӣ аз доруҳои афюндор боқӣ монд.
Табиб барои даст кашидан аз маводи нашъадор аз баргҳои кока нӯшокие таҳия кард, ки дардро таскин медиҳад, аммо афюн надорад. Дере нагузашта ҳамин ихтирои табиб бо бренди «Шароби кокаинии фаронсавии Пембертон» табдил ёфта, серхаридор мегардад. Шумо пай бурдед, ки ин таърихи пайдоиши нӯшокии машҳури – «Coca-cola» мебошад.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН
АЗ ҲИКМАТҲОИ ПАУЛО КОЭЛО:
Баъзан бояд бирафт, то бидонӣ, кӣ аз пасат меояд.
Баъзан бояд оҳиста сухан кард, то бубинӣ, кӣ ба ҳарфҳоят гӯш медиҳад.
Баъзан бояд тасмими хато гирифт, то бидонӣ ҳангоме ҳама чиз аз даст рафтааст, кӣ бо туст.
Тарҷимаи Комрон САФАР
10 НӮШИДАНИЕ, КИ КАСРО ҶАВОН НИГОҲ МЕДОРАД
5. КАКАО
Какао махзани воқеии флавоноидҳо мебошад, ки рагҳои хунро тоза мекунад ва касро ҷавон нигоҳ медорад. Какао, ҳамзамон, хатари инкишофи гипертония, атеросклероз, диабети қанд, бемориҳои гурда ва мушкилоти хотираро коҳиш медиҳад. Флавоноидҳо хосиятҳои зидди кансерогенӣ доранд. Далели чунин таъсири судманди какао ба бадани инсон қабилаи Куна аз Панама буд. Мардон аз ин қабила дар як рӯз 40 финҷон какао менӯшиданд, ки тибқи пажӯҳишҳо, сабаби аслии солимӣ ва дарозумрии онҳо шудааст.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
ДИЛБАСТАГИИ ОЛМОНИҲО БА ОБИ ҶАВ ВА ФАНТА
1. Дар Олмон рӯзи якшанбе тамоми мағозаҳо ба ҷуз аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ кор намекунанд. Ин рӯзро ҳамагон бо истироҳат мегузаронанд.
2. Нӯшокии беҳтарини Олмон “Фанта” ба ҳисоб меравад, ки бори аввал маҳз дар ин давлат пайдо шудааст.
3. Бо забони олмонӣ дар тамоми сайёра қариб 105 миллион одам суҳбат мекунанд.
4. Олмон аз ҷиҳати истеҳсоли “пиво” (оби ҷав) дар ҷаҳон мавқеи дуюмро ишғол мекунад. Дар сархати ин рӯйхат Ирландия қарор дорад.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
ЧЕМПИОНАТИ НЕСТАНДАРҶАҲОН ВА ҒОЛИБИ МУТЛАҚИ ОН
Тирамоҳи соли 2023 дар Черногория чемпионати танбалӣ баргузор шуд, ки 50 рӯз идома кард. Пирӯзӣ насиби Лидия Марковичи 23-сола аз шаҳри Никсич гардид, ки наздик ба ду моҳ рӯи бистари гарм ба ҷуз хӯрдану нӯшидан дигар коре надошт.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
ЯК ТАҶРИБАИ НОДИР ВА ЗИНДАГИСОЗ
Дар Канада хонаи пиронсолонро бо ятимхонаҳо якҷо карда, шоҳиди натиҷаҳои судманде шуданд, ки аз интизориҳо бештар буд. Пиронсолон набераҳои меҳрубон пайдо карданд, ятимон бошанд, дар симои онҳо меҳру муҳаббати волидонро эҳсос карданд. Дар пайи ин таҷриба фазо дигар шуд, барои ҳар ду табақа арзиши ҳаёт ва зиндагӣ бештар гардид.
Таҳияи Шаҳнози ҚУРБОН
ЯК ПАНДИ ВАТАНДОРӢ
Леонид Якубович, роҳбари бадеӣ ва ровии барномаи машҳури «Поле чудес», суҳбатҳояшро бо дӯсташ – нависандаи шаҳир Расул Ҳамзатов ёд меорад, ки дар боби ватандорӣ афзуда:
– Метавон дар дилхоҳ гӯшаи дунё зиндагӣ ихтиёр кард, оила барпо намуду ҳаёти бофароғатеро муҳайё сохт; тулуъю ғуруби Офтобро аз равзанаи дигар дид, ҳатто, шуғлеро ҳам бо музди баландтаре пайдо намуд. Аммо рӯзе мерасад, ки дар ҷое ҳатман туро бегона хоҳанд хонд. Рӯирост нагӯянд ҳам, киноя хоҳанд зад. Нози касро танҳо худиҳо ва дар Ватан мебардоранд, фақат онҳо дар ҳар ҳолате моро фаҳмидаву мебахшанд.
Аз русӣ тарҷимаи Сабои КОМРОН
2024 – СОЛИ ОЛИМПӢ
Фосбер-флоп чӣ гуна пайдо шуд?
XIX Бозиҳои олимпӣ (Мехико-68) ҳамчун навоварӣ дар таърихи равияи ҷаҳиш ба баландӣ дониста мешавад. Ричард Фосбери амрикоӣ аз болои монеа ба тарзи нав – пуштнокӣ парид ва рекорди олимпӣ гузошт. Техникаи нав номи “Фосбер-флоп”-ро гирифта, дар ҷаҳон машҳур шуд.
Таъсирноктарин маросими пӯшидашавӣ
Маросими пӯшидашавии XVII Бозиҳои олимпӣ (Москва-80) ҳамчун чорабинии таъсирнок ба таърих ворид шудааст. Баъд аз он ки чароғҳои варзишгоҳ хомӯш шуданд, мухлисон яке паси дигар машъалҳои сунъии коғазӣ фурӯзон карда, варзишгоҳро аз нав равшан сохтанд.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ
СОЗҲОИ МУСИҚӢ
КАРНАЙ
Карнай сози мусиқии нафасиест, ки, асосан, аз маъдани биринҷ ва баъзан аз мис сохта мешавад. Карнай аз қисмҳои зерин иборат аст: даҳана, торсак, нил, миёнаҷо, каба, қубба ва ҷияки ороишӣ. Дарозии карнай 190-210 сантиметр буда, қутри лӯлаи он 3,3 см ва вазнаш тақрибан 1 килограмм мебошад. Дар даҳсолаҳои охир истифодаи карнай дар ҷашнҳои арусӣ, хатнасур ва маъракаҳои дигари хурсандии тоҷикон маъмул шудааст.
Таҳияи Шодмон АБДУРАҲИМ
ДАЛЕЛҲОИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ БАЪЗЕ МАНОТИҚИ ОЛАМ
• Дар Антрактида тули таърих ҳамагӣ 11 нафар таваллуд шудааст.
• Андора қӯшунҳои ҳарбӣ надорад ва ин кишвар дар муддати 13 аср бо ҳеҷ кишваре ҷанг накардааст..
Таҳияи Нигина РАҲМОН
ФАКТҲОИ ҶОЛИБ АЗ ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ
* Аз миёни ҳайвонот аввалин маротиба сангпуштро ба Моҳ фиристодаанд.
* Дар Амазонка делфини гулобиранг мавҷуд аст.
* Хорпушт 36 дандон дорад.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
СИРРИ ХУШБАХТИИ ЭЙНШТЕЙН 1,5 МИЛЛИОН ДОЛЛАР ФУРӮХТА ШУД
Соли 1922 Эйнштейн барои хондани лексия ба Токио сафар мекунад. Рӯзе ба ҳуҷраи вай хаткашони меҳмонхона бо телеграмма меояд. Бар ивази хизматаш Эйнштейн ба хаткашон пул доданӣ мешавад, аммо хаткашон аз рӯйи анъанаи ҷопониҳо пулро рад мекунад. Ба ҳар ҳол, Эйнштейн мехост бо ягон роҳ ба ин мард ташаккур гӯяд ва зуд дар варақаи меҳмонхона чанд калима навишта, ба хаткашон дода, мегӯяд: “Шояд рӯзе ин коғаз, ақаллан арзише пайдо кунад”.
Бо гузашти солҳо ана ҳамин нома, ки хаткашон баъдан ба ҷиянаш васият карда буд, дар музоядае дар шаҳри Байтулмуқаддас ба маблағи яку ним миллион доллари ИМА фурӯхта шуд.
Дар он навишта шуда буд: “Зиндагии орому хоксорона назар ба талоши муваффақият ва ташвиши доимие, ки онро ҳамроҳӣ мекунад, хушбахтии бештар меорад”.
Таҳияи Наргис АТОЕВА
Санаи нашр: 16.08.2024 №: 157
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Шарҳҳо (0)