ҶУМҲУРИЯТ » ҲУҶҶАТҲО » ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

19 август 2024, Душанбе
38
0
аз 16 августи соли 2024, № 449, ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи муовини вазири мудофиаи
Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тайёрии ҷангӣ
озод намудани Сафарзода Ҷ. С.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Сафарзода Ҷамшед Сафар бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тайёрии ҷангӣ озод карда шавад.
 
Раиси Ҳукумати 
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
 
 
 
ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
аз 16 августи соли 2024, № 450, ш. Душанбе
Дар бораи муовини вазири мудофиаи
Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тайёрии ҷангӣ
таъин намудани Абдуллозода С. С.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Абдуллозода Саидасрор Саид муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тайёрии ҷангӣ таъин карда шавад.
 
Раиси Ҳукумати 
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
 
 
 
ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
аз 16 августи соли 2024, № 451, ш. Душанбе
Дар бораи муовини якуми вазири кишоварзии
Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Асозода Н. М.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Асозода Нуралӣ Маҳмадулло муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
 
Раиси Ҳукумати 
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
 
 
 
ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
аз 16 августи соли 2024, № 452, ш. Душанбе
Дар бораи директори Корхонаи воҳиди давлатии
«Таъмиру сохтмонӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Арабзода Х. С.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Арабзода Хуршед Сайвалӣ директори Корхонаи воҳиди давлатии «Таъмиру сохтмонӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
 
Раиси Ҳукумати 
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
Санаи нашр: 19.08.2024 №: 158
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив