ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МЕХОСТАМ ПАЙРАВАШ БОШАМ

МЕХОСТАМ ПАЙРАВАШ БОШАМ

21 август 2024, Чоршанбе
19
0
Шахсияте, донишманде, мунаққиде чун Соҳиб Табаров хеле ангуштшумор аст. Ин гуна шахсиятҳоро табиат барои ҷомеа, инсоният ва ривоҷу такомули соҳа тақдим менамояд. Хушбахтанд онҳое, ки ба суҳбат, таълимашон, роҳнамоияшон бештару беҳтар мушарраф мегарданд ва ба умқи эҷодашон мерасанду онҳоро баҳои дуруст медиҳанду қадрдонӣ мекунанд.
Муаллифи ин сатрҳо 5 сол дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ин устоди забардасту мушфиқу ғамхор таълиму тарбия гирифтааст. Баъдҳо ҳам ҳамеша бо ӯ дар иртибот буд. Албатта, гоҳе дурушт мегуфт, аммо он аз рӯи бадбинӣ набуд. Имрӯз, ки ҷисман ин устоди муътабар ҳамроҳи мо нест, бештару беҳтар ба умқи суханҳояш, навиштаҳояш, насиҳатҳояш мерасем. Зарур медонам, ки чанде аз ёддоштҳои худро аз дарсҳо, суҳбатҳо ба ифтихори ҷашнашон ба хонандагон пешкаш намоям.
Дар 5 соле (1979-1984), ки ба мо таълиму тарбия медод, боре ҳам як дақиқа ба синфхона дер ворид нашудааст. Ва низ як дақиқа вақтро ба хомӯшӣ, ё беҳуда нагузарондааст. Ҳозиру ғоиб намекард, то вақтро сарфа намояд.
Дафтари лексионӣ надошт. Аз шарикдарсамон Саодат Азораева, ки баъд аз хатм то ба нафақа расидан муҳаррири Телевизион ва Радиои Тоҷикистон буд, хоҳиш мекард, ки суҳбаташро бинависад. Пас аз анҷоми дарс онро ба хона мебурд. Вақте китобҳояш нашр мегардиданд, медидем, ки ҳамон лексияҳо, суҳбатҳоянд, ки мо ба шуниданашон пеш аз чоп шарафёб гаштаем, албатта бо таҳриру такмил.
Соли 2007, яъне 17 сол пеш дар ин хусус ба ӯ бо чунин савол муроҷиат кардам: “Шумо барои донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки мо ҳам шомили ин гурӯҳ будем, пайваста курсҳои наверо чун “Матншиносӣ”, “Назарияи танқиди адабӣ”, Адабиётшиносии муқоисавӣ”, “Методҳои таҳлили асарҳои бадеӣ” мегузаштед ва оид ба ҳамаи онҳо китобҳои таълимиро ба табъ мерасондед. Ҳамзамон, дар сатҳи баландтар шогирдонро барои омӯзиш, ҳимояи рисолаҳои илмӣ ҳидояту роҳбарӣ мекардед. Ба андешаи Шумо чаро ин иқдоми нек минбаъд, яъне пас аз рафтанатон аз Донишгоҳ аз ҷониби дигар омӯзгорон идома наёфт?”.
Ӯ дар посух ба ин савол иброз дошт: “Замона дигар шуд. Он шогирдон мағрур шуданд ва ҳам қаноат варзиданд, савияи донишашонро баландтар набардоштанд, баҳри рушду камолоти илмӣ ва адабӣ-эстетикии миллат хидмат намуданро қатъ карданд. Баъзеҳояшон мансаб гирифта, аз илм дур шуданд. Банда баръакс, як шиор дорам: “Он чи медонӣ, ба дигарон бидеҳ, майнаатро холӣ бикун ва дар он боз дониши нав ҷой намо, ки шогирдон надошта бошанд”.
Ва ин ҳам аз посухи ӯ ба ин пурсиш мебошад: “Курси “Назарияи танқиди адабӣ”-ро, ки дар тамоми дунё набуд, гузаштам, барномаашро тартиб додам, китобашро навиштам. Ин сабаб шуд, ки се китобча дар бораи назарияи танқиди адабӣ бинависам. Агар гӯед, ки бунёдгузори илми назарияи танқиди адабӣ дар Тоҷикистон Соҳиб Табаров аст ва он даҳ кори докторӣ мешавад, бешубҳа, хато намешавад. Шумо дар куҷо “Асосҳои назарияи танқиди адабӣ”-ро пайдо карда метавонед? Ба забони русӣ ҳам ин гуна адабиётро наёфтам, ба забони англисӣ ҳам. Аз рӯи ин се китоби ман ҳоло дарс мегузаранд”.
Мунаққиди асил буд. Ба маҳал, шахсият, вазифа дар ин маврид эътибор намедод. Барояш баёни ҳақиқат, роҳнамоии адибу эҷодкор муҳимтар аз ҳама буд.
Мегуфт, ки мунаққиди асил дар ягон давру замон, дар ҳеҷ куҷо рӯзгори хушро надидааст. Дар ин маврид Белинскийро мисол меовард, ки ду полис мехостанд ӯро зиндонӣ кунанд, вале марг аз онҳо пешдастӣ кард.
– Кӣ мунаққид шуда метавонад, мурод мунаққиди асил аст?, – пурсида будам аз устод. Чунин посух дод: “Танҳо одами боҷуръат мунаққид шуда метавонад. Дониши мунаққид бояд хеле комил бошад, ҳатто дар муқоиса бо шоиру нависандаву драматург ва ҳам соҳаҳои гуногуни адабиёту адабиётшиносиро хуб донад. Мунаққид бояд ҳеҷ гоҳ ба вазифаву зодгоҳу маҳали адиб аҳамият надиҳад”.
Дар ҳақиқат, устод сахтгир буд ва хотир намедид. Соли сеюм ё чоруми таҳсил буд. Кори курсиямро навиштаму ба ҳимоя омода шудам. Мавзуъ “Ташхис ва методи эҷодӣ” буд. Бо ин ки ба ман ҳамчу шоир ва донишҷӯи фаъол эътимод дошту эҳтиром мегузошт, гуфт: “Панҷоҳ методи эҷодиро ном баред ва тафовути онҳоро аз ҳамдигар бигӯед”. Ман чанд методро ном бурдам, аз панҷ убур намекард, чӣ расад ба панҷоҳ. Сахт ранҷид, сарзанишам кард ва гуфт: “Намехонед, намехонед, намехонед, намедонед, намедонед, намедонед!”. Агар дар ҳимоя ӯ иштирок намекард, шояд баҳои 5 мегирифтам. Бо хоҳишу зориву тавсифи роҳбарам Раҳими Мусулмониён ба ман баҳои 4-ро раво диданд. Ман пас аз ин эроди устод бештару бештар мутолаа кардам ва дарёфтам, ки шумораи методҳо аз 50 ҳам зиёд будааст. Аҷаб ин буд, ки дар он рӯзи ҳимоя устод 50 методро ном бурд ва фарқи чанде аз онҳоро ҳам баён дошт.
Ба хотираи ин омӯзгору мунаққиди асил дар тааҷҷуб меафтодем.
Дар суҳбатҳо, дарсҳо мегуфт: “Ман ҳамсол надорам. Ҳамаи онҳоеро, ки мешинохтам, дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ вафот карданд. Аз ин рӯ, мақсад гузоштам, ки ба ҷойи онҳо ҳам кор кунам”.
Мегуфт: “Соли 1942 комиссияи ҳарбӣ баъд аз муоина ҷавобам дод ва тавсия намуд, ки ба комиссияи маҷрӯҳони назди шуъбаи таъминоти иҷтимоии шаҳр равам, то нафақаи беморӣ бигирам. Комиссия маро нафақахӯри бемории гурӯҳи дуюм таъин кард. Бароям 15 сум нафақа муқаррар намуданд. 15 сумро нагирифтам ва навиштам, ки онро ба фонди муҳофизати Ватан мебахшам. То ҳол (соли 2007) нафақаи бемориамро нагирифтаам.
Насиҳатам мекард: “Бештару бештар бихон, таҷриба биандӯз аз шоирони асилу машҳури дунё ва барои адабиёти миллӣ хидмат бикун. Руҳи навиштаҳоят бояд миллӣ ва замони нав бошад. Даврони ҷавониро хуб ва босамар истифода бибар, яъне бештар эҷод бикун, фориғбол нашав. Дар пирӣ ин эҳсос, ин неру дигар намемонад. Сабру таҳаммулро пешаи худ қарор бидеҳ ва аз ҳеҷ гуна мушкили рӯзгору монеаҳои эҷодкардаи бадхоҳон натарс. Таърих адолатро дӯст медорад ва сараро аз носара ҷудо мекунад”.
Аз адибони тоҷик бештар Фазлиддин Муҳаммадиев, Муъмин Қаноат ва Абдулҳамид Самаду шодравон Ғоиб Сафарзодаро дӯст медошт. Мегуфт, Фазлиддин Муҳаммадиев ва Абдулҳамид Самад бо эҷоди асарҳои баландғояашон ахлоқи накуи миллиро тарғиб ва инсонҳоро роҳнамоӣ мекунанд, ки дар роҳи росту бо бадӣ оштинопазир бошанд. Муъмин Қаноату Ғоиб Сафарзодаро ба хотири истеъдоди баланди шоирӣ ва руҳи миллӣ доштани асарҳояшон дӯст медошт. 
Устод Соҳиб Табаров бо ин ки умри худро хубу пурсамар гузаронд ва китобу мақолаҳои зиёд ба табъ расонд, аз худ қонеъ набуд. Мегуфт, агар медонистам, ки ин қадар зуд пир мешавам, ду-се баробар бештар кор мекардам.
Бо он ҳама ранҷу озорҳое, ки ӯро доданд ва худ мегуфт, онҳоро танҳо Худо медонаду худаму ҳамсарам, 92 сол умр дид. Устувор дар як мавқеъ монд ва ҷасораташро аз даст надод. Мегуфт, ки се чизро бад мебинам: дурӯғ, фиреб, тамаллуқ ва аз ин чизҳо парҳез мекунам.
Бешубҳа, дуруст мегуфт, зеро бо кору рӯзгораш аз наздик шинос будам ва бисёр мехостам, ки дар ин маврид пайраваш бошам.
 
Абдулқодири РАҲИМ, “Ҷумҳурият”
 
P.S.: Соҳиб Табаров аз соли 1949 номзади илмҳои филология, аз соли 1951 нахустин дотсенти кафедраи забону адабиёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва аз соли 1953 узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буд ва то ба охир дар ин мақом монд. Хидматҳои арзандааш, албатта, дур аз назарҳо намонд. Ба ин хотир аст, ки имсол 100-солагиашро ҷашн мегиранд ва муассисаҳои илмиву таҳсилоти олии касбии дахлдори кишвар муваззаф шудаанд, то онро дар сатҳи баланд таҷлил намоянду расонаҳо дар тарғиби кору рӯзгораш саҳми дурусту арзанда бигиранд.
Санаи нашр: 20.08.2024 №: 159
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив