ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

21 август 2024, Чоршанбе
12
0
Дуздӣ, гумонбар масти шароб буду соҳибхона масти хоб
Сокини ноҳияи Деваштич, ки аз ӯ марди 33-сола ном бурда мешавад, 11-уми августи соли ҷорӣ аз як манзили истиқоматӣ дар шаҳри Хуҷанд ҷузвдонеро, ки дар дохилаш 3800 доллари ИМА дошт, дуздидааст. 
Тибқи иттилои маркази матбуоти ВКД, ин мард дар ҳолати мастӣ вориди манзили истиқоматӣ шуда, вақти хоб будани соҳибхона (марди 30-сола) даст ба чунин кирдор задааст.
Ҳоло нисбат ба гумонбаршаванда бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ (дуздие, ки бо роҳи ғайриқонунӣ дохил шудан ба манзил содир шудааст) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст, ки ин банди қонун ҷазо дар намуди ҷарима ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то панҷ солро пешбинӣ мекунад. 
 
 
Боздошти марди қаллоб
Кормандони милитсия марди 37-солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро ба гумони содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир намуданд.
Тавре сомонаи ВКД дар ин бора хабар медиҳад, шахси гумонбар ҳанӯз моҳи майи соли 2023 дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ бо роҳи фиреб ба боварии ҷавони 24-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 3 мошини гуногунтамғаро ба маблағи 390 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати 2 моҳ маблағи воситаҳои нақлиётро пардохт мекунад. Аммо то ҳол ин аҳдро иҷро накардааст, ки дар робита ба он тафтишот идома дорад.
 
 
Ғоратгарон ба дасти милитсия афтоданд
Маркази матбуоти ВКД хабар дод, ки ду сокини шаҳри Душанбе (мардони 35 ва 39-сола) аз ҷониби кормандони милитсия боздошт шуданд, ки дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ гумонбар мешаванд.
Гумонбарон 14-уми августи соли ҷорӣ дар кӯчаи Асадулло Ғуломови пойтахт бе ягон асос бо марди 44-сола муноқиша карда, тариқи зӯроварӣ ва ошкоро аз ҷайбаш 800-сомониро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Инчунин, дар шаҳри Кӯлоб ду ҷавони 18-сола даст ба кисаи як ҳамсоли худ бурда, телефони мобилиашро, ки 2 ҳазору 100 сомонӣ арзиш дорад, тасарруф намудаанд. Ин дар ҳолест, ки яке аз ин ҷавонон, қаблан бо моддаи 244 (дуздӣ) Кодекси ҷиноятӣ суд шудааст.
Феълан ҳар ду ҳолати ғоратгарӣ мавриди тафтишот қарор дорад. 
 
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият” 
Санаи нашр: 20.08.2024 №: 159
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив