ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НАҚЛИЁТИ ЭКОЛОГӢ.  ЧАНД ПАҲЛУИ МУСБАТИ ЯК ИҚДОМ

НАҚЛИЁТИ ЭКОЛОГӢ.  ЧАНД ПАҲЛУИ МУСБАТИ ЯК ИҚДОМ

21 август 2024, Чоршанбе
27
0
Аз ин ба баъд ҳамаи соҳибони мошинҳои барқӣ дар Тоҷикистон ҳангоми бақайдгирӣ дар БДА бояд рақами давлатии сабз гиранд. Тавре ба хабарнигори мо сардори раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ (РБДА ВКД) Рустам Мирзомуродзода иттилоъ дод, чунин талабот мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми апрели соли 2024 дар доираи Барномаи давлатии рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028 ҷорӣ карда шудааст.
Қаблан аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Консепсияи гузариш ба низоми барқӣ дар нақлиёти мусофиркашонии шаҳри Душанбе барои солҳои 2023-2026 ва қарор дар бораи то 1-уми сентябри соли 2025  пурра гузаштан ба хизматрасонии таксӣ бо истифода аз нақлиёти барқӣ ба имзо расида буд.
Тибқи маълумоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2023 ба Тоҷикистон 3316 мошини барқӣ ба маблағи умумии 59 миллион доллари ИМА ворид карда шуд. Танҳо дар 6 моҳи аввали соли 2024 ба кишвар 5266 мошини барқӣ ба маблағи умумии 76,4 миллион доллар ворид гардидааст, ки ин 26,7 дарсади шумораи умумии мошинҳои воридшударо (зиёда аз 19,7 ҳазор адад) ташкил медиҳад.
Воқеан, бо мақсади дастгирии рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон,  чун дар дигар кишварҳо, имтиёзҳо ҷорӣ шудаанд. Бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ  аз 2-юми августи соли 2023, ба кишвар ворид намудани воситаҳои нақлиёти истеҳсолашон то соли 2013 манъ карда шуд. Ҳамзамон, тибқи таҳрири нави Кодекси андоз, ки моҳи марти соли 2022 қабул шудааст, воридоти мошинҳои барқӣ аз пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ ба муҳлати 10 сол озод мебошад.
Дар Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028, ки бо қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №532 аз 31-уми октябри соли 2022 тасдиқ шудааст, қонеъ сохтани талабот ба намудҳои нави мошинҳои барқӣ тавассути истифодаи иқтидори корхонаҳои хусусии ватанӣ амалӣ карда мешавад. Дар айни замон, ҶДММ «Акиа Авесто Автоматив Индастри» истеҳсоли  оммавии намудҳои нави автобусҳои барқӣ, инчунин, истеҳсоли бастабандонаи системаҳои дастгирии аккумулятор барои мошинҳои барқиро аз рӯи  усули «мутобиқшавӣ» ба нақша гирифтааст, ки ин имкон медиҳад маҳсулот тибқи талаботи мушаххаси фармоишгар, бо назардошти хусусиятҳои техникӣ, андозагирӣ ва конструктивӣ истеҳсол карда шавад. Илова бар ин, Тоҷикистон ният дорад, дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои чинӣ истеҳсоли мошинҳои барқии худро ба роҳ монад.
 Тавре вазири нақлиёт Азим Иброҳим дар нишасти матбуотии чанде пеш суратгирифта ба хабарнигорон гуфт: «Тоҷикистон яке аз кишварҳое мебошад, ки неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва арзон истеҳсол мекунад. Дар робита ба ин, истифодаи мошинҳои барқӣ дар кишвар аз ҳама ҷиҳат мувофиқ ва самаранок аст. Хусусан, дар давраи болоравии нархи сӯзишворӣ. Истифодаи мошинҳои барқӣ на танҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ, балки аз ҷиҳати экологӣ низ манфиатовар мебошанд, онҳо вобастагии кишварро аз як қатор молҳои воридотӣ коҳиш медиҳанд».
Ёдовар мешавем, ки рақамҳои сабз барои мошинҳо, мисли рақамҳои муқаррарӣ, 380 сомонӣ арзиш доранд.
 
М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 20.08.2024 №: 159
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив