ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЧИЛУЧОРЧАШМА  МУЪҶИЗАИ ТАБИАТ АСТ, НА МАЗОРЕ,  КИ АЗ ОН АРЗУ НИЁЗ ТАЛАБЕМ

ЧИЛУЧОРЧАШМА  МУЪҶИЗАИ ТАБИАТ АСТ, НА МАЗОРЕ,  КИ АЗ ОН АРЗУ НИЁЗ ТАЛАБЕМ

21 август 2024, Чоршанбе
20
0
Чанде пеш бо мақсади тамошои манзараҳои нотакрори Ватан ба яке аз гӯшаҳои дурдасту дидании  кишвар Чилучорчашма, воқеъ дар ноҳияи Носири Хусрав, рафтем. Дар як дашти беканору беоб, ки биёбонро мемонад, бехи дарахтони маҷнунбед ҷорӣ шудани обҳои мусаффо васфи биҳиштро ба ёд меовард. Аз поку соф будани оби чашма, шинокунии моҳиён ва дурахши сангҳои зери об ба чашм аён ва назаррабо буданд. Ин маконро ҳамин муъҷизаи об, ки аз қаъри замин фаввора мезанад, машҳур кардааст. Ҳамасола ҳазорон сайёҳи дохилию хориҷӣ бо шавқ ба сӯяш мешитобанд. Воқеан, имрӯз Тоҷикистон бо ҳамин обҳои софу ширинаш машҳури дунё гаштааст. Аммо, бо вуҷуди ҳама зебоӣ ва назокати табиати Чилучорчашма, амалҳои ҳайратовари бархе аз одамон табъи моро хира кард.
Дар ҳамон мавзеъ, дар болои теппа мақбарае бино шудааст, ки онро ба саиси ҳазрати Алӣ – яке аз ёрони паёмбари ислом рабт медиҳанд. Ривоятҳо атрофи он мазор зиёд аст. Аз ҷумла, тибқи ривоят, шахсияти афсонавӣ Бобо Қамбар, ки сарбоз ва галабони аспҳои лашкари Ҳазрати Алӣ будааст, ҳангоми набард бо кофирон дар Бадахшон захмӣ мешавад. Бобо Қамбар орзу мекард, ки чилучаҳор чашмаро пайдо кунад, вале ҳеҷ яке аз сарбозон маҳали ҷойгиршавии онро намедонистанд. Барои дарёфти ин чашмаҳо лашкари Ҳазрати Алӣ худро ба гурӯҳҳо тақсим карданд ва яке аз ин гурӯҳҳо ба музофоти Қубодиён расид ва як воҳаи хурде ёфт, ки чилучаҳор чашма дорад. Ҷасади Бобо Қамбарро дар он ҷо ба хок супурданд ва Ҳазрати Алӣ дар болои қабри сарбози худ дуо намуд. Аз он вақт баъд қабри Бобо Қамбар ба макони ибодат ва зиёрат табдил ёфт. 
Агар атрофи ин ривоёт андеша кунем, ҳеҷ яке аз онҳо ба воқеият наздикӣ надоранд. Дар ҳеҷ китоби таърихӣ гуфта нашудааст, ки Ҳазрати Алӣ ба Бадахшон ҳуҷум карда бошад. Инҳо ҳама афсонаанду халос. 
Вале ҷойи нигаронӣ аст, ки мардум ин ҳамаро воқеият гумон карда, ин маконро ба зиёратгоҳ табдил додаанд. Аламовар аст, ки баъзе аз афроди алоҳида макони зиёратро ба сарчашмаи даромади молиявӣ табдил дода, ҳар гуна овозаҳои бардурӯғи таблиғотиро пиромуни зиёрату маконҳои ба истилоҳ “муқаддас” паҳн сохтаву месозанд. 
Сафархӯҷа Саидов, ҷомеашинос, дар яке аз матлабҳояш андешаашро дар ин мавзуъ чунин баён медорад: “Дар асоси таҳлилҳо, имрӯз дар Тоҷикистон парастиши мазор ва зиёратгоҳҳо ба зуҳуроти паҳншудаи хурофотӣ мубаддал гаштааст. Дар қаламрави ҷумҳурӣ тақрибан деҳае нест, ки дар он ду-се мазор ва ё ба истилоҳ “макони муқаддас” вуҷуд надошта бошад. Эътиқод ва парастиши мазорҳо аз тарафи мардум ба як навъи мафкура ва ҷаҳонбинӣ мубаддал гаштааст. Аксарият бар онанд, ки мазорҳо ва ҷойгоҳи ашхоси дафншуда метавонанд дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва вазъи зиндагии инфиродии онҳо таъсиргузор бошанд.”
Бо ин тафаккур, шинохт ва ҷаҳонбинӣ мо ба куҷо мерасем? Яқин аст, ки ин гуна афкор моро ба сӯи фатализму тақдиргароӣ ва дар зимн, бемасъулиятӣ мебарад. Яъне, миллионҳо нафар барои рафъи мушкилоти худ ва ҷомеа роҳи ҳалро дар он мебинанд, ки рӯ ба мазорҳо оранд ва арзи ниёзу дуо кунанду шафоат талабанд.
Гуфтан ба маврид аст, ки аксарияти чашмаҳои кишвар, воқеан ҳам, хусусияти шифобахшӣ доранд. Ин табиат аст. 
Гузашта аз ин, ширкатҳои сайёҳӣ ҳам ҳини таблиғи ҷойҳои сайёҳӣ барои ҷалби муштариёни худ аз ҳар гуна ривоятҳо, дурӯғҳо истифода мебаранд. Ба қавле “Болои сӯхта намакоб”. Масалан ширкати  “Ором травел”  дар сомонаи худ (https://oromtravel.tj/ru/chiluchor-chashma) дар мавриди Чилучорчашма навиштааст, ки: “....дар ҷануб мавзее ҳаст, ки Чилучорчашма ном дорад. Мардум аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон ба он ҷо омада, аз чашма санг гирифта, орзу мекунанд. Бисёриҳо пас аз муддате бармегарданд, то сангро баргардонанд, зеро тибқи ривоятҳо, пас аз амалӣ шудани хоҳиш бояд санг ба чашма баргардонда шавад. Orom Travel бо камоли майл шуморо ба саёҳати ҷолиб ба макони нотакрори Чилучорчашма даъват мекунад”.  
Тақрибан ба ҳамин мазмун дар сомонаи https://traveltajikistan.tj  низ лавҳаи таблиғотӣ навишта шудааст: “Ҳикояи дигари машҳур дар бораи пайдоиши ин чашмаҳо он аст, ки Алӣ барои таблиғи ислом ба ин водӣ омадааст, аммо дарёи наздик хушк шудааст. Сипас Алӣ дарёро лаънат кард ва онро Кофирниҳон (маконе, ки кофир пинҳон мешавад) номид. Алӣ ба макони ҳозираи Чилучорчашма расид ва аз Худованд дуо кард, ки ба лашкарҳояш об фиристад. Ӯ бо дастонаш ба замин зад ва аз ҷои ангуштон панҷ чашмаи об баромад.”
Вақте, ширкатҳои сайёҳӣ ба бовари мардум чунин муносибат мекунанд ва онро бо се забон дар сомона мегузоранд аз дигарон чӣ гила?
Гуфтаҳои боло ҳамон ҷаҳлу хурофотест, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз он нигаронӣ карданд. Дарвоқеъ, дар замоне, ки инсоният бо ихтирооти худ ба кайҳон меравад, донишмандон тавассути зеҳни сунъӣ дунёро фатҳ кардаанд, баъзеҳо аз гӯру қабру мурда мадад меҷӯянд. Яқин аст, ки ингуна афроди хурофотпараст туъмаи саҳлу осони ташкилотҳои террористиву экстремистӣ мегарданд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки илму донишро дар муқобили ин ақидаҳои пуч ҳамчун силоҳ қарор диҳем. 
 
Шодмон АБДУРАҲИМ 
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 21.08.2024 №: 160
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив