ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛ. ДЕҲАҲО ШАҲРАК МЕШАВАНД

ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛ. ДЕҲАҲО ШАҲРАК МЕШАВАНД

23 август 2024, Ҷумъа
18
0
Ҳайронбед яке аз рустоҳои зебоманзари Ҷамоати деҳоти Фондарёи ноҳияи Айнӣ буда, бо аҳолии наздики 800 нафар маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ аз лиҳози иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рушд карда, сатҳи зиндагии аҳолиаш низ сол ба сол боло меравад. 
Ҷиҳати  омодасозии матолиб дар иртибот ба истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд тасмим гирифтам, дар радифи деҳоти зиёди шимоли мамлакат, ки дар иншооти зиёди дорои аҳамияти иқтисодӣ,  иҷтимоӣ  ва  фарҳангиву варзишӣ бунёд мешаванд, аз ин деҳаи наздик ба мавзеи машҳури Искандаркӯл дидан намоям. Сониян, агар толеам баландӣ кунад, бо ҳамсабақи даврони донишҷӯйӣ Азизқул Маликов, ки солҳо боз надидаам вохӯраму ҳамзамон, аз дигаргуниҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангии солҳои соҳибистиқлолии мардуми ин рустои кӯҳистон нависам. Дар урфият мегӯянд: “кӯҳ ба кӯҳ намерасаду одам ба одам мерасад”. Дар рӯзи аввали сафар ҳамсабақамро дидаму баъди дуриву ҷудоиҳои беш аз чор даҳсола суҳбати гарм анҷом додем.
Азизқул Маликов аз ҷумлаи омӯзгорони муваффақи ин деҳа маҳсуб меёбаду сарфи назар аз расидан ба синни нафақа фарзандони диёрро таълим медиҳад. 
Субҳи дигар бо роҳбаладии Азизқул ба тамошои ин рустои хуррам баромадем.  Хурду калон аз субҳи содиқ андармони корҳои ободонӣ буданд. Гурӯҳе бо ҳавсалаи том ба сохтмони майдони варзиш машғулу гурӯҳе канори роҳи мошингардро барои  мумфаршкунӣ омода месохт, ҷои дигар бинокорон ба азнавсозии мактаби деҳ машғул буданд.  Солманде, ки худро Гулмаҳмад Тошев муаррифӣ кард, гуфт: "Бовар кунед, меҳмон, ҳамаи ин созандагиҳо, бунёдкориҳо гӯё афсона аст. Албатта, ин ободкориҳову созандагиҳо ба шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст. Шукри Худо, ки ба чунин рӯзҳо расидем. Ку як назар кунед, ягон манзилеро  мебинед, ки нишон аз  девори похсагии бобоиву болопӯшаш хоку лой бошад. Нест! Ҳама имрӯз замонавӣ, бо тамоми шароитҳо муҷаҳҳаз".  
– Ёд доред, дар даврони шуравӣ шиоре буд: "Наздик кардани ҳаёти деҳот ба шаҳр?" Ин шиору дастури шуравӣ имрӯз маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ амалӣ мешавад, – илова мекунад ҳамсабақам Азизқул. 
Ҳоло дар ҳамин деҳаи хурди кӯҳистон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва соҳибкорони бонангу номуси ватанӣ иншооте ба монанди маркази савдо ва хизматрасонӣ,  мактабҳои замонавӣ бо майдончаҳо ва толорҳои варзиш, бунгоҳҳои тиббӣ қомат рост мекунанду роҳҳои мумфаршшудаи васеъ дар ихтиёри мардум аст. Ин ҳама бунёдкориҳо деҳаро, воқеан ҳам, ба шаҳр монанд кардааст. 
Раиси хоҷагии деҳқонии деҳа Савриддин Неъматов аз он изҳори қаноатмандӣ кард, ки соҳибкорони маҳаллӣ аз худ ташаббускориҳо зоҳир мекунанду ҷиҳати сохтмони ин ё он иншоот, таъмири роҳу кашидани хатти об пешниҳод мекунанд. Фарзандони бонанги рустои  Ҳайронбед Баёнқул Алимов, Ҳусин Ҷунайдов аз ҷумлаи ташаббускорони фаъоли ин деҳаи хуррам мебошанд. 
Чанде қабл Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, аз деҳоти ноҳияи Айнӣ дидан карда, ба соҳибкорону мардуми ин диёр барои корҳои созандагиашон арзи сипос намуд.  
– Мардум акнун хурду бузург комилан эҳсос мекунанд, ки ободии диёр, сарсабзии он, пешравии иқтисодиву ҳалли масоили иҷтимоӣ ва осудагии рӯзгору болоравии сатҳи зиндагиашон аз худи онҳо ҳам вобаста аст, давлату Ҳукумат амониро кафолат медиҳаду барои ин иқдомҳо шароит фароҳам меоварад, – мегӯяд Ҷалил Ҷалилов, раиси Ҷамоати деҳоти Фондарё. 
Мо дар ҷараёни ин сафар авҷи корҳои ободонӣ бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро дар 9 деҳаи дигари ҳамин Ҷамоат мушоҳида кардем, ки қобили ситоиш аст.
 
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 22.08.2024 №: 161
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив