ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » CАФАРИ ДАВЛАТИИ ҚОСИМ-ЖОМАРТ ТОКАЕВ БА ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CАФАРИ ДАВЛАТИИ ҚОСИМ-ЖОМАРТ ТОКАЕВ БА ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

23 август 2024, Ҷумъа
8
0
 
22-юми август маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмони олиқадр идона оро ёфта буд, баргузор гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаевро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.
Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарварони давлатҳо аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарварони ду давлат анҷом ёфт.
Ҳамчунин, ба ифтихори ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон аз тӯпхонаҳо 21 маротиба шиллик парронда шуд.
 
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қазоқистон
Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон ва мавзуоти мубрами минтақавию ҷаҳонӣ дар мулоқоти хосаи роҳбарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев оғоз гардида, дар вохӯрӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб идома ёфт.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадр ва ҳайати ҳамроҳашро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба Қосим-Жомарт Токаев барои таваҷҷуҳи шахсиашон ба таҳкими ҳамаҷонибаи муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон, ки асоси онро робитаҳои ошкоро, эътимодбахш ва самимӣ ташкил медиҳанд, изҳори сипос намуданд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории минбаъда дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, саноат, энергетика молия ва бонкдорӣ, кишоварзӣ ва дигар самтҳои мавриди манфиатҳои дуҷониба муҳокима гардиданд.
Таъкид шуд, ки Қазоқистон дар миёни шарикони тиҷоратии Тоҷикистон мақоми пешсаф дошта, нишондиҳандаҳои гардиши мол миёни ду кишвар дар ҳоли афзоиши устувор қарор дорад. Чунончи, ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар дар нимсолаи соли равон дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 20 фоиз афзудааст.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳаҷми гардиши молро то ба 2 миллиард доллари ИМА расонанд.
 Гуфта шуд, ки дар Тоҷикистон 92 корхонаи муштарак бо ҷалби сармояи Қазоқистон ва дар кишвари дӯст 89 корхона бо иштироки соҳибкорони тоҷик фаъолият дорад. Давоми 5 соли охир ба иқтисоди Тоҷикистон 700 миллион доллар аз Қазоқистон сармоя ворид гардидааст.
Зимни музокирот иқтидори бузурги мавҷуда барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва сармоягузорӣ таъкид шуд.
Аз ин, тавре таъкид гардид, натиҷаҳои форуми тиҷоратии Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки 21-уми август дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар Душанбе баргузор шуд, дарак медиҳад.
Дар ҳошияи ин чорабинӣ ҷонибҳо 14 қарордоди тиҷоратӣ ва созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи 1,2 миллиард доллар ба имзо расонданд.
Дар зимн, пешниҳод гардид, ки самаранокии кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ тақвият бахшида шуда, иқтидори он мавриди истифодаи васеъ қарор гирад.
Таъкид гардид, ки дар соҳаи саноати Тоҷикистон барои ҳамкорӣ дар бахшҳои кимиё ва маъданҳои кӯҳӣ, азхудкунии конҳои нафту газ, ангишт, коркарди алюминий ва дигар металлҳо имкониятҳои зиёд мавҷуданд.
Зимни вохӯрӣ тезонидани раванди татбиқи лоиҳаи таъсиси се маркази логистикӣ барои интиқоли маҳсулоти содиротии Тоҷикистон ба Қазоқистон зарур шумурда шуд.
Гуфта шуд, ки имрӯз беш аз 80 дарсади содироти меваю сабзавоти Тоҷикистон ба Қазоқистон равона мегардад ва ин раванд дар ҳоли афзоиш қарор дорад. Аз Қазоқистон ба Тоҷикистон бошад, ба миқдори калон гандум, орд ва дигар маҳсулоти ғалладонагӣ ворид мешавад.
Танҳо соли гузашта ҳиссаи ин намуди маҳсулот дар сохтори умумии воридоти Тоҷикистон аз Қазоқистон қариб 40 фоизро ташкил дод.
Дар мулоқот бо изҳори қаноатмандӣ атрофи татбиқи мувофиқаҳои дар соҳаи рақамикунонӣ бадастомада, таъкид гардид, ки соли равон 100 мутахассиси ин бахш аз Тоҷикистон дар марказҳои муосири технологияҳои иттилоотии Қазоқистон ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.
Аз сатҳи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёту транзит, боркашонию мусофирбарӣ ва кушодашавии хатсайрҳои автобусҳо  ва парвозҳои мунтазам миёни пойтахтҳои ду давлат изҳори қаноатмандӣ шуд.
Рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои сайёҳӣ ва робитаҳои байни минтақаҳои ду кишвар аз мавзуъҳои дигари вохӯрӣ буд.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки муносибати байнипарлумонии кишварҳо босуръат таҳким меёбад. Дар ин самт фаъолияти Комиссияи доимӣ оид ба ҳамкории палатаҳои болоӣ ва гурӯҳҳои дӯстии палатаҳои поёнии парламентҳо назаррас арзёбӣ гардид.
Гуфта шуд, ки айни ҳол дар муассисаҳои олии таълимии Қазоқистон наздики 400 шаҳрванди Тоҷикистон ва дар кишвари мо 100 донишҷӯ аз давлати дӯст таҳсили илм доранд.
 Дар зимн, ҷонибҳо андешидани тадбирҳои муштаракро барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг ва санъат зарур шумурданд.
Таъкид шуд, ки ҳамкорӣ дар соҳаи амният дар муносибатҳои ду кишвар мавқеи муҳим дорад.
Ҷонибҳо минбаъд низ ҳамоҳангсозии фаъолияти хадамоти махсусро дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ, зуҳуроти радикализм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ, зарур донистанд.
Дар музокирот ҷонибҳо, ҳамчунин, ҳамкории кишварҳо дар чаҳорчӯби ташкилоту созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиёро баррасӣ намуданд.
 
 
Иштироки сарварони давлатҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар муаррифии лоиҳаи ҳамкорӣ оид ба ҳукумати электронӣ
22-юми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев дар Қасри миллат дар маросими муаррифии лоиҳаи ҳамкорӣ оид ба ҳукумати электронӣ иштирок карданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ҷорӣ кардани ҳукумати электронӣ тақозои замон аст ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти талаботи ҷомеа, ба ин раванд таваҷҷуҳи рӯзафзун зоҳир менамояд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон ва ба Президенти ин кишвар муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев барои мусоидати амиқ дар амалисозии ин раванд изҳори сипос намуданд.
Баъди анҷоми маросими муаррифии лоиҳа, роҳбарони давлатҳо ба коршиносони соҳа барои расидан ба ҳадафҳои созанда ва татбиқи самараноки он комёбӣ хоҳон шуданд.
 
 
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ҳузур ва бо иштироки сарварони давлатҳо маросими имзои 16 санади нави ҳамкорӣ баргузор гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистонро имзо намуданд. Сипас, санадҳои зерин ба имзо расиданд: 
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамдигарфаҳмӣ миёни Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи марказии интихоботи Ҷумҳурии Қазоқистон;
- Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва сохтмони Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат;
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нафту газ миёни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон;
- Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Қазоқистон дар самти рушди инноватсионӣ ва рақамикунонӣ, омода намудан ва бозомӯзии кадрҳои кишоварзӣ;
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди рақамӣ, инноватсия ва саноати кайҳонии Ҷумҳурии Қазоқистон;
- Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Қазоқистон;
- Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва сохтмони Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ  дар соҳаи рушди технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар бахши сохтмон;
- Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи назорат ва бозрасии ветеринарии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи байторӣ;
- Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати сайёҳӣ ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон;
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия, метрология ва баҳодиҳии мутобиқат миёни Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати савдо ва ҳамгироии Ҷумҳурии Қазоқистон;
- Ёддошти тафоҳум миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ, гуманитарӣ ва фарҳангӣ;
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Қазоқистон дар самти иҷрои санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомот;
- Ёддошти ҳамкорӣ миёни КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва ҶС “Ширкати миллии Қазоқистон темир жоли”;
- Ёддошти тафоҳум миёни КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон” ва ҶСК “Ширкати миллии атомии “Казатомпром”;
- Ёддошти ҳамкорӣ миёни Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Маҷмааи ҷавонони Қазоқистон.
Баъди анҷоми маросими имзои санадҳо, сарварони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ оростанд.
Сарвари  давлати  мо  аҳамияти  таърихии имзои  Аҳднома дар  бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистонро махсус таъкид карда, аз ҷумла изҳор доштанд: “Ин санади муҳим, бешубҳа, дар таърихи ҳамкории ду кишвар саҳифаи нав мекушояд ва бовар дорам, ки заминаи мустаҳками шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии мо хоҳад шуд”.
 
 
Барномаи консертии бошукӯҳи ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон
22-юми август дар толори Кохи Борбади пойтахт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев консерти дилнишини ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Боиси хушнудист, ки имрӯз муносибатҳои дӯстии бисёрҷанбаи ду давлат дар руҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми ҳамдигар ва эътимод ба нафъи кишварҳо ва халқҳои Тоҷикистону Қазоқистон пайваста инкишоф меёбанд.
Барномаи бошукӯҳу рангини устодони санъат ва ҳунармандони Қазоқистон пешкаши меҳмонон гардид, ки бисёр хотирнишин ва таҷассумгари дӯстии мардумони ду кишвар буд.
Барномаи консертии устодони санъати Қазоқистон бо хушнудӣ ва кафкӯбиҳои пурмавҷ пазируфта шуд.
Зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон ва дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд барномаҳои консертӣ, намоишгоҳи ҳунармандон, намоиши аксу мусаввараҳо ва рӯзҳои синамои Қазоқистон баргузор мешаванд.
Ҳамчунин, 21-уми август дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи устод Абулқосим Фирдавсӣ бо иштироки вазирони фарҳанги ду кишвар нимпайкараи шоир ва мутафаккири қазоқ Абай Кунанбоев кушода шуд.
Санаи нашр: 23.08.2024 №: 162
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив