ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПАРИЖ-2024. БОЗИҲОИ ТОБИСТОНАИ ОЛИМПӢ ВА САҲИФАИ НАВ ДАР ТАЪРИХИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ПАРИЖ-2024. БОЗИҲОИ ТОБИСТОНАИ ОЛИМПӢ ВА САҲИФАИ НАВ ДАР ТАЪРИХИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

26 август 2024, Душанбе
6
0
Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 ҳам ба охир расид. Ҷоизадорон ҳам аниқ. Шукӯҳи олимпиада аз Париж ба тамоми рӯи дунё рафт. Дар ҳар гӯшае мардум қаҳрамонҳояшро интизор буд, чи интизории ширине. Бо қудуми паҳлавонони зафарманд, ғулғулаи иди ватандорӣ аз Душанбе низ ба тамоми Тоҷикистон танинандоз гашт. Ҳама садо мекарданд: Тоҷикистон, ба пеш! Ҳамин як ибора ваҳдати халқро дар худ таҷассум кард.
 
Пиру барнои диёр он рӯз шодмон буд, аз бахти баланди писарони диловар меболид. Тантанаи истиқбол аз толо¬ри Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе оғоз ёфтаву дар ҳама ҷо сухан аз Сомону Давлату Темури миллат мерафт. Онҳо ҳамчун пирӯзшудагони майдони набард сарбаланд, аммо бо нишони эҳтиром ба халқ, чашмонашон моил ба замин во¬риди толори Фурудгоҳ шуданд, ки ҳама: чи дар толору чи пушти телевизион мун¬тазирашон будем. Шумораи ба пешвоз¬рафтагонро дар Фурудгоҳ намедонам, аммо қад-қадди хиёбони марказӣ одамон бешумор буданд. Мавҷи кафкӯбиҳою шодбошиҳою табрикот паҳлавононро ба Қасри миллат бурд, назди Пешвои мил¬лат. Дар наворҳо чеҳраи Пешвои милла¬тро шукуфта дидем, ки нишони ифтихор дошт: ифтихор аз писарони зафарманду сарболо. Дар пояи муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ, ки туҳфаҳои Президенти кишвар ба варзишгарон супурда шуд, иди ҳақиқӣ барпо гашт, тантанаи якдиливу якмаромӣ. 
Суханронии Давлат Болтаев бо шабакаҳои иҷтимоӣ дар як он ба ҳама ҷо паҳн гашт, ки ҷавонону наврасонро ба варзиш даъват ме¬кард. Ӯ болои саҳна «Тоҷикистон, ба пеш» ме¬гуфту модараш дар саҳни муҷассама бо даст боло бурданҳояш суханҳои писарашро тақвият медод. Бале, модар имрӯз хурсанд буд, хур¬сандтар аз ҳар рӯзи дигар. Барои як модар ба ҷуз дидани сари баланду рӯи сурхи фарзанд боз чӣ шодибахш хоҳад буд? Давлати ӯ мояи ифтихори якумрааш гашт. 
Ба пешвози Сомон бошад, наздикону пайвандон ва мардуми маҳал базми тараб оростанд. Ӯ ҳамоно бо виқори ба худ хос, бо тамкину гоҳо сар ба замин сӯи хонаи волидон мерафт. Сарашро пеши ин бузургворон хам ме¬кард, то бо дуои некашон ҳамеша сарбаланду музаффар бошад. Ба ин васила эҳтиромашро ба падару модари шарифаш баён менамуд, ки дар камолот басе ранҷҳо кашидаанд. 
Темурро низ дар зодгоҳ хуб пазироӣ наму¬даву ба эҳтиромаш масъулини як ноҳия то сари роҳ баромадаву ӯро ба пояи муҷассамаи Спи¬тамен бурданд, оне ки дар набардҳо ҳамеша пирӯз буд, чун Темури мо. 
Хуллас, он чи дидем бисёр манзараи ҷолиб буд, ки василаи ҳамаи ин бо як вожа ҷамъбаст мешавад: варзиш. Қудрати варзиш аст, ки миллионҳо мардуми тоҷикро чанд рӯз сарҷамъ кард, ба ҳамин монанд миллиардҳо мардуми сайёраро. Қудрати варзиш аст, ки ҳама аз як гиребон сар баровардему Тоҷикистон гуфтем. Дар разми паҳлавонҳояш мисоли Темуру Со¬мону Давлат ва Нуралӣ ба худ болидему дар олам нағунҷидем. Майдондории тоҷикписарон, ҳатто, онҳоеро, ки майл ба варзиш надоштанд, мафтуни футболу ҷудову бокс кард ва аз ҳама муҳим, инҳо ба садҳо ҷавон намуна шуданд. Ҳоло дар кӯчаю паскӯча кӯдакон миёни ҳам гӯштигирон бо қатъият «Ман Сомону Давлату Темур мешавам», – гуфтанҳояшон аз фардои нек моро башорат медиҳад. 
Хуб аст, ки варзиш дар кишвар сол ба сол оммавӣ мегардад ва ҷавонону наврасон аз рӯи майлу рағбат тарзи ҳаёти солимро пеша менамоянд. Бо корнамоиҳояшон паҳлавонон тухми умедро ба фардои рӯшани кишвар дар дили миллионҳо нафар месабзонанд ва лаҳзае тамоми тоҷикони рӯи дунё¬ро ба ҳам меоранд. Онҳо василаи ба ҳам омадану муттаҳид гардидани моянд, яъне ваҳдатгароянд. 
 
Меҳрангез ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 26.08.2024 №: 163
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив