ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СУҒД. 449 ҶОЙИ ИФТИХОРИИ МАКТАББАЧАГОН ДАР ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ

СУҒД. 449 ҶОЙИ ИФТИХОРИИ МАКТАББАЧАГОН ДАР ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ

30 август 2024, Ҷумъа
13
0
Дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода машварати августии омӯзгорон доир шуд.
– Рушду нумуи соҳаи маориф асоси пешрафти ҷомеа ва иқтисодиёт ба шумор меравад ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин самт тадбирҳои амиқу пурсамар андешида, маблағгузории соҳаро ҳар сол ба таври назаррас афзоиш медиҳад, – иброз дошт раиси вилоят. – Аз 1-уми июли соли 2024 ба андозаи 40 дарсад зиёд гардидани маоши вазифавии кормандони муассисаҳои соҳаи маориф ва илм, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, тасдиқи гуфтаҳои болост. Дар ин радиф, МИМҲД-и вилояти Суғд низ ба соҳаи илму маориф таваҷҷуҳ намуда, соли равон маблағгузории соҳа аз 1 миллиарду 338,1 миллион сомонии соли 2023 ба 1 миллиарду 598,8 миллион сомонӣ расонда шуд, ки 19,5 фоиз зиёд мебошад.   
Тавре иттилоъ дода шуд, дар муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят 37027 нафар омӯзгор фаъолият дорад ва сол то сол шумораи омӯзгорони таҳсилоти олидор ва дорои тахассуси дараҷаи олӣ меафзояд. Хонандагони вилоят дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ нисбат ба солҳои қаблӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори 22 ҷойи якум, 78 ҷойи дуюм ва 349 ҷойи сеюм шуданд. Ҳамчунин, 5 ҳазору 629 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии вилоят дар олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ ва фосилавӣ дар кишварҳои Россия, Қазоқистон, Британияи Кабир, Италия, Фаронса ва Нидерланд иштирок намуда, 1326 нафар ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гардид.
Таъкид шуд, ки сарфи назар аз дастоварду муваффақиятҳо, дар соҳаи маорифи вилоят камбудиву норасоиҳое ҳастанд, ки ислоҳи саривақтии онҳо ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ мусоидат менамояд. Аз ҷумла, соли таҳсили гузашта ҳозиршавии мутахассисони ҷавон ба муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамагӣ 73,5 дарсад, ё 702 нафарро ташкил намуд, ки боиси нигаронист. 
Шумораи омӯзгорони ғайриихтисос нисбат ба соли гузашта кам гардида бошад ҳам, аммо давоми соли таҳсили гузашта 924 нафар омӯзгори ғайриихтисос дар муассисаҳои таълимӣ фаъолият намуданд. Ҳамчунин, норасоии омӯзгорон дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштич ва шаҳри Панҷакент ба мушоҳида расида, эҳтиёҷ ба кадрҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таълимии вилоят 995 нафарро ташкил медиҳад.  
Раиси вилоят ва вазири маориф ва илм мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии омӯзгориро вазифадор карданд, ки камбуду норасоиҳои ҷойдоштаро бартараф намуда, ба ҷойи кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавон ва имтиёзи онҳоро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.
Соли 2023 ва дар ҳафт моҳи соли 2024 дар вилоят бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳо 60 иншооти соҳаи маориф барои 11 ҳазору 35 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор дода шуд, ки 14-тоаш биноҳои нави таълимӣ, 128 синфхонаи иловагӣ дар назди 35 муассисаи таълимӣ ва 11 муассисаи томактабӣ мебошанд. Дар арафаи Ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ боз 27 иншооти соҳаи маориф барои 5620 ҷойи нишаст ба истифода дода мешавад. То охири сол бошад, аз ҳисоби маблағҳои Вазорати маориф ва илм сохтмон ва барқарорсози 11 иншоот ва аз ҳисоби маблағҳои МИМҲД-и вилоят сохтмони 37 иншооти соҳа ба нақша гирифта шудааст. 
Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ изҳори нигаронӣ кард, ки то ҳол дар 9 муассисаи таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Шаҳристон, Исфара ва Ҷаббор Расулов хонандагон дар се баст ба таълим фаро гирифта шудаанд. “Магар бо чунин вазъият метавон сифати таълимро баланд бардошт?”, – таъкид кард вазир. Мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки таъмиру барқарор намудани биноҳои муассисаҳои таълимии садамивиро то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта, барои барҳам додани басти сеюми муассисаҳои таълимӣ чораандешӣ намоянд. 
 
Ҷовиди АШТӢ,  “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 30.08.2024 №: 167
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив