БОЗТОБИ ҶОЙГОҲИ МОДАР. АЗ ФАРҲАНГИ ОРИЁӢ ТО ФАРҲАНГИ МУОСИРИ ТОҶИКОН
Вожаи модарро агар дар фарҳанги ориёӣ, ки шомили фарҳанги ҳиндуаврупоӣ мешавад, ба баррасӣ бигирем, пай мебарем, модар ҷойгоҳи бисёр бузургу боаҳамияте дар ҷомеаву хонавода доштааст. Зеро ҳанӯз дар забонҳои ҳиндуаврупоӣ яке аз вожаҳои меҳварӣ модар буда, дарк мешавад, ки забонҳои ҳиндуаврупоӣ аз як хонаводаи забонӣ ҳастанд. Дар забонҳои санскритӣ, юнонӣ, лотинӣ, англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, тоҷикӣ вожаи “модар” муштарак аст. Бар ин асос, дониста мешавад, ки ин вожа пешинаи бостонӣ ва арзишмеҳварӣ доштааст.
Дар замоне ки мардумони ҳиндуаврупоӣ як забон доштаанд ва ҳанӯз ба миллату қавмҳои гуногун тақсим нашуда буданд, вожаи модар дар забонашон будааст. Ин вожаи муқаддас ба ҳамаи забонҳои ёдшуда бо камшумортарин тағйир интиқол ёфтааст ва то имрӯз зинда мебошад. Танҳо ҳамин калима сабаб мешавад, ки решаи ягонагии мардумони дунёро дарк кунем.
Занону бонувон, дар маҷмуъ, модар дар фарҳангу ойини ориёӣ то ҳадди олиҳа мерасад. Ҳузураш дар хонавода нишонаи баракату саодат ва ваҳдати пайвандони дигари оила будааст. Баландтарин мақом барои ниёгони мо модарӣ ба шумор меравад. Маҳз модар меҳвари пойдории хонавода ва рушди иҷтимоист.
Дар ин фарҳанг модар ҳаргиз маънои ба дунё оварандаи фарзанд набуда, балки фаротар аз он шинохта мешуд. Нақши фарҳангиву иҷтимоии оила баста ба модар буда, мудирияти хонаводаро маҳз ба ӯ бовар кардаанд. Роҳнамо ва роҳбалади ҷомеа будани модар дар куҳантарин сарчашмаҳои хаттии мо сабт аст, ки ҷои баҳс надорад.
Вижагии модарону бонувони ориёӣ дар хирадмандии онҳост. Аз ҷумла, дар “Шоҳнома”-и ҳаким Фирдавсӣ модар ва занон мардонро роҳнамоӣ мекунанд. Занони “Шоҳнома” намоди хираду дурбиниянд. Фаронак – модари Фаридун, Рудоба – модари Рустам, Таҳмина – модари Суҳроб, Фарангис – модари Кайхусрав роҳнамои фарзандони худ ва ҷомеа ҳастанд. Парвардагони хешро аз хатарҳо ҳушдор медиҳанд ва ҳидоятгаранд.
Ҳанӯз дар забони порсии таъвилӣ ба номи “Панди модар” ифодае вуҷуд дорад. Яъне, панду насиҳати модар барои фарҳанги мо аз оғоз аҳамият доштааст.
Ихтиёроти густурдаи модар ва зан дар ҳама самту соҳаҳои ҷомеаҳои пешини мо дида мешавад. Бонувони мо дар иҷтимоъ, сиёсат, фарҳангсолорӣ ва ҳатто дар лашкардориву ҷанг, ҳузур доранд. Як намунаи он ҷанги Суҳроб бо Гурдофарид аст.
Дар қадимтарин тамаддунҳои мо занону мардонро ба гурӯҳҳо ҷудо намекарданд. Ҳар кас вобаста ба зарфият, тавоноӣ ва донишмандӣ дар ин ё он кор фаъол шуда, нақше аз худ мегузошт. Ҳаққи интихоби шуғл, ҷой, рой дар ихтиёри занону мардон баробар будааст.
Мутаассифона, солҳои охир байни ақвоми ориёӣ ва кишварҳои минтақа нақши зан коста шуда, ҳуқуқ ва ҷойгоҳи занон инкор мегардад. Ба ҷои дур нанигарем, бибинем Афғонистонро. Дидгоҳи тундравони мазҳабӣ ба ҳаёти занони он қаламрав чи ситамеро раво дида, ки ғайри қобили қабул мебошад. Толибон дар асоси иқдоми навбатии тунравона шунидани садои занонро аврат ва ҳаром донистанд. Чунин дидгоҳҳо душмании рӯирост бо фарҳанги ориёӣ аст. Онҳо мехоҳанд фарҳанги ориёӣ, бавижа ҷойгоҳи зану модарро нодида ангоранд ва бо ин роҳ рахнаҳое ба маърифату худшиносии чандин насл ворид кунанд. Ин хатари бузурге аст, ки мардумони дунё ва минтақа бояд аз он ҷилавгирӣ кунанд ва нагузоранд модар аз мадорои ҷомеа берун равад.
Тоҷикистон, хушбахтона, дар миёни кишварҳои ориёӣ дар парвариши фарҳанги ориёӣ қадамҳои ҷиддӣ мегузорад. Роҳбари муҳтарами давлат Эмомалӣ Раҳмон на танҳо аз занон ва ҳуқуқҳои онҳо ҳимоят мекунанд, балки бо тобишҳои пазируфтаниву рангини сиёсиву маърифатӣ ба бонувон арҷ мегузоранд. Намегузорад, ки рахна дар озодиву истиқлоли занон равад ва ҳаракату ақидаҳои террористиву радикалии минтақа ба афкори ҷомеа роҳ ёбад. Муддатест дар ин кишварам ва ин арҷгузориро ҳамарӯза бо чашмони худ мебинам.
Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамаи зарфиятҳо истифода мебаранд, ки то занону духтарон аз тозатарин навидҳои технологӣ баҳравар шаванд, дар дабистону дабиристонҳо таҳсил кунанд, ҷойи кори мувофиқ ёбанд, шуғл дошта бошанд, фурӯшандаву сармоягузор ва роҳбар дар ҳар бахше гарданд, дар интихоби зиндагӣ ва ҷуфти ояндаи хеш низ озод бошанд.
Таъкид кардан месазад, ки мардуми тоҷику Тоҷикистон, бавижа бонувони кишвар, қадри ин ҳама ҳимояти Сарвари давлатро бидонанд ва нақшаҳои равшангаронаи Ҳукумати худро пуштибонӣ кунанд.
Бояд шинохта шавад, ки ҳамаи талоши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи фарҳанги ориёӣ сурат гирифта, устувории эътиқодиву маърифатии занон ва пос доштани асолати пешинаро мехоҳад.
Ба ҳар андозае фарҳанги ориёӣ мавриди таҳоҷум қарор мегирад, ҳуқуқи аҳли хонавода, махсусан занон, ҳамон қадар ба нобудӣ мерасад. Асолати ориёӣ мадоро буда, хостгори пойдории ҳуқуқи занон аст, зеро дар сурати дидгоҳҳои тундравона ҳукмфармо шудан, нахустин қишре, ки осеби ҷиддӣ мебинад, қишри занону кӯдакон аст. Зан беҳуқуқ ва оҷиз монд, бешубҳа фарзандони ӯ низ мавриди шиканҷа ва осеби равонӣ қарор мегиранд.
Намунаи чунин истидлолро дар Афғонистон мебинед, ки дигар ҷои такрор нест. Наврӯз, ҷашну сур ҳама мамнуъ шуд, духтарону занон аз таҳсилу кору шуғл маҳрум монданд. Нахуст бонувонро ҷисман ба зери чодар гирифтанд ва инак, чанде пеш садояшро ҳам мамнуъ карданд. Дар кӯча, хиёбон, бозор, растаҳои гуногун ва ҷойҳои дигар шунидани овози зан ҳаром дониста шуд.
Дар такя ба ин ҳама гуфтаҳо таъкид мекунем, ки омӯзиш ва татбиқи фарҳанги ориёӣ пайванд бо пойдории ҳуқуқи занон зарур аст. Озодиву истиқлоли бонувонро ҷузъи муҳими ин фарҳанги ҷаҳоншумул донистан ва баҳри побарҷоии он талош варзидан, камоли инсонист.
Бовар дорем, ки бошандагони кишвари Тоҷикистон решаи ин ҳамаро дарк кардаанд ва боз ҳам баҳри мавқеъёбии занону модарони хеш мекӯшанд.
Яъқуби ЯСНО, пажӯҳишгар, шоҳномашинос, устоди вақти Донишгоҳи Берунии Афғонистон
Баргардонӣ аз хатти порсӣ Бузургмеҳри БАҲОДУР
Санаи нашр: 03.09.2024 №: 169
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)