ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХАТЛОН. МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО РОҲБАРОНИ КОРХОНАҲОИ ПАХТАТОЗАКУНӢ 

ХАТЛОН. МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО РОҲБАРОНИ КОРХОНАҲОИ ПАХТАТОЗАКУНӢ 

03 сентябр 2024, Сешанбе
14
0
Дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо раисони шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорон ва роҳбарони қисме аз сохторҳои вилоятӣ, корхонаҳои пахтатозакунӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ мулоқот анҷом дод. 
Дар ҷаласа масъалаи фаъолияти корхонаҳои коркарди пахта, омодагии корхонаҳои пахтатозакунӣ ба мавсими ҷамъоварии пахтаи имсола, ворид намудани ҳаҷми воқеии истеҳсол ва коркарди пахта ба ҳисоби оморӣ, шаклҳои дурусти андозбандӣ, назорати механизми ҷамъоварии пахта то коркарди ниҳоии он мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Раиси вилоят гуфт, ки соли 2023 аз ҷониби 63 корхонаи калони пахта бо назардошти захираи соли 2022 (43522) 228198 тонна, дар маҷмуъ, 271720 тонна пахтаи хом қабул гардидааст, ки аз он 266551 тонааш коркард шуда, бо назардошти бақияи соли гузашта 77548,2 тонна нахи пахта истеҳсол гардид. 
Сарраёсати омори вилоят, раёсатҳои андоз, назорати давлатии энергетикии вилоят, марказҳои стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдои вилоят вазифадор шуданд, ки вобаста ба қабул, коркард ва интиқоли пахта аз ҷониби корхонаҳои коркард аз рӯйи талаботи меъёрҳои пешбинишуда ҷиҳати таъмини тавозуни ҳаракати пахта тадбирҳои судманд андешанд.
Бояд зикр намуд, ки кишоварзони вилоят дар майдони 120,7 ҳазор гектар навъҳои гуногуни пахтаро кишт кардаанд. Дар натиҷаи заҳмати деҳқонон, ниҳолҳои пахта хуб нашъунамо ёфта, дар давраи ҳосилбандӣ қарор доранд. Мутобиқи маълумоти мутахассисон, ҳосили интизорӣ ва биологии пахта қаноатбахш арзёбӣ гардида, дар баъзе ноҳияҳо ҳосили зинаи якуми пахта ба чиниш расидааст.
– Соли сипаришуда дар мавсими ҷамъоварӣ ва ба корхонаҳои коркард супурдани пахта як қатор камбудиву норасоиҳо, аз ҷумла бо нархи паст харидан ва сари вақт напардохтани маблағи он, норозигии деҳқононро ба миён овард, – афзуд Давлаталӣ Саид ва ба шахсони масъул супориш дод, ки бо ташкилотҳои соҳавӣ масъалаи маблағгузории ҳосили имсола омӯхта ва ҳал карда шавад. 
Дар фароварди ҷаласаи корӣ раиси вилояти Хатлон, ҳамчунин, ҷиҳати беталаф ҷамъ овардани ҳосили пахта, роҳ надодан ба қочоқи он, пешгирии изофанависӣ, ба роҳ мондани назорати дурусти механизми ҷамъоварии пахта ва коркарди он ба раисони шаҳру ноҳияҳо, раёсати ВКД дар вилоят, Бонки миллӣ ва бонкҳои дар вилоят фаъолияткунанда, раёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ, ФҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ва Хадамоти давлатии назорати энергетикӣ дар минтақаҳои Бохтару Кӯлоб, раёсатҳои андоз, кишоварзӣ, омор, гумрук ва дигарон дастуру супоришҳои мушаххас дод.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
 
 
"ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ". ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ШАҲРӢ ҚАДР ШУДАНД
Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе маросими тантанавии ҳавасмандкунонии ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гашт.
Ба таъкиди муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, ки дар арафаи Ҷашни Истиқлоли давлатӣ баргузор намудани даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» нишони арҷгузорӣ ба миллати соҳибкитоб ва тамаддунсози тоҷик мебошад, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудааст.
Озмун аз 15 то 24-уми август дар Муассисаи давлатии Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе сурат гирифта, довталабон тули 10 рӯз аз рӯйи 6 номинатсия донишу маҳорати худро пешкаш намуданд.
Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, махсусан раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ, дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғолибони ҷойи якум аз рӯйи ҳар як номинатсия бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм – 15 ҳазор ва ҷойи сеюм 10 ҳазор сомонӣ сарфароз гардиданд.
 
Л. ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
 
 
120 ЗАН СОҲИБИ ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ 
Грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2006 барои рушди фаъолияти соҳибкории занону бонувон ва давра ба давра фароҳам гардидани имкониятҳои боз ҳам фарохтар барои равнақ додани ин фаъолияти байни занону бонувон мусоидат менамояд. Аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири боз ҳам рушд додани ҳунарҳои мардумӣ ва соҳибкорӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ба 120 нафар грантҳои президентӣ супорида шуд.
Дар чорабинӣ раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Бунафша Файзиддинзода аз ташаббус ва иқдоми пайвастаи Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии занон ва фаъолияти ҳунармандию соҳибкории онҳо ёдовар шуда, иброз дошт, ки маҳз тавассути чунин тадбирҳои судманди роҳбарияти олии мамлакат сатҳи зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ оварда, занон бо фаъолияти густурда дар иқтисоди мамлакат саҳми назаррас мегузоранд. Инчунин, гуфта шуд, ки аз соли 2011 то соли 2013 аз буҷети давлат барои 40 лоиҳаи мақсаднок 1 миллион сомонӣ ҷудо мегардид. Аз соли 2013 то соли 2021 теъдоди грантҳо аз 40 ба 80 ва ҳаҷми маблағҳо ба 2 миллион сомонӣ расонда шуд. Аз соли 2016 то соли 2020 аз ҳисоби маблағҳои гранти президентӣ ба 560 зан дар ҳаҷми 15 миллион сомонӣ ва аз соли 2020 то соли 2023 ба 320 нафар дар ҳаҷми 9 миллион сомонӣ маблағҳои бебозгашт бо мақсади таъмин намудани онҳо бо ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ ҷудо гардид. Аз соли 2016 то соли 2023 бошад, аз 4619 зан бо шуғлу касбомӯзӣ ва ҷойи нави кор таъмин гардид.
Таъкид шуд, ки ҷудо гардидани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди фаъолияти соҳибкории занон ва давра ба давра фароҳам гардидани имконияти фарохтар барои ривоҷ додани ин амали барои иқтисоди миллӣ муҳим мусоидат менамояд.
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»
 
 
 
АШТ.  АРМУҒОНҲОИ ҶАШНИ  МУҚАДДАС
 
Сокинони ноҳияи Ашт низ чун дигар аҳолии кишвар 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро бо дастовезҳои идона пазироӣ хоҳанд кард.
Тавре аз бахши иқтисодии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд,  дар рӯзҳои тантанаи Ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия корхонаи бузурги истеҳсолӣ оид ба тавлиди ресмон бо иқтидори  коркарди 15 тонна дар як шабонарӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. Бо ба истифода додани корхона 450 нафар ҷавондухтари аштӣ  соҳиби ҷойи кор мешавад. Корхонаи мазкур бо маблағгузории Ассотсиатсияи соҳибкорони ноҳия ба маблағи  7 миллион доллари ИМА  рӯйи кор омад. Маҳсулоти корхона, дар баробари бозори дохила, ба хориҷи кишвар содирот хоҳад шуд.
Инчунин, бо ибтикори ширкати истеҳсолии ҶДММ “Рахшона” дар ноҳия нахустин  фермаи парандапарварӣ бо саршумори 40 ҳазор сар паранда ва фермаи чорвои калони шохдор барои 200 сар бо таъсиси  20 ҷойи корӣ дар рӯзҳои ҷашн  ба истифода дода мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки  бо иштироки фаъоли сокинони ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳия, дар маҷмуъ, 120 километр роҳи мошингарди дорои аҳамияти ҷумҳуриявию маҳаллидошта пурра ҷавобгӯй ба талаботи рӯз мумфарш карда шуд.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
 
 
ФАЙЗОБОД.   ТАЪМИНИ ТАНЗИМ ДАР МАДДИ АВВАЛ
Кормандони шуъбачаи ВКД-и дар Ҷамоати шаҳраки "30-солагии Истиқлол"-и ноҳияи Файзобод ҷойгирбуда, бо сардори шуъбача майори милитсия Ҷунайдулло Розиқов дар деҳоти Чашмасор, Қалъаидашт, Ҷамоати шаҳраки "30-солагии Истиқлол" бо мардум вохӯриҳои судманд доир карда, ҳар нуктаю муҳтавои  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро ба сокинон фаҳмонда истодаанд. 
Мавриди зикр аст, ки баъди қабули ин Қонун дар таҳрири нав дар ноҳия зиёрати ҳоҷибинон, ҳоҷиталбон, ҳоҷиошӣ кам шудааст. Кормандони шуъбача корҳои фаҳмондадиҳӣ ва назоратиро оид ба танзими ҷашну маросим пурзӯр кардаанд.
Зимни санҷишҳо панҷ нафаре, ки талаботи Қонуни мазкурро вайрон намудааст, аз тарафи масъулон 21 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима  шуд. Санҷишу назорати кормандони шуъбачаи болозикр дар ин самт идома дорад.
Ҳокими САФАР, ноҳияи Файзобод
 
 
НУРОБОД.  ҚАДАМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУБОРАК АСТ
Айни  ҳол  омодагӣ  ба  пешвози  сафари  навбатии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияҳои минтақаи Рашт ҷараён дорад. Боиси зикр аст, ки шаҳраки Дарбанд, маркази маъмурии ноҳияи Нуробод, ҳамқадами соҳибистиқлолии кишвар буда, сохтмонаш баъди солҳои ҷанги таҳмилӣ оғоз ёфта, дар як муддати кӯтоҳ ба шаҳри зебову замонавӣ табдил гашт. Сокинонаш ҷиҳати дар сатҳи баланд гузарондани вохӯрӣ бо Роҳбари давлат омодагии ҷиддӣ дида истодаанд.
– Қадами Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фархундаву муборак аст ва ба ҳар ҷое, ки расад, файзу баракат ва ободӣ меорад, – иброз дошт зимни суҳбат Додарҷон Ҷобирзода раиси ноҳияи Нуробод. 
– Агар бо ба даст овардани истиқлолият дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ биноҳои зебову замонавӣ қомат афрохтаву симои зоҳирии ин маконҳоро зебу зинати нав бахшида бошад, тайи муддати кӯтоҳ дар ноҳияи Нуробод шаҳраке бунёд гардид, ки зеботарин маркази ноҳия дар минтақа маҳсуб меёбад. Биноҳои замонавӣ, роҳҳои асфалтпӯшу мумфаршшуда ва коргоҳу корхонаҳо ҳар шахси баору номуси миллатро водор месозад, ки  аз сулҳу амонии кишвар ва Сарвари давлати раиятпарвар пайваста шукр намояд. Бубинед, дар муддати хеле кӯтоҳ симои шаҳрак бакуллӣ тағйир ёфт.  Ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия таҷдиду сохтмони 233 иншоот дар назар аст, ки то имрӯз 108-тои он ба истифода дода шуд. Ҳамзамон, дар  121 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд, ки то Ҷашни фархунда дар хизмати мардум хоҳанд буд. Дар баробари ин, ба нафароне, ки аз офатҳои табиӣ зарари ҷиддӣ диданд, рӯзҳои наздик дар деҳаи Гардангаи деҳоти Хумдон 22 манзили истиқоматӣ бо тамоми шароит мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. Имрӯзҳо дар дурдасттарин деҳот муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (бо доштани таҷҳизоти замонавӣ, майдончаҳои варзиш, китобхона), бунгоҳҳои тиббӣ, боғчаҳои кӯдакона ва марказҳои фарҳангиву фароғатӣ фаъолият намуда истодаанд, ки ҳамаи ин самараи соҳибистиқлолист.
Вақте ки аз ободкориҳои мардуми ваҳдатсарои водии Рашт дидан намудем, бори дигар бароямон исбот гардид, ки, агар дил ба хотири ободии Ватан тапад, олам гулистон мегардад. Воқеан, шаҳраке, ки бист сол пеш харобазорро мемонд, ба шарофати дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ободу зебо гардида, ба макони замонавӣ мубаддал гардидааст. 
 
Гулнисои САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”  
Санаи нашр: 03.09.2024 №: 169
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив