ТОҶИКИСТОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ ДАР БОРАИ ВАЗЪИ ПИРЯХҲО
Захираи об дар ҷаҳон хеле зиёд буда, 71 дарсади масоҳати кураи Заминро ишғол кардааст. Бо вуҷуди ин, инсоният солҳои охир аз нарасидани оби тоза ба мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ гардидааст ва ҳоло масъалаи таъмини аҳолии кураи Замин бо оби тоза ба яке аз проблемаҳои глобалии ҷаҳони муосир табдил ёфтааст.
Дар Тоҷикистон беш аз 12,5 ҳазор пиряхи хурду бузург мавҷуд аст. Аз ҷумла, пиряхҳо, ки масоҳати 8,5 ҳазор километри мураббаъро ташкил медиҳанд, махзани асосии обҳои ширину захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон мебошанд. Қисми зиёди пиряхҳои Тоҷикистон дар Помир ва боқимонда дар қаторкӯҳҳои Туркистону Ҳисор ва Зарафшон ҷойгиранд.
Кӯҳистони Зарафшон, ҷануби қаторкӯҳи Туркистон, қариб тамоми қаторкӯҳи Зарафшон ва қисми шимолии силсилакӯҳи Ҳисор, дар маҷмуъ, масоҳати 12,6 ҳазор километри мураббаъро фаро гирифта, яке аз минтақаҳои яхистони Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мераванд.
Омӯзиши пиряхҳои ҳавзаи дарёи Зарафшон қариб 150 сол боз давом дошта, дар бораи ин пиряхҳо маълумот гуногунанд. Мувофиқи маълумоти муҳаққиқон З. Мусоев ва Н. Дилмуродов, ки бо тариқи расмгирии кайҳонӣ муайян кардаанд, дар ҷануби қаторкӯҳи Туркистон 317,9 километри мураббаъ, шимоли қаторкӯҳи Зарафшон 205,5 километри мураббаъ, ҷануби қаторкӯҳи Зарафшон 12,2 километри мураббаъ ва дар шимоли қаторкӯҳи Ҳисор 106,5 километри мураббаъ пирях ҷойгир шудааст. Шумораи умумии пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон 892-то буда, дар онҳо 36,9 километри мукааб ях захира гардидааст. Пиряхҳои ҳавзаи дарёи Зарафшон бештар дар баландиҳои 3400-4400 метр ҷойгиранд, ки ин фосила 1км баландиро дар бар мегирад. Ин баландӣ ба минтақаи сербориш рост меояд. Дар минтақаи поён бештар гарм шудани ҳарорати ҳаво ҷараёни об шудани барфу пиряхҳоро метезонад. Аз ин лиҳоз, дар чунин баландиҳо захира гардидани барфҳои бисёрсола ба назар намерасад. Муайян шудааст, ки 70 дарсади пиряхҳои ҳавзаи дарёи Зарафшон аз рахи фирнавӣ паст ҷойгиранд.
Акнун чанд мисол оид ба таназзули пиряхҳои ҳавзаҳои дарёҳои кӯҳистони Зарафшон.
Пиряхи Иммет дар саргаҳи шохоби дарёи Пасрӯд (шохоби Фондарё) дар баландии 2935-4800 метр воқеъ гаштааст. Дарозии пирях 3,2 км, майдонаш 3,8 километри мураббаъ ва ҳаҷми он 0,75 км мебошад. Дар сатҳи пирях 800 мм бориш ба амал меояд, вале ҳар сол аз пирях 451,930 метри мукааб об ҷорӣ мешавад, ки нисбат ба бориши сатҳи он хеле зиёд мебошад. Агар миқдори бориш 26 дарсад зиёдтар мешуд (тақрибан 200 мм), он гоҳ дар раванди ғизогирӣ ва обшавӣ як нав мувозинат барқарор мегардид. Аз ин ҷо бармеояд, ки пиряхи Иммет дар вазъияти таназзулёбӣ мебошад.
Пиряхи ГГП (Гидрографическая партия) дар нишебии шимолии қаторкӯҳи Ҳисор дар ҳавзаи рӯди Замбар, шохоби тарафи рости дарёи Саратоғ (ҳавзаи Искандаркӯл) воқеъ гардидааст. Дарозии пирях 1,2 км, паҳнии миёнааш 0,5 км ва майдони он 0,54 км мебошад. Ин пирях ҳам дар ҳолати таназзул қарор дорад. Агар дар солҳои 1968-1971 18 метри он талаф ёфта бошад, пас солҳои 1980-1990 32 метраш таназзул ёфтааст. Сатҳи болояш аз ҳисоби обшавӣ 4 метр паст фуромад, яъне 1млн метри мукааб ҳаҷмашро талаф додааст. Ҳамин равиш дар дигар пиряхҳои ҳавзаҳои дарёҳои Масчоҳу Зарафшон ба монанди пиряхҳои Барзангӣ, Рама, Туро, Даҳанданг, Парах, давом дорад.
Пиряхи Зарафшон яке аз калонтарин пирях дар кӯҳистони Зарафшон буда, 27,8 км дарозӣ ва бо шохобҳояш 132,6 км масоҳат дорад. Аз рӯи мушоҳидаҳо, пирях дар ҳолати таназзул қарор дорад. Дар байни солҳои 1880-1980 забонаи пирях 2 км ва қисми миёнаю тарафи росташ 1-1,5 км кӯтоҳ шудааст. Айни замон сатҳи болоии пиряхи Зарафшон ҳар сол 60 см паст мешавад. Андозаи ғизогирии шохаҳои пирях торафт кам гашта, обшавии онҳо меафзояд. Ин ҳолат агар давом ёбад, оянда ба ҷудошавии онҳо оварда мерасонад.
Пиряхи Хирсон дар саргаҳи дарёи Ванҷоб ҷойгир буда, зери хатари обшавӣ қарор дорад. Аз рӯи тахмини коршиносони соҳа, соли 2022 нисбат ба соли 2021 забонаи пиряхи мазкур ба андозаи 1 метр ва даҳонаи он зиёда аз 3 метр қафонишинӣ кардааст. Дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пиряхҳои Ванҷях (қаблан Федченко) дарозиаш 77 км, баландиаш 1000 метр, Грум-Гржимайло дарозиаш 37 км, Гармо дарозиаш 30,4 км масоҳаташ 100 километри мураббаъ, ва, инчунин, пиряхҳои дарозиашон аз 20 км зиёд бисёранд. Аз ҷумла, пиряхҳои Арҷилға, Вавилов, Танимас-1, Танимас-2, Язгулом, Фортамбек, Наливкин ва ғайра, ки хатари обшавӣ ба онҳо низ таҳдид менамояд.
Маълум шудааст, ки пиряхҳои кӯҳистони Зарафшон нисбат ба пиряхҳои кӯҳистони Помир бо суръати тез таназзул меёбанд, ки ин раванд ба якчанд омилҳо вобаста мебошад. Аввалан, пиряхҳои ин минтақа аз хатти фирнавӣ паст ҷойгир буда, ҷараёни обшавӣ нисбати ғизогириашон бештар буда, боиси коҳишёбии масоҳат ва ғафсии пиряхҳо мегардад. Коҳишёбӣ ва таназзули пиряхҳо, аз тарафи дигар ба гармшавии умумисайёравии иқлим вобаста мебошад.
Коҳишёбӣ ва обшавии тези пиряхҳо боиси камшавии захираҳои обҳои ширини минтақа ва, умуман, сайёра мегардад. Бинобар ин, чораҷӯӣ ва пешгирии ҳолатҳои бамиёномада амри зарурӣ мебошад.
С. ҶАББОРОВ, ассистенти кафедраи
физика ва географияи ДДД
Санаи нашр: 03.09.2024 №: 164
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)