ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХУРОФОТ  ОФАТИ ДИНУ ДУНЁСТ

ХУРОФОТ  ОФАТИ ДИНУ ДУНЁСТ

04 сентябр 2024, Чоршанбе
52
0
 
Зимни мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ки 9 -уми марти соли ҷорӣ баргузор шуд, дар баробари масъалаҳои ҷиддиву ҳалталаб ва доғи рӯз,  ба масъалаи хурофот ва пайомадҳои ногувори он таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Дар робита ба мавзуи таассубу хурофотпарастӣ ва зуҳуроти номатлубе аз ин қабил, бо Абдуалим Норасов, сардори шуъбаи дин, танзими ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, суҳбат оростем, ки онро пешкаши хонандагони рӯзнома мегардонем.
– Мулоқоти Сарвари давлатро бо ходимони дин, ки дар ин давраи бархӯрди тамаддунҳо сурат гирифт, барои ҷомеаи имрӯза чӣ гуна баҳо додан мумкин аст? 
– Воқеан, мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дин дар ин давраи ҳассос хеле муҳим, саривақтӣ, ҳушдордиҳандаву бедоркунанда, дардҳои маънавиро дармонбахшанда ва аз воқеъшавии офатҳои диндорӣ пешгирикунанда мебошад. Шакке нест, ки диндорӣ ҳам як падидаи инсонӣ буда, мисли дигар падидаҳо метавонад офатзада шавад. Офати дин хурофот аст. Дини мубини Ислом низ, ҳамчун ниҳоди бузурги иҷтимоӣ, дар пояи ақлу илм устувор буда, ҳамеша илму дониш, ҳунару истеъдод ва қудрату тавоноиро ташвиқ мекунад ва ҳеҷ гоҳ шиорҳои осебпазирро қабул надорад. Бинобар ин, дин барои эмин мондан аз ҳама гуна зуҳуроти хатарноку номатлуб ва афкору андешаҳои харобкунанда ба ҳифзу ҳимоя ниёз дорад.
 
– Хурофот чист ва чӣ гуна пайомадҳо дорад?
– Хурофот офати зеҳну заковат, пажмурдагии ақл, афкору андешаҳои ботил, эътиқоду боварҳои пучу бемаънӣ, бозиҳои зеҳнӣ ва забонӣ, васвасаҳои воҳиманок, фасоди маънавӣ, тақлиди кӯр-кӯрона ва як навъи бемории ақлӣ буда, ба ақлу мантиқ, илму дониш, дину мазҳаб ва воқеият созгор намебошад, балки ба ҳамаи инҳо душманӣ дорад ва инсонро ба бехирадӣ ва гумроҳӣ мекашонад. Дар Ғарб хурофотро бемории ақлӣ (mental illness) меноманд. Хурофот на танҳо эътиқоди ботинии инсон буда, ба даруни инсон сарукор дорад, балки ба рафтори ӯ таъсири манфии худро ҳатман мерасонад. 
Хурофот офати дину дунёст. Дин яке аз устувортарин сутуни ҳаёти моддӣ ва маънавии инсон аст, ки ба ӯ иззату шарофат бахшида, аз асорату вобастагиҳои нафсонӣ ва ҳайвонӣ озод месозад. Дин неъмати муқаддаси илоҳӣ буда, хатову иштибоҳ ва осебу офатро ҳаргиз намепазирад. Омехта кардани таълимоти ноби динӣ бо хурофот, ваҳму хаёлҳои бофтаи инсонӣ ва берун аз доираи ақл сабаби эҷоди тасвири ғайривоқеӣ ва ғайри қобили қабул аз дин хоҳад шуд, ки натиҷааш аз доираи дин хориҷ гардидан мебошад. 
 
–  Омилҳои асосии пайдоиш ва авҷгирии хурофотро дар чӣ мебинед?
– Омилҳои пайдоиш ва авҷгирии хурофот зиёданд. Масалан, ҷаҳлу бесаводӣ, тақлиди кӯр-кӯрона, содалавҳӣ, ақлу эҳсосоти манфӣ, афсурдагию ноумедӣ, заъфи динию мазҳабӣ, бетарафии мардум ва дурӣ ҷустан аз андешаву тавсияи олимону мутахассисон мебошад. Илова бар ин, ҳамеша сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ ва маънавии оммаи мардум боис мегардад, ки хурофот авҷ бигирад ва мардум мудом аз хурофот суҳбат кунанд. Воқеан, дар ҷомеае, ки ақлу ҳунар, илму дониш ва дину мазҳаб хор гардад, дар он хурофот авҷ мегирад.  
Дар ҷомеаи мо яке аз омилҳои асосии авҷгирии хурофот, мутаассифона, бетарафии оммаи мардум нисбат ба ин амали номатлуб мебошад. Ба таври мисол, агар дар маҳаллае як хона оташ бигирад, ҳамагон мекӯшанд, ки зуд онро хомӯш кунанд, дар ин ҳолат имону эътиқод, ҷинсият, хубию бадӣ ва одамгарии касе, ки хонааш оташ гирифтааст, барои мардум муҳим нест. Ҳама бо ҳамоҳангӣ ва истифодаи тамоми қудрату тавоноӣ кӯшиш менамоянд, ки саҳми худро дар хомӯш кардани сӯхтор гузоранд. Аз касе сипосе ё подоше ҳам интизор намешаванд. Вале, агар ақли касе бо хурофот оташ бигирад, ё ин ки як хурофотпарасте солҳо дар байни мардум ба заҳролудкунии ақлу хиради мардум сарукор гирад ва аз ақлу хиради мардум гулхан созад, бо камоли таассуф,  мардум ба он коре надоранд, бетарафиро ихтиёр мекунанд. Ин аст, яке аз омилҳои мудҳиши афзоиши хурофот дар ҷомеаи мо. Маҳз ҳамин омилҳо буданд, ки ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузашта ба вуқуъ омаданд. 
 
– Ҳадафи хурофотсозон аз чӣ иборат аст ва ба кадом восита ё васила дар ҷомеа пирӯз мешаванд?  
– Хурофотсозон Қуръонро тазвир (макру ҳилла) менамоянд, суннату мазҳабро нодида мегиранд, динро масхара мекунанд ва хостаҳои худро болотар аз ҳама муқаддасот дониста, ҳамеша аз байни мардум ақлҳои заифу нотавонро ҷудо месозанд. Сипас, давоми кори онҳоро, яъне ташвиқоту таблиғоти хурофотсозонро ҷоҳилон пеш мебаранд. Ҳадафи аслии хурофотсозон гарм кардани бозори хурофот аз ҳисоби иддае аз мардуми гумроҳи хурофотзада  бо мақсади амалӣ кардани ғаразҳои нафсонии худ мебошад. 
 
– Дину мазҳаб дар хурофотзудоӣ чӣ нақше доранд? 
– Дини мубини Ислом мусулмон ва ҷомеаи заифро, ки аз манфиати худ ва арзишҳои моддию маънавӣ ҳимоят карда наметавонад, маҳкум намуда, илму дониш ва қудрату тавоноиро на барои истисмори инсону низоъ ва кашмакашҳои инсонӣ, балки ҳамчун арзиши волои инсонӣ, дастоварди ақлӣ ва бузургтарин неъмати илоҳӣ меҳисобад. Яъне, тибқи маълумоти динӣ, майдон аз далери одил аст, ки илму дониш ва қудрату тавоноиро бо ақлу заковат ва ҳушмандӣ дар партави тарс аз Худо дар хидмати башарият қарор медиҳад.
Илова бар ин, Қуръони карим дар тозаву озода ва поку беолоиш нигоҳ доштани афкору андешаи мусулмонон аз ҳар гуна ваҳму ақидаҳои ифротӣ ва хурофоту хаёлҳои беасос нақши муҳимеро иҷро мекунад. Яъне, ҳамчун китоби инсонсоз ва тарбиятгар саршор аз ҳикмату дониш ва таъриху саргузашти қавмҳои гуногун бо мақсади ибрат ва ислоҳи ҳаёти башарӣ буда, барои ислоҳи вазъи динӣ ва дунявии инсон раҳнамунсоз мебошад. Воқеияту ҳақиқат ин аст, ки худи дин инсонро ба истифодаи оқилонаи дунё тарғиб карда, аз тарку дурии он ва канораҷӯӣ аз фасод, ҳушдор медиҳад. Ақибмондагии мусулмонон ҳеҷ робитае ба дунё надорад, балки ба  таълимоти ноби он вобаста мебошад. 
 
–  Пас, роҳи халосӣ ва наҷот аз хурофот дар чист? 
– Ягона роҳи наҷот аз хурофот эътиқоду боварҳои солим, илму дониши созанда ва истифодаи ақлу хиради азалӣ мебошад. Замоне одаму олам ҳалок мешавад, ки тавозуни илму дониш, ақлу хирад ва дин аз байн биравад. Дин метавонад, ки инсонро аз гиреҳҳои равонӣ, қайду бастҳои шаҳвонӣ ва туғёну зиндонҳои нафсонӣ озод кунад. Дину диндорӣ ва мазҳабро дар гарави хурофот гузоштан кори ҷоҳилон аст. Ташвиқу тарғиби илму дониш, касбомӯзӣ, хирадварзӣ ва солим ба кор бурдани андеша ва тафаккур кори оқилон аст. Аз ин ҷост, ки Паёмбари Ислом (с)  фармуданд: “Як соат тафаккур баробар аст ба ҳафтодсола ибодат”.
Ба ибораи дигар, бешак, замоне ки хурофот ҷойи дину эътиқод ва эҳсосот ҷойи ақлу хирадро мегирад, монеаи ҷиддие дар роҳи рушди инсон ва ҷомеа эҷод менамояд. Ягона роҳи несту нобуд кардани хурофот эътиқоду боварҳои солим, илму дониши созанда ва истифодаи хиради азалӣ мебошад. Дар ҳамин замина, мебояд ёдовар шуд, ки аввалин лафзи аз осмон нозилгардида “Бихон!” (Сураи “Алақ”, ояти 1.) аст. Пас, инсон, бахусус мусулмон, бояд ҳамеша бихонад, то соҳибақлу боирода, аҳли тафаккуру андеша ва барои инсонияту ҷомеа на сӯзанда, балки созанда боқӣ бимонад.  
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 04.09.2024 №: 170
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив