ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ – ОМИЛИ МУҲИМИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ – ОМИЛИ МУҲИМИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ

04 сентябр 2024, Чоршанбе
14
0
Бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чанде пеш дар маҷлисгоҳи КВД Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии кормандони низоми бонкӣ ва суғуртаи кишвар Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Маърифати ҳуқуқии кормандони ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва ташкилотҳои суғуртавӣ – омили муҳими муқовимат ба коррупсия”  баргузор гардид.
 
Дар оғози он раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода ба намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва ташкилотҳои суғуртавӣ доир ба таъмини иҷрои стратегияҳои муқовимат ба коррупсия маълумот дода, зикр кард, ки дар даврони истиқлол бо мақсади муқовимат ба коррупсия бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд. 
Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини иҷрои стратегияҳои мазкур ва дурнамои чорабиниҳои амалисозии онҳо нақшаҳои кории дохилиидоравиро мунтазам таҳия ва тасдиқ карда, дар доираи онҳо як қатор тадорукотро амалӣ менамояд. Аз ҷумла, дар асоси Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он дар марҳалаи якум (солҳои 2021-2025), бо қарори раёсати Бонки миллии Тоҷикистон Барнома оид ба муқовимат ба коррупсия барои давраи то соли 2030 тасдиқ гардид ва ҳамасола Нақшаи чорабиниҳои БМТ оид ба муқовимат ба коррупсия таҳия мегардад.
Дар доираи ин Стратегия аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар самти таҷдид ва такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таҳлили хавфҳои коррупсионӣ, автоматикунонии қабули ҳисобот аз субъектҳои хоҷагидорӣ, вусъати ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва рақамикунонӣ, автоматикунонии механизми пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз, баланд бардоштани масъулияти кормандони ташкилотҳои қарзии молиявӣ зимни додани қарзҳои бонкӣ ва дар ин замина, такмил додани санадҳои меъёрии қарзӣ, ба нашр расондани натиҷаи аудити ҳарсолаи ҳисоботи молиявӣ, тарғибу ташвиқ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ, ташкил ва баргузор намудани вохӯрии кормандони БМТ бо мутахассисони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҷиҳати пешгирии амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои зарурӣ анҷом дода  мешаванд.
Сипас, муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолзода Фирӯз Анваралӣ дар бораи фаъолияти Агентӣ, таҳлили санҷишҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии низоми бонкӣ маърузаи мухтасар пешниҳод намуд. Зикр гардид, ки яке аз омилҳои асосии пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ ташаккули шууру фарҳанги ҳуқуқии касбии кормандони соҳа мебошад, ки ба риоя ва дақиқ иҷро шудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии батанзимдарорандаи фаъолияти соҳа мусоидат менамояд.
Боварӣ дорем, ки Конфронси имрӯза, дар баробари мусоидат ба муқовимати дастаҷамъона ба ин зуҳуроти номатлуб, ҳамзамон, ба баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолияти масъулин, маърифати ҳуқуқӣ ва амалисозии дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат дар ин самт самараи хуб хоҳад дод, – гуфт Камолзода Фирӯз Анваралӣ.  
Дар идома, намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КВД Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” барои  иштирокдорони Конференсия дар  мавзуъҳои “Чораҳои пешгирии коррупсия дар низоми бонкӣ”, “Усулҳои пешгирии коррупсия дар низоми бонкӣ”, “Заминаҳои пайдоиш,  омилҳо  ва  вазъи  содиршавии  ҷиноятҳои коррупсионӣ дар   соҳаи   бонкӣ”,  “Таҷрибаи   КВД   БА   ҶТ   “Амонатбонк”   дар  татбиқи барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ”, “Экспертизаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ омили баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандони соҳаи бонк” ва “Фаъолияти суғуртавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши БМТ дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ-зиддикоррупсионии низоми суғурта” бо пешниҳоди рӯнамоҳо суханронӣ карданд.
Дар интиҳои Конфронс созмондиҳандагони он бо истинод ба суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Яке аз хатарҳое, ки метавонад ба раванди рушди устувори давлат монеа гардад ва ба эътибору обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ таъсири манфӣ расонад, коррупсия мебошад. Имрӯз зарур аст, ки барои паст кардани сатҳи коррупсия ҷомеаи шаҳрвандӣ низ дар канор набошад ва барои мубориза бар зидди ин кирдори нангин бо сохторҳои давлатӣ бештар ҳамкорӣ намояд” даъват ба амал оварданд, ки ҷиҳати пешгирии амалҳои коррупсионӣ ҳамчун шаҳрванд фаъолият нишон диҳанд ва дониш, неруи худро ба ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ равона созанд. Пешгирию бартараф намудани амалҳои коррупсионӣ, муқовимат ба ин зуҳуроти нангин, вазифаи танҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набуда, кори дастаҷамъӣ мебошад. 
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 04.09.2024 №: 170
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив