ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КОНСТИТУТСИЯ ВА СЕ ДАҲСОЛАИ ДАВЛАТСОЗИИ МИЛЛӢ

КОНСТИТУТСИЯ ВА СЕ ДАҲСОЛАИ ДАВЛАТСОЗИИ МИЛЛӢ

05 сентябр 2024, Панҷшанбе
23
0
Дар ростои Ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ, ҳамзамон мардуми шарафманди тоҷик соли ҷорӣ дар фазои сулҳу озодӣ 30 - солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро бахтномаи миллат мегӯем, таҷлил хоҳанд кард. Дар ин робита, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ аз 28-уми декабри соли 2023 ба ифтихори ин санаи муборак ва бисёр муҳими таърихӣ соли 2024-ро Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намуда, ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил намудани Ҷашни 30-солагии Конститутсия дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Мусаллам аст, ки Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсоз аз сарнавишти таърихи навини тоҷикон дарак дода, барои гузариш ба низоми давлати ҳуқуқбунёди иҷтимоӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангиро замина фароҳам кард. Моддаи аввали Конститутсия сохти Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян кардааст, ки бидуни маърифати ҳуқуқӣ имкон надорад, то меъёри ҳуқуқбунёдии давлат таъмин гардад. 
Аз ин рӯ, Пешвои миллат бо тасмими дурбинонаи худ соли ҷориро Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон карданд, ки бояд дар заминаи он корҳои муҳими вобаста ба тарбияи ҳуқуқӣ анҷом дода шаванд. Зимнан, ҳар яки мо, бахусус, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро зарур аст, ки баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии мардум саҳми назаррас дошта бошем. Зеро, вақте инсон бо донишҳои ҳуқуқӣ мусаллаҳ мегардад, ҳам дар дифоъ аз ҳуқуқу озодиҳои худ муваффақ мешавад ва ҳам даст ба қонуншиканӣ намезад. Дар ин росто зарур аст, ки барои тақвияти низоми ҷомеаи демократӣ баробари тадбирҳои дигари бунёдкорӣ, ҳамагон ҳамчун шаҳрванд ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои хешро дар сатҳи зарурӣ донанд. Аз он самаранок ва пурмаҳсул истифода намоянд. Қонунҳои қабулгардидаро баҳри зиндагии сазовор дуруст ва бо камоли ақл амалӣ созанд.  
Қобили зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз солҳои аввали истиқлоли давлатӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ корҳои судмандеро анҷом дода, чандин санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ва барномаҳои алоҳидаро таҳия ва қабул намудааст. Татбиқи ин санадҳо, дар роҳи фароҳам овардани заминаҳои меъёрии ҳуқуқии ба маҷрои бонизом ва ояндадор равон кардани ҷомеа таъсири амиқ гузоштаанд. Айни ҳол бошад, дар мамлакат барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ барои солҳои 2020 – 2030 чун идомаи мантиқию бомароми ташаббусҳои қаблӣ дар самти таъмини волоияти қонун ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд амалӣ шуда истодааст.
Зимни ироаи Паёми навбатӣ Сарвари давлат тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқро вазифадор карданд, ки бояд ҳамаи захираву имконотро баҳри иҷрои ҳадафҳои пешбинишуда дар соли 2024 ва бо дастовардҳои назаррас ҷашн гирифтани 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар намоянд. Ин дастури Пешвои миллат дар ҳақиқат бисёр муҳиму саривақтист, зеро маҳз ин санади олии ҳуқуқӣ заминаи бунёди давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам оварда, яке аз дастовардҳои бисёр арзишманди даврони истиқлоли давлатӣ мебошад. 
То имрӯз дар амал татбиқ намудани меъёрҳои Конститутсия ва сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат имкон фароҳам оварданд, ки пояҳои давлат устувор, беҳтарин арзишҳо барои ҷомеа, яъне сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ таҳким бахшида шавад. Дар ин замина, рушди устувори иқтисоди кишвар таъмин гардида, барои ҳар як шаҳрванд шароити арзандаи зиндагӣ фароҳам оварда шуд. Ҳоло зарур аст, ки дар навбати аввал ин дастовардҳо бо камоли хештаншиносӣ ҳифз гарданд ва минбаъд барои таҳкими арзишҳои миллӣ аз ҷониби ҳар нафари бедордилу меҳанпараст иқдомоти судманду арзишманде анҷом дода шаванд. 
 
Суҳроб МАҶИТОВ, муовини якуми прокурори ноҳияи Рӯдакӣ
Санаи нашр: 05.09.2024 №: 171
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив