ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

05 сентябр 2024, Панҷшанбе
14
0
Ҳабси мардумфиребе, ки аз пули шаҳрвандон мошини гаронарзиш харид
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз оғози парвандаи ҷиноятӣ алайҳи директори генералии ҶДММ “Арса”-и шаҳри Душанбе Қ. Одилов хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, номбурда аз моҳи декабри соли 2023 то апрели соли 2024 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикис-тон даромада, барои бо кор таъмин намудан дар Британияи Кабир аз онҳо аз 22 000 то 25 000 сомонӣ гирифтааст. Ин дар ҳолест, ки ҷамъияти таҳти роҳбарии ӯ бо ширкатҳои кортаъминкунандаи ин кишвар шартномаи ҳамкорӣ надошта, заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои анҷом додани чунин амал фароҳам нестанд.
Гуфта мешавад, ки бо ин роҳ Қ. Одилов дар маҷмуъ, беш аз 550 000 сомониро бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ ҷамъоварӣ намуда, ба манфиати шаҳрвандон ягон амали муайянро иҷро накарда, балки аз ин ҳисоб барои худ воситаи нақлиёти гаронарзиш харида, боқимонда маблағҳоро ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф кардааст.
Вобаста ба ин ҳолат парвандаи ҷиноятӣ алайҳи Қ. Одилов бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ ба миқдори калон) оғоз шуда, нисбат ба ӯ чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс татбиқ гардидааст.
Маркази матбуоти Агентӣ бо интишори ин хабар аз шаҳрвандон даъват ба амал овардааст, ки агар аз кирдорҳои қаллобонаи Қ. Одилов зарар дида бошанд, ба раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд.
 
Қонун ба нафси бади намояндаи тиҷоратӣ лаҷом зад
Намояндаи тиҷоратии шуъбаи фурӯши ҶДММ «Фабрикаи қаннодии Амирӣ», ки аз ӯ марди 29-сола ном бурда мешавад, бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир шуд.
Тавре маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ дар ин бора хабар дод, 19-уми августи соли ҷорӣ ҳангоми гузарондани санҷиши аудиторӣ муайян гардидааст, ки гумонбаршаванда дар давоми фаъолияти кориаш ба маблағи 170 ҳазору 902 сомонӣ маҳсулотро аз мағоза ва марказҳои савдо ҷамъоварӣ намуда, ба манфиати шахсиаш сарф кардааст, ки айни замон оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
 
 
Боздошти кордбадасте, ки ба авбошӣ гумонбар мешавад
Кормандони милитсия  парда аз рӯи ҷинояти авбошие, ки моҳи январи соли 2024 содир шудааст, бардоштанд, ки дар содир намудани он марди 36-солаи сокини шаҳри Душанбе гумонбар дониста мешавад.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД, нафари гумонбар 1-уми январи соли 2024 дар кӯчаи Садриддин Айнии пойтахт бе ягон асос аз ҳиссиёти авбошӣ бо марди 49-солаи сокини шаҳри Душанбе баҳсу муноқиша намуда, якдигарро зери лату кӯб қарор додаанд. Дар идомаи ин моҷаро марди 36-сола бо истифода аз корд ба марди 49-сола зарба задааст, ки дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 05.09.2024 №: 171
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив