ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДАВЛАТДОРӢ. ЭҲЁИ КИШВАРИ БОСТОНӢ АЗ ХИРАДИ ХАЛҚИ НЕКМАНИШ АСТ

ДАВЛАТДОРӢ. ЭҲЁИ КИШВАРИ БОСТОНӢ АЗ ХИРАДИ ХАЛҚИ НЕКМАНИШ АСТ

06 сентябр 2024, Ҷумъа
17
0
Инсон ҳамеша дар пайи ба даст овардани истиқлолу озодӣ будааст. Зеро танҳо истиқлоли комил замина ва асоси дурахши симо ва сиришти инсонии ӯ хоҳад буд. Дар муддати 33-соли соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз миллати тоҷик ин падидаи волои башариро дар зиндагӣ ва сиришти худ хуб эҳсос кардааст.
 
Ба андешаи мо, барои расидани як миллат ба истиқлоли давлативу  миллӣ,  танҳо  як истиқлолияти ҷисмонӣ, ҳудудиву марзӣ  кам аст, агар истиқлолияти  руҳониву маънавии ӯ набошад. Як миллат ва ё халқ танҳо он вақт ба  мақсадҳои наҷиб, қуллаҳои баланди армонҳои миллии худ мерасад, ки чунин истиқлолият дар андеша, тафаккур ва шуури он халқ ба даст ояд. Гузаштагони хирадманди мо тули садсолаҳо кӯшидаанд, ҳамин истиқлолиятро ба даст оваранд, ки нахуст дар одобу суннат ва шууру андешаи инсон замина мегузораду шакл мегирад. Ҳама бузургон ва нобиғагони илму адаби мо дар пайи ба даст овардани ҳамин истиқлолияти маънавӣ заҳматҳо кашидаанд. Он пирӯзиҳое, ки фарзандони нобиғаи миллат дар дунёи маонӣ, дар олами маънавӣ ба даст овардаанд, дар фатҳи ҳамин арзишҳо, яъне, ормонҳои миллӣ зоҳир мешаванд. Ва яке аз заминаҳои  бо ҳама ғасбу ғорат ва ҷабрҳои таърих аз байн нарафтану пойдор мондани миллати мо, маҳз дар ҳамин пирӯзии  истиқлолияти маънавист, ки ғосибон натавонистанд, онро аз байн бубаранд ва балки то ҷойе гирифтору мутеи  он шуданд. 
Ин истиқлолият дар чӣ зоҳир мешуд? Пеш аз ҳама дар забон, одоб, фарҳанг ва илму адаби миллати мо! Ин истиқлолияти маънавӣ, ки миллати моро нигоҳ дошту пуштибон буд, пеш аз ҳама дар маросим ва оину суннатҳои баландии миллӣ, дар таълимоте, мисли футуввату ҷавонмардӣ падид омада буд. Бунёди ҳамин маънавиёти бузург ва сабақҳои гарони таърихӣ буд, ки истиқлоли давлатии имрӯзи кишварамонро халқи соҳибтамаддун пас аз садсолаҳо, бо баландтарин арҷгузориҳо истиқбол гирифту қабул намуд. 
Дар хусуси дастовардҳои даврони истиқлоли давлатӣ борҳо гуфтаему гуфтаанд, онҳо худ аёнанд. Аз ҷумла, ба шарофати ҳамин озодӣ ва ҳамин истиқлоли давлатӣ буд, ки Тоҷикистони азизи мо чун давлати соҳибихтиёр забони модарии худро забони давлатӣ эълон кард; ба ҳамин шарофат буд, ки кишвари мо чун давлати соҳибихтиёр Конститутсияи арзандаи худро қабул ва рӯи кор оварду эътирофи ҷаҳонӣ ёфт. Ҳамин шарофат буд, ки тамоми муқаддасоти миллии мо эҳёи дубора ёфтанд ва Парчами давлатии кишварамон дар баландиҳои истиқлолият парафшон гардидаву Нишони зебои давлатиамон сарбаландона дар маркази пойтахтамон бо ифтихор сарфарозӣ мекунад.  
Ба шарофати ҳамин истиқлоли давлатӣ ва фидокориҳои халқу фарзандони фарзонаи миллат буд, дар як муддати кӯтоҳ тамоми гӯшаҳояш бо бунёди нақбҳои бузург, шикофтани кӯҳҳову бунёди роҳҳо ба ҳам васл гардид. Роҳҳои вайрону валангор ба роҳҳои сатҳи баланди байналмилалӣ табдил ёфтанд.  
Бале, истиқлолияти давлатӣ буд, ки яке аз сохтмонҳои бузурги аср –   НБО “Роғун”, ки дар дунё шабеҳ надораду дар осоиштатарин даврони шуравӣ натавонист бунёд гардад, дар душвортарин даврон, бо нангу номуси халқ ва азми қавии Пешвои бунёдкор сохтаву ду агрегати аввалаш ба кор андохта шуд. Ин баландтарин пирӯзии истиқлоли давлатии Тоҷикистони азизи мо буд. 
Мо дар хусуси дастовардҳои зиёди соҳаҳои дигари хоҷагии халқ, аз ҷумла саноату кишоварзӣ, сохтмонҳои муҳташам  ва  ғайраҳо сухан намекунем, чун ҳама маълуму аёнанд. Дар мавриди дастоварду пирӯзиҳои маънавии халқамон дар даврони истиқлоли давлатӣ низ метавон бо ифтихор сухан кард. Дар соҳаи илму маориф, тандурустӣ, адабиёт, фарҳанг навгониҳое рӯи кор омаданд, ки хеле дурахшонанду ифтихорангез. 
Ба андешаи банда, яке аз дастовардҳои шоён ин руҳияи баланди ватандӯстиву ифтихори миллист, ки аз сиришти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сиришти ҳамаи мардум роҳ ёфт. 
Ҳанӯз дар оғози истиқлоли давлатӣ мафҳуму истилоҳоти навини сиёсие рӯи кор омаданд, ки дар тули садсолаҳои таърихи миллатамон вуҷуд надоштанд. Инҳо мафҳуму истилоҳоти тақдирсози даврони соҳибистиқлолӣ буданд, аз ҷумлаи худшиносии миллӣ, ваҳдати миллӣ, ифтихори миллӣ, ягонагии миллӣ, шинохти ҳувияти миллӣ ва ғайраҳо, ки аз ин пеш дар истеъмол набуданд. Маҳз ҳамин сиёсат, яъне, сиёсати худшиносӣ ва ваҳдату ягонагии миллӣ, пайгирӣ аз ғояҳо ва ормони баланди миллӣ, шинохти ҳувияти миллӣ имрӯз моро раҳнамои роҳи ростини озодӣ ва истиқлолият гардонд ва  кафолати пирӯзии халқамонро фароҳам овард. 
Мафҳуми дурахшон ва ангезандаву ватандӯстонае чун эҳёи миллӣ низ  самари замони навини истиқлолият аст. Ҳамин як ибора дар худ чи қадар ормони миллӣ ва ҳадафҳои бузурги халқро пайгирӣ менамояд. Эҳёи миллӣ ва ё эҳёи Тоҷикистон ва ё эҳёи Ватан! Аз ин рӯ, ба саволи маъмули “Истиқлоли давлатӣ ба мо чӣ дод?” ҷоиз аст, чунин посух бидиҳем, ки истиқлоли давлатӣ ба мо аз ҳама бебаҳотарин ва  қиматтарин падидаи таърихӣ – эҳёи навини сарзамини аҷдодиямонро дод, ки метавон онро волотарин дастоварди таърихии миллатамон донист.
Албатта, дар ин даврони пурхатар ва ҳассоси таърихӣ миллати моро лозим омад, боз аз як имтиҳони гарони таърихӣ, бартараф кардани ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро бо камоли хирамандӣ бигзарад ва қиматтарин дастоварди худро бо баҳои ҷоннисориҳо ҳимоят  кунад.  Чӣ гуна метавон дар подоши ин дастоварди бузурги таърихӣ нақши халқи хирадманду некманишу хайрхоҳу содиқ, нақши фарзандони ҷоннисори миллат ва хусусан, нақши фавқулода бузурги Пешвои муаззами миллатамонро, ки кафили асосии ин пирӯзии таърихӣ гардид, зикр накард?!
Метавон навиштаҳои моро ба ҳамин як ҷумлаи мухтасар ҷамъбаст кард: Бале, эҳёи навини таърихии кишвари бостонии тоҷикон ҳосили хиради зотӣ ва сиришти неки мардум, заҳматҳои фарзандони наҷиби он ва подоши сазовору адолатмандонаи таърихии халқи некманишу хайрхоҳи тоҷик  аст! 
 
Камол НАСРУЛЛО, Шоири халқии Тоҷикистон
Санаи нашр: 06.09.2024 №: 172
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив