ҶУМҲУРИЯТ » ҲУҶҶАТҲО » ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН аз 30 августи соли 2024, № 486, ш. Душанбе 

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН аз 30 августи соли 2024, № 486, ш. Душанбе 

16 сентябр 2024, Душанбе
33
0
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қисми 
даромад ва хароҷоти Буҷети давлатии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024
 
Мутобиқи моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қисми даромад ва хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2024 ба маблағи 1 140 000 000 (як миллиарду яксаду чил миллион) сомонӣ бе тағйир додани андозаи касри буҷет зиёд карда шавад.
2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисми даромад ва хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2024 мутобиқи замимаҳои 1, 2 ва 3 тағйироти дахлдор ворид намояд.
3. Қарори мазкур ба маълумоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонда шавад. 
 
Раиси Ҳукумати 
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
Санаи нашр: 12.09.2024 №: 176
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив