ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВМКБ. ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН ТАШВИШОВАР АСТ?

ВМКБ. ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН ТАШВИШОВАР АСТ?

17 сентябр 2024, Сешанбе
17
0
Ҷаласаи навбатии ситоди вилоятӣ оид ба омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 таҳти раёсати муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мусо Мирзозода баргузор гардид. 
 
Тавре сардори  раёсати рушди иқтисод, савдо ва мониторинги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят Исрор Исрорзода  иттилоъ дод, омодагӣ ба тирамоҳу зимистон дар  шаҳру ноҳияҳои  вилоят дар муқоиса  ба ҳамин давраи  солҳои пеш хеле беҳтар аст. Айни замон захираи ангишт дар доираи талаботи мавҷуда дар муассисаҳои  маориф, тандурустӣ ва фарҳанг ба андозаи беш аз 90 дарсад иҷро гардидааст. Ҳол он ки, дар ҳамин давраи  солҳои пеш ин нишондиҳанда аз 50 дарсад камтар буд.  Намояндаи раёсати маорифи вилоят иттилоъ дод, ки дар аксари ноҳияҳои вилоят, дар доираи нақшаи пешбинишуда, ангишт ва ҳезум захира шудааст. Вале дар ноҳияи Ванҷ ба ҳолати якуми сентябр  нақшаи захираи ҳезум дар муассисаҳои таълимӣ 58 дарсад ва ноҳияи Ишкошим 54 дарсад иҷро гаштааст. Дар ноҳияи Ванҷ нақшаи захираи ангишт низ иҷро нашудааст. Дар муассисаҳои томактабии ноҳия захираи  озуқа  қонеъкунанда нест. 
Сардори раёсати иқтисод, савдо ва мониторинги вилоят Исрор Исрорзода захираи озуқаро дар муассисаҳои томактабии шаҳри Хоруғ низ  ғайриқаноатбахш арзёбӣ намуд.
Баъди гузориши раёсати маорифи вилоят, Мусо Мирзозода диққати аъзои ситодро ба пешниҳоди омори  дақиқ вобаста ба зимистонгузаронӣ  ҷалб  кард. Ӯ назорати раёсати маорифи вилоятро нисбат ба  шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо дар ин самт ғайрикифоя арзёбӣ намуд. Зикр гардид, ки ҳисоботи баъзе  шуъбаҳои  маориф бозгӯйи  ҳақиқати ҳол нестанд.
– Дар  муассисаҳои фарҳангии вилоят нақшаи захираи ангишт 93 ва ҳезум 78 дарсад иҷро шудааст. Дар муассисаҳои фарҳангии ноҳияи Ванҷ бошад, иҷрои нақшаи захираи ҳезум  то кунун ҳамагӣ андаке бештар аз 47 дарсадро ташкил медиҳад, – гуфт сардори раёсати фарҳанги вилоят Гулдасташо Амирхонов.
Аз гузориши аксари роҳбарони идораву муассисаҳо маълум гардид, ки иҷрои нақшаи  захираи ҳезум барои мавсими сармои дарпешистода дар аксари идораву муассисаҳо таъмин нашудааст. 
Сардори сарраёсати молияи вилоят Хурсанд Вафобекзода иттилоъ дод, ки  барои пардохти ҳаққи истифодаи қувваи барқ, хариди ангишт ва ҳезум,  тибқи нақша, дар ҳашт  моҳ  14 миллион сомонӣ  пешбинӣ шуда,  феълан 13 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Дар маҷмуъ, барои  хариди ин манбаъҳои гармкунӣ соли равон  дар буҷет 21,7 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст  ва ин маблағ ҳар семоҳа марҳала  ба марҳала ҷудо мешавад.
– Мушкили асосии муассисаҳои таъмиру роҳсозии вилоят барои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон, асосан, ба қарздории ин муассисаҳо дар назди нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ рабт дорад, – гуфт зимни гузориш муовини сардори Муассисаи давлатии идораи хоҷагии  роҳҳои автомобилии  вилоят  З. Саломатшоев. – Айни замон  қарздории ин муассисаҳо дар назди нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ аз ду миллион сомонӣ бештар аст. Аз 94  техникаи дар ихтиёри идораҳои таъмиру роҳсозӣ мавҷудбуда 84-тоаш дар ҳолати коршоямӣ қарор дорад.  
Муовини раиси вилоят Мусо Мирзозода дар фарҷоми ҷаласа аъзои ситод ва роҳбарони идораву муассисаҳоро вазифадор намуд, ки  дар муҳлати кӯҳтоҳтарин барои бартараф кардани камбудиҳо чораҷӯӣ намоянд. Солҳои пеш дар мавсими зимистон ҳангоми аз барфу тарма тоза кардани роҳҳо, агар  техникаву механизмҳои фирмаҳои сохтмонӣ намешуд, дар ҳолати ногувор мемондем. Бинобар ин, тамоми механизмҳои   муассисаҳои роҳсозӣ бояд аз таъмир бароварда шаванд. 
Муовини раиси вилоят ба масъулон  ҷиҳати таъмини саривақтии муассисаҳои маориф ва тандурустӣ бо хӯрокворӣ барои фасли зимистон супоришҳои қатъӣ дод. Қарор шуд, ки бо мақсади суръатбахшии ҷараёни захираи сӯзишвориҳо барои зимистон ва санҷиши ҳақиқати ҳол дар ин самт гурӯҳҳои корӣ ба ноҳияҳо сафарбар шаванд.
  
Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 17.09.2024 №: 179
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив