ХОВАЛИНГ. МАРҲАЛАИ НАВИ РУШД
Ноҳияи Ховалинг, бо боду ҳавои мусоид ва табиати дилфиреб, яке аз гӯшаҳои зебоманзари кишвар буда, дар фазои орому осудаи кишвар рӯ ба пешравиҳои тоза дорад. Бо қомат афрохтани биноҳои баландошёна, боғу гулгаштҳо ва иншооти нави замонавӣ симои ноҳия куллан дигар гашта, мавзеи зебоеро дар оғӯши кӯҳсор мемонад.
Омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Набизода Фарухиддин, раиси ноҳия, суҳбатро аз омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ оғоз намуд. Номбурда иттилоъ дод, ки барои сазовор истиқбол намудани ин Ҷашни фархунда сокинони меҳнатдӯсти ноҳияи Ховалинг бо дасту дили гарм дар ободонии диёри худ саҳми назаррас мегузоранд. Тибқи нақша-чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар ноҳия таъмиру бунёди 221 иншоот ба нақша гирифта шуда, то ин давра 88 иншоот ба истифода дода шудааст, ки 40 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.
Иҷрои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия
Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ховалинг барои солҳои 2021-2025 амалишавии 198 лоиҳа ба маблағи 575,2 миллион сомониро пешбинӣ менамоянд. Ҷиҳати самаранок татбиқ намудани ин лоиҳаҳо, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ, аз ҷумла буҷети ҷумҳуриявӣ 203 миллион сомонӣ, вилоятӣ 9 миллион, ноҳия 18 миллион, маблағи соҳибкорон ва аҳолӣ 203 миллион ва сармояи дохилию хориҷӣ 139 миллион сомонӣ равона мегардад. Ба ҳолати 1-уми июли соли равон 105 лоиҳа ба маблағи 225 миллион сомонӣ амалӣ шуд.
Бунёди корхонаҳои саноатӣ
Набизода Фарухиддин иброз дошт, ки соли равон дар ноҳия се корхонаи саноатӣ, аз ҷумла ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Ганҷинаи кӯҳсор”, “Ганҷи Раҳмониён” ва “Ғанимати ганҷ” бунёд ёфта, аз ин ҳисоб ба маблағи 13018,4 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардида, 158 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуд. Ҳамзамон, дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли орд ба 1348,2 тонна, нон ва маҳсулоти нонӣ беш аз 724 тонна ва равғани рустанӣ зиёда аз 52 тонна расид. Дар маҷмуъ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 93,4 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Кишоварзӣ омили асосии таъмини озуқаворӣ
Қисми зиёди сокинони ноҳия ба кишоварзӣ, чорвопарварӣ ва боғдорӣ машғул мебошанд. Дар нимсолаи аввал дар майдони 7,9 ҳазор гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ анҷом дода шуд. Дар ин давра саршумори чорвои калон ба 28375 сар, аз ҷумла гов 11433, гӯсфанду буз 42706, паранда 32994 ва асп 2270 сар, расид. Ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 38,4 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Корҳои сабзазоркунӣ низ назаррас буда, шуруъ аз фасли баҳор беш аз 52 ҳазор ниҳол, 25 ҳазор гули садбарг, 7000 гули лола ва беш аз 13 ҳазор гули ороишӣ шинонда шуданд.
Сайёҳӣ – самти афзалиятноки ноҳия
Табиати сарсабз ва боду ҳавои мусоид ҳамасола шумораи зиёди сайёҳонро ба ноҳия меорад. Ташрифи сайёҳон ба ин макон зиёд буда, бо оғоз гардидани фасли гармо теъдоди онҳо меафзояд. Дар нимсолаи аввал ба ноҳия 9353 нафар сайёҳ ташриф овард, ки аз ин 3112 нафараш сайёҳи хориҷӣ мебошад.
Набизода Фарухиддин гуфт, ки бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, махсусан сайёҳии табобатию экологӣ, ташвиқу тарғиби имкониятҳои сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ, гӯшаҳои иттилоотию сайёҳиро ташкил намуда, дар сомонаи иҷтимоии фейсбук саҳифаи “Туризми Ховалинг” фаъол гардонда шудааст.
Ҳамчунин, дар ноҳия ду ширкати сайёҳӣ, 7 меҳмонхона, ду тарабхона, чор осорхона, нуҳ чойхона, даҳ меҳмонхонаи муваққатӣ, ду мағозаи фурӯши армуғон, маркази иттилоотии сайёҳӣ, харитаи сайёҳӣ, 60 ёдгории таърихиву фарҳангӣ ва се хатсайр мавҷуд буда, мавриди хизматрасонии сайёҳону меҳмонон қарор доранд.
Судобаи ФАЙЗАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 18.09.2024 №: 180
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)