ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БА ОЗМУНИ “ДУОИ МОДАР”

БА ОЗМУНИ “ДУОИ МОДАР”

18 сентябр 2024, Чоршанбе
9
0
МОДАР, ЯЪНЕ ФИДОКОР Ё ФАРҲАНГИ ЭҲТИРОМИ ОРИЁИҲО БА БОНУВОН БЕНАЗИР АСТ
Модар! Вожае муқаддас, инсоне мунир, зоте шариф ва олиҳае заминӣ, ки шамими меҳри ӯ роиҳаест аз Худованд ба мо арзонӣ расида. Модар, фариштае, ки парвонавор вуҷуди нозанини хешро барои бузургӣ, тарбияту ба сару сомон расондани фарзандон дар оташи сахтиҳо ва номулоимоти рӯзгор фидо мекунад. Намедонам, шояд дар ҷомеаи дигар миллатҳо чунин ҷоннисории модар камтар бошад, аммо дар ойини мо модарро бо ҳамин симо ва рисолат мешиносанд, яъне фидокор! Оре, фидокорӣ ва аз худгузаштагии модарон қобили муқоиса бо ҳеч офаридае нест!
Якшаба он ранҷ, ки модар кашид,
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид!
Амир Хусрави Деҳлавӣ
 
Дар таърихи бошукӯҳи ниёкони порсу тоҷики мо, нақши занону духтарони ин куҳанбуми ориёӣ ҳамвора асоси пирӯзӣ ва муваффақияти мардон будааст. Боиси ифтихор аст, ки мо танҳо қавме ҳастем, ҳатто дар забонамон ҷудоии ҷинсиятӣ вуҷуд надорад, чаро ки дар забони порсӣ, замирҳои “Ӯ”, “Вай” шомили зану мард мешаванд, дар ҳоле, ки дар забонҳои лотиниву аврупоӣ ва арабӣ инчунин нест. Дар ҳамаи забонҳо ҷинсият вуҷуд дорад ва зану мардро бо замирҳои алоҳида мухотаб қарор медиҳанд. Дар гуфтугузор  ва навиштори порсии тоҷикӣ муроҷиат ба бонувон бо мардон яксону якранг аст. Эҳтиром ба занон, ҳатто дар шеваи гуфтор, дар забони порсу тоҷик вуҷуд дорад. Замоне, ки суҳбат аз ҷинсияти афрод меравад, занон бар мардон муқаддам ҳастанд, монанди зану шавҳар, духтару писар, хоҳару бародар, зану мард ки ин нишондиҳандаи умқи эҳтироми вофире аст, ки дар фарҳангу забони мо нисбат ба занон ҷорист. 
Шарму ҳаё ва эҳтироме, ки занону духтарони густараи бузурги Эроншаҳри бостонӣ (Эронвиҷ) бар худ доштаанд, аз сангнигораҳои фаровон дар давраҳои Ҳахоманишиён, Ашкониён ва Сосониён мушоҳида мекунем. Ҳатто, як тасвири урёни бонуе вуҷуд надорад ва ҳамагӣ бо либосу пироҳанҳои зебои порсии тоҷикӣ ба намоиш омадаанд.
Аз ёдгориҳои бостонии боқимонда қатъиян хулоса кардан месазад, ки мо аз оғози ташаккули инсоният ба зан-модар чун офаринанда ва идомабахши ҳаёт арҷ мегузоштем ва ному мақомашонро гиромӣ медоштем. Хушбахтона, ин ифтихорро имрӯз ҳам дорем.
Бисёр хурсандам, ки ҳамакунун дар Тоҷикистон ва Эрон духтарон дар таҳсили илму адабу фарҳанг аз писарон пештару бештар кӯшиш доранд ва ин навиди ояндае дурахшон барои кишварҳои моро дорад. Ҳамчунин, умедворем мушкилоти духтарон ва занони сарзамини Хуросони бостонӣ – Афғонистони кунунӣ низ дар ояндаи наздик ба поён расида ва шоҳиди дурахшаши бонувони хуросонӣ низ бошем. 
Мо ҳамчун як порае аз бани башар наметавонем ба сарнавишти бонувони хуросонӣ бетараф бошем. Бетарафии мо ба тақдири як кас, бетерафӣ ба қисмати башар аст. Шайх Саъдӣ чи хуш фармуда:
Ту, к-аз меҳнати дигарон беғамӣ,
Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ!
 
Дӯстон ёд доранд, ки камина дар Наврӯзи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон, ба он кишваре, ки орзуи дидораш дар ҷонам нишеман дошт, рафтам ва қариб як моҳ он ҷо будам. Ба ҷуз аз водии Рашт ва Бадахшон қариб ба ҳама гӯшаву канори тамошоии Тоҷикистон сафар кардам. Чи хуш аст, ки ҳамаро – пиру барноро мисли ҳамватанони хеш дарёфтам: озодаву ороставу пероставу самимӣ.
Озодагиву озодии занони тоҷик сутуданист. Пироҳанҳои атласу адрас бо гулшану боғҳои саршори ранги кишвар ба ҳам омада, манзараи аҷиберо ҳосил карда буданд.
Дар поён шеъре аз шоири эронӣ, зиндаёд Фаридуни Муширӣ пешкаш ба мақоми волои модарон менамоям. Ин шеър дар зоти хеш басе самимиву заминӣ, инчунин, гуворову бодард суруда шудааст. Ман ҳамчун як марде, ки тоза аз модар ҷудо шудаам, ба шумо гуфтаниям, як лаҳза агар модар доред, шумо шоҳи баҳру баред, бидуни шубҳа.
Дар ин чакома бори дигар ба субут расида, ки як лаҳза модар доштан баробар ба ҳама фароғат ва дороиҳои ҷаҳон ва, ҳатто, фаротар аз он аст: 
Тоҷ аз фарқи фалак бардоштан, 
Ҷовидон он тоҷ бар сар доштан, 
Дар биҳишти орзу раҳ ёфтан, 
Ҳар нафас шаҳде ба соғар доштан, 
Рӯз дар анвои неъматҳову ноз,  
Шаб буте чун Моҳ дар бар доштан,
Субҳ аз боми ҷаҳон чун Офтоб
Рӯйи гетиро мунаввар доштан, 
Шомгаҳ чун моҳи руъёофарин
Ноз бар афлоку ахтар доштан, 
Чун сабо дар мазраи сабзи фалак
Бол дар боли кабӯтар доштан, 
Ҳашмату ҷоҳи Сулаймон ёфтан, 
Шавкату фарри Сикандар доштан, 
То абад дар авҷи қудрат зистан,  
Мулки ҳастиро мусаххар доштан,  
Бар ту арзонӣ, ки моро хуштар аст, 
Лаззати як лаҳза модар доштан.
 
Муҳаммад Ризо ШАБОНКОРА, узви Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Эрон, шаҳри Теҳрон
Санаи нашр: 18.09.2024 №: 180
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив