ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “ҶУМҲУРИЯТ”. МАКТАБИ КАМОЛОТИ КАСБӢ

“ҶУМҲУРИЯТ”. МАКТАБИ КАМОЛОТИ КАСБӢ

23 сентябр 2024, Душанбе
7
0
Дар ташаккули рӯзноманигории касбии тоҷик ҳаракати хабарнигорон аз ҷумлаи коргару деҳқонон аз худ нақши муҳим гузоштааст. Ин ҳаракат дар матбуоти даврии тоҷик дар нимаи дуюми  солҳои бистуми садаи ХХ, бо тақозои замон аз рӯзномаҳои «Овози тоҷик» ва “Бедории тоҷик” шуруъ шуда, баъдтар дар рӯзномаҳои дигар паҳн гардид ва инкишоф ёфт.
 
Самараи фаъолияти ҳаракат, асосан, ба кормандони эҷодии рӯзномаҳои “Овози тоҷик” ва “Бедории тоҷик” бо таъсис додани замимаи махсус бо номи «Раҳнамои мухбирон» ва рубрикаи «Гӯшаи мухбирони деҳот» сахт алоқаманд аст. Ин рӯзномаҳо на танҳо аз номаҳои коргару деҳқон ба таври фаровон истифода мекарданд, ҳамчунин дар таҳриру тармими матолиби мухбирони ҷавон ёрӣ мерасонданд, барои беҳтар намудани корҳои ояндаи онҳо, ташкили чорабиниҳои гуногун, доман задани ин ҳаракат ва самараи дилхоҳ додани он ташаббусу иқдом нишон медоданд. Аз ҷумла, бо ташаббус ва дастгирии рӯзномаи «Бедории тоҷик» дар нимаи соли 1927 конфронси хабарнигорони вилояти Ҳисор созмон ёфт. Мавзуи конфронс беҳтар намудани вазъи ҳаракати мухбирони коргару деҳқон, ҷалб намудани доираи васеътари аҳолӣ ба кори рӯзномаҳо буд. Чунин конфронсҳо дар шаҳрҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) низ доир гашта, дар онҳо фаъолияти мухбирон ва ҳимояи онҳо аз душманони синфӣ баррасӣ  шуданд.
Мухбирони коргару деҳқон, асосан, дар курсҳои 9-моҳаи маҳви бесаводӣ ва омӯзиши корҳои техникии матбаа, ки соли 1925 аз ҷониби Комиссариати маорифи Тоҷикистон дар назди Техникуми педагогии шаҳри Душанбе таъсис ёфта буд, ба таълим фаро гирифта мешуданд. Хатмкардагон ба деҳоту маҳалҳои сернуфус ба касби омӯзгорӣ ҷалб шуда, ҳамзамон, оид ба ҳодисаву воқеоти маҳали худ хабарҳо навишта, ба идораи рӯзномаҳо, аз ҷумла «Бедории тоҷик», мефиристоданд. Идораи рӯзномаи «Бедории тоҷик», дар баробари нашри ин хабарҳо, дар асоси далелҳои зикршуда дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута тадбирҳои фаврӣ андешида, натиҷаашро ба онҳо хабар медод. 
Сафи мухбирони ҳаваскор сол ба сол зиёд гардида, нигоштаҳои онҳо сифати касбӣ пайдо мекарданд. Бахусус, баъд аз моҳи ноябри соли 1929, ки Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ташкил ёфт, таваҷҷуҳи рӯзнома ба ин масъала дучанд гардид. Пас аз ташкили ҷумҳурӣ дар вилояту шаҳрҳо ва ноҳияву муассисаҳо рӯзномаву маҷаллаҳои зиёд таъсис ёфтанд, барои онҳо мутахассис лозим буд. Агар то ин санаи таърихӣ дар ин самт рӯзномаи «Овози тоҷик» афзалият дошт, акнун ин вазифа пурра ба дӯши рӯзномаи  «Бедории тоҷик», ки «Тоҷикистони сурх» ном гирифт, афтод. Ба ин мазмун, аз саромадони матбуоти даврии тоҷик Қосим Дайламӣ дуруст навиштааст: «Таърихи пайдоиши мухбирони коргару деҳқон ба таърихи газетаи «Бедории тоҷик» як аст».  
Аввалин хабарнигорони ҷамоатӣ ҷавононе буданд, ки дар деҳоти сернуфус ба касби омӯзгорӣ машғул буданд. Онҳо бо идораи рӯзномаҳо, аз ҷумла «Бедории тоҷик», ҳамчун хабарнигор ҳамкорӣ менамуданд, вале аксари хабарҳои онҳо ба таҳрир ниёз дошт. Дар ин кор ба онҳо кормандони соҳибтаҷрибаи нашрияҳои даврӣ ёрӣ мерасонданд. Ба ибораи дигар, хабарҳои мухбирони коргару деҳқонро метавон ба сифати нома ва мактуб муаррифӣ кард, ки мавзуъҳои гуногунро фаро мегирифтанд. Бино ба навиштаи Зарифӣ, «Тоҷикистони сурх» дар соли 1925 аз мухбирони худ 50 хабар, дар соли 1930-юм 2177 хабар ва дар соли 1932-юм 6875 хабар гирифтааст. Агар ин хабарҳоро ба навъ ва фоизҳо ҷудо кунем, чунин манзараро нишон медиҳанд: дар муддати 7 сол 31 фоизи хабарҳоро хабарҳои хоҷагии қишлоқ, 23 фоизро хабарҳои сохтмони маданӣ-маориф, 18 фоизро хабарҳои ҳаёти ҳизбӣ, 19 фоизро хабарҳои гуногун ва 9 фоизро хабарҳои соҳаи саноат ва корпоратсия ташкил карда буданд. «Тоҷикистони сурх» дар соли 1934 аз мухбирони худ зиёдтар аз 10 ҳазор нома гирифта ва аз он 8747-тоаш дар газета дарҷ карда шудааст.  
Мухбирони коргару деҳқон аз муборизони бунёди ҳаёти нав буданд, онҳо ҳамчун ёрдамчии боэътимоди ҳукумат, на танҳо дар бораи воқеаву рӯйдодҳои нав хабарҳо менавиштанд, балки дар ифшои камбудиҳо низ мекӯшиданд, амалҳои номатлуби шахсони бемасъулият ва иртиҷоиро фош менамуданд, барои ҳаёти нав, сохтмони хоҷагии халқ ва роҳи инкишофи кишвар мубориза мебурданд. 
Номаҳои хабарнигорони коргару деҳқон, ки бештар зери рубрикаҳои «Аз мухбирони коргару деҳқон», «Аз мухбирҳои қишлоқ», «Аз мухбирони деҳқон» нашр шудаанд, мазмунан баёнгари навгониҳои хоҷагидорӣ, пешравии соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, талаби сохтмони мактабҳои нав, қаноатбахш набудани фаъолияти хадамоти хизматрасонӣ, бахусус почта ва амсоли ин, мебошанд. Ҳамчунин,  зери ин рубрикаҳо ба хабарҳое  низ вомехӯрем, ки аз корҳои бади мансабдорону амалдорони давр дар маҳаллаҳо ҳикоят мекунанд. 
Як вижагии матолиби мухбирони коргару деҳқон он аст, ки дар онҳо баробари ифшои амалҳои ҷинояткоронаи ашхоси алоҳида, барои чора андешидан масъалагузорӣ карда мешавад. Ин усул ба маҳкумшавандагон ва ҷонибдорони онҳо писанд набудааст. Бинобар ин, ашхоси ҷоҳил ҳама гуна зуҳуроти афкори эҷодӣ, майлу хоҳиш ба озодӣ ва илму маърифатро фурӯ менишондаанд ва мубаллиғони ин роҳро бераҳмона таъқиб мекардаанд. 
Барои ҳифзи худу наздиконашон дар чунин шароити мураккаб кормандони матбуот, аз ҷумла мухбирони коргару деҳқон, номи аслиашонро пинҳон мекардаанд ва бо имзоҳои мустаор менавиштаанд. Дар байни имзоҳои мустаор номҳои «Калтак», «Хабаркаш», «Ғайбат», «Беном» нисбатан фаъолтаранд. 
Ҳамин тавр, рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» (“Ҷумҳурият”) дар солҳои бистуму сиюми садаи ХХ ба мақсади тарбияи меҳнаткашон, таблиғи қарорҳои ҳукумат ва иҷрои онҳо дар сохтмони ҷамъияти сотсиалистӣ қувваи бузурги мухбирони коргару деҳқонро ташкил намуда, аз неруи он самаранок истифода кардааст, ки қобили таваҷҷуҳ, омӯзиш ва пажӯҳиш аст. 
 
Мурод МУРОДӢ, профессори ДМТ,
Фаридун РАҲМОНЗОДА, пажӯҳишгар
Санаи нашр: 23.09.2024 №: 183
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив