ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАҲАВВУЛОТИ МАДАНӢ ВА РУШДИ ИЛМУ МАОРИФ

ТАҲАВВУЛОТИ МАДАНӢ ВА РУШДИ ИЛМУ МАОРИФ

23 сентябр 2024, Душанбе
20
0
(ДАР ҲОШИЯИ СУХАНРОНИИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БАХШИДА БА РӮЗИ ДОНИШ)
Воқеан, дар замони соҳибистиқлолӣ давлату Ҳукумати мамлакат ба масъалаи беҳтар кардани вазъи зиндагӣ ва кору фаъолияти омӯзгорон таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир карда, барои онҳо дар санадҳои қонунгузорӣ як қатор имтиёзҳо муқаррар намудааст. Зеро истиқлолият дар сарнавишти халқи мо, хоса кормандони соҳаи маориф, давраи бозгашт ба асли хеш маҳсуб шуда, Тоҷикистонро маҳз соҳибистиқлолӣ дар арсаи ҷаҳонӣ шиносонд. 
Имрӯз бо гузашти беш аз се даҳсола аз соҳибистиқлолии мамлакат мардуми соҳибназар ва соҳибиқболи кишвар иқрор мешаванд, ки муҳаббату самимияти Роҳбари давлат нисбат ба халқу миллати худ беандоза аст. Зеро тули ин солҳо мамлакати аз лиҳози маънавию иқтисодӣ харобгаштаи мо ба кишвари ободу озод ва рӯ ба рушд ниҳода табдил ёфта истодааст. 
Ҳамон тавре ки дар мулоқоти Пешвои муаззами миллат бо кормандони соҳаи маориф зикр ёфт: “Агар соли 2000-ум ба соҳаи маориф ҳамагӣ 42 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, ин нишондиҳанда дар соли 2005 ба 253 миллион, соли 2010 ба зиёда аз 1 миллиард, соли 2015 ба 2,5 миллиард, соли 2020 ба 5,5 миллиард ва дар соли 2024 ба 8 миллиарду 231 миллион сомонӣ расонда шуд, ки 5,7 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва 18,9 фоизи хароҷоти умумии буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ музди меҳнати кормандони соҳаи маориф 21 маротиба баланд бардошта шуд. Аз 1-уми июли соли ҷорӣ маоши кормандони соҳа боз ба андозаи 40 фоиз зиёд гардид”.
Яке аз нуктаҳои меҳварии суханронии Сарвари давлат ба авзои мутташаниҷи ҷаҳонӣ рабт дошта, зикр шуд, ки бинобар ноогоҳӣ,  саводи казоӣ надоштани аҳли ҷомеа хатарҳои фаромилӣ дар гӯшаву канори олам сар зада истодаанд. Халқи мо ин мусибатҳоро паси сар намуда, имрӯз чун кишвари воҳид дорои неруи бузурги маънавиву фарҳангӣ барои пешрафти кишварамон кӯшиш ба харҷ медиҳем.  
Пешвои миллат баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, забономӯзӣ, ҳамқадами замон будану мақсаднок истифода бурдани воситаҳои муосири техникаву технологияи муосир, татбиқи амалии қонунҳои миллиро сипари боэътимод дар муқобили ҳамагуна зуҳурот донистанд.   
Президенти мамлакат пешрафти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро дар таъсиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ донистанд, ки хеле саривақтӣ аст. Зеро солҳои охир ин зинаи таҳсилот ниёз ба таҷдиди назар дошт. Тавре дар суханронӣ омадааст: “...ба таҳияи китобҳои дарсӣ, адабиёт ва маводи таълимӣ низ бояд таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода шавад, зеро дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ норасоии онҳо ташвишовар мебошад”. 
Воқеан, ишораи Пешвои муаззами миллат дар мавриди беҳбуди сифати таълим дар ин зинаи таҳсилот саривақтӣ аст. Имрӯз зарурате пеш омадааст, ки китобҳои таълимӣ аз нав бозбинӣ шуда, олимони мо барои таҳияи китобҳое даст зананд, ки ба зеҳни донишҷӯ таъсиргузор бошад. Толибилм онро хонаду аз он баҳрае гирад, то дар корҳои амалӣ дониши азхудкардааш самар орад.  
Як нуктаи бисёр ҳам ҷолиб дар суханронӣ он буд, ки  бо дарназардошти таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ бояд ба масъалаи таъсиси паркҳои техникӣ, технологӣ ва таъсиси корхонаҳои хурди истеҳсолӣ дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ба хотири омодасозии мутахассисон аҳамияти ҷиддӣ зоҳир карда шавад, то шогирдон имкони гузаштани таҷрибаомӯзӣ ва гирифтани аввалин салоҳиятҳои касбиро пайдо намоянд. 
 
Алимат МАВЛОНЗОДА,
директори МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд” 
ба номи Ю.Б. Исҳоқӣ
Санаи нашр: 23.09.2024 №: 183
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив