ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДУШАНБЕ. БАРДОШТ АЗ ҶАЛАСАИ 35-УМИ ШУРОИ  БАЙНИДАВЛАТӢ ОИД БА ГИДРОМЕТЕОРОЛОГИЯИ ИДМ

ДУШАНБЕ. БАРДОШТ АЗ ҶАЛАСАИ 35-УМИ ШУРОИ  БАЙНИДАВЛАТӢ ОИД БА ГИДРОМЕТЕОРОЛОГИЯИ ИДМ

24 сентябр 2024, Сешанбе
5
0
Дар меҳмонхонаи «Kangurt Grand Hotel»-и пойтахт ҷаласаи 35-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба гидрометеорологияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардида, дар он намояндагони давлатҳои узви ИДМ, роҳбарони ҳайатҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатию хориҷӣ ширкат варзида, суханронӣ намуданд. 
 
Абдулло Қурбонзода, директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни суханронӣ изҳор дошт, ки ҳамкории ҳамаҷонибаи кишварҳои ИДМ дар самти обуҳавошиносӣ ба рушди соҳа мусоидат менамояд. Сохтори обуҳавошиносӣ ба системаи назорати давлатии обуҳавошиносӣ, агрометеорологӣ, глятсиологӣ, инчунин мониторинги ифлосшавии ҳаво, қабати озонӣ дар шаҳрҳои калон ва объектҳои муҳими давлатӣ ва стратегӣ идоракунии ҳамаҷониба амалӣ менамояд. Мониторинги ифлосшавии обҳои рӯизаминӣ дар дарёҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ, гузарондани мушоҳидаҳои экспедитсионии пиряхҳо, кӯлҳои аз таркиш хавфнок, қабати барф, тармаҳои барф ва сел ба фаъолияти сохтори мазкур рабт дорад.
Зимни ҷаласа Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ва дигар мамлакатҳо оид ба фаъолияти сохтори обуҳавошиносии кишварҳои худ маълумоти муфассал доданд. Ҷониби Федератсияи Россия бо мақсади табодули таҷриба ба яке аз самтҳои  фаъолияти обуҳавошиносӣ – системаи назорати кайҳонӣ диққати ҷиддӣ дода, татбиқи нақшаҳои стратегиро дар ин самт муҳим арзёбӣ намуд. Ҳамчунин, ба масъалаи навсозии системаи обуҳавошиносӣ дар минтақа таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, таъкид шуд, ки бунёди иншооти муосири обуҳавосанҷӣ барои дақиқу равшан санҷидани вазъи боду ҳаво ва дигар омилҳои табиӣ мусоидат мекунад. 
Мавриди зикр аст, ки  Агентии обуҳавошиносии мамлакат марҳала ба марҳала сохтори худро бо навтарин таҷҳизот ва техникаи санҷишию омӯзишии метеорологӣ муҷаҳҳаз гардонда, ба аҳолии кишвар пешгӯиҳои кӯтоҳмуддат, миёна ва дарозмуддати обу ҳаворо пешкаш менамояд. 
Гуфта шуд, ки Агентии обуҳавошиносӣ ҳамчун доираи васеи хадамоти гидрологӣ, аз ҷумла пешгӯии ҷараёни дарёҳо барои давраҳои гуногун, аз пешгӯиҳои кӯтоҳмуддат барои 1-3 рӯз то пешгӯиҳои дарозтар барои як моҳу се моҳро пешкаш мекунад. Илова бар ин, пешгӯии даҳрӯзаи ҷараёни оби дарёҳо ва пешгӯии мавсими нашъунамо бо таваҷҷуҳи хоса ба эҳтимоли якбора боло рафтани сатҳи оби дарёҳо, обхезӣ ва селоб анҷом дода мешавад.
 Дар охири ҷаласа кишварҳои узви ИДМ Хадамоти федералии гидрометеорология ва мониторинги муҳити зисти Федератсияи Россияро бо 190-солагии таъсисёбиаш шодбошу таҳният гуфтанд.
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 24.09.2024 №: 184
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив