ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

24 сентябр 2024, Сешанбе
5
0
Нафси бад балои ҷон 
Тибқи иттилои маркази матбуоти ВКД, дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 34-сола, сокини ноҳияи Темурмалик тибқи шартномаи шифоҳӣ бо сокини 43-солаи ноҳияи мазкур аз соли 2013 то моҳи июли соли 2024, дар мағозаи ҶДММ “Суҳайлҷон”, воқеъ дар Ҷамоати шаҳраки Баҳманрӯди ноҳияи Темурмалик ба ҳайси фурӯшандаи мол ва маҳсулоти хӯрокворӣ кор карда, ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҷиноят содир намудааст.
Гумонбаршаванда аз соли 2022 то моҳи июли соли 2024, ҷамъ ба маблағи 700 ҳазор сомониро аз они худ намуда, ба роҳбари ҶДММ “Суҳайлҷон” зарари махсусан калон расондааст.
Нисбат ба гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 4 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
 
 
 
ҒОРАТГАРӢ 
Боз ду ҳолат ошкор шуд
Ба ШВКД-и шаҳри Бохтар ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён муроҷиат намудааст, ки 10-уми сентябри соли 2024, ду ҷавони ношинос бе ягон асос ӯро латукӯб  карда, ошкоро аз дасташ  як телефони мобилии тамғаи “Редми-8”-ро, ки арзишаш 1 ҳазору 500 сомонист, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб заданд.
Тавре сомонаи ВКД дар ин бора хабар медиҳад, ҳангоми гузарондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 20 ва ноболиғи 17-солаи сокинони шаҳри Бохтар содир намудаанд. 
Инчунин, бо ин мазмун ба ШВКД дар шаҳри Бохтар аризаи зани 38-солаи сокини шаҳр ворид гардидааст, ки 7-уми сентябри соли равон, ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Бохтар писари ноболиғи 13-солаашро бе ягон асос латукӯб намуда, ошкоро аз дасташ  як адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг А03”-ро, ки арзишаш ҳазор сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Нисбат ба ин ҳодиса, парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
 
 
 
Кордбадаст бе ҷазо намемонад 
Маркази матбуоти ВКД хабар дод, ки марди 37-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 18-уми сентябри соли 2024, тахминан соати 22:30 ҳангоми дар ҳолати мастӣ қарор доштанаш, дар назди таваққуфгоҳи “Душанбе-Бохтар”, воқеъ дар кӯчаи Н. Қарабоеви ноҳияи Фирдавсӣ аз ҳиссиёти авбошӣ бе ягон асос бо марди 55-сола, сокини шаҳри Душанбе ҷанҷол намуда, бо корд ба шикамаш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ  бардоштааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
 
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 24.09.2024 №: 184
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив