МУНЗИФА ҒАФФОРОВА. ПОРАЕ АЗ ЗИНДАГИНОМАИ ХОДИМИ ҶАМЪИЯТИВУ ДАВЛАТӢ
Соли равон ба зодрӯзи ходими намоёни ҷамъиятиву давлатӣ, омӯзгор ва олими варзида, бонуи фарҳехта ва пешқадами тоҷик Мунзифа Ғаффорова сад сол пур мешавад.
Мавсуф 4-уми октябри соли 1924 дар шаҳри бостонии Хуҷанд ба дунё омада, баъди хатми бомуваффақонаи дабистону факултети омӯзгории коргарӣ, соли1940 ба факултети табиатшиносии Донишкадаи омӯзгории Ленинобод ба номи С.М. Киров дохил гардида, онро сарбаландона хатм мекунад.
Фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии бонуи оқилу кордон соли 1952, баъди дохил шудан ба аспирантураи шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, оғоз меёбад. Номбурда дар кафедраи марксизм-ленинизми Донишкадаи давлатии омӯзгории занонаи шаҳри Душанбе (Женпединститут) ва баъди якҷояшавии он бо Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко аз соли 1962 то соли 1974 вазифаи мудири кафедраро ба зимма дошт. Соли 1956 рисолаи номзадӣ ва соли 1968 дар Шурои диссертатсионии факултети фалсафаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов рисолаи доктори илми фалсафаро сарбаландона ҳимоя намуда, соли 1970 ба унвони илмии профессор комёб гардид.
Мунзифа Ғаффорова тули фаъолияти илмию омӯзгории хеш зиёда аз 200 кори илмӣ ва илмӣ-методӣ: мақолаҳо, монографияҳо ва китобҳои дарсӣ таҳия намуда, дар ҷумҳурӣ ва берун аз он ба нашр расондааст, ки он ҳангом мавриди омӯзишу баҳрабардории пажӯҳишгарон қарор гирифта буданд. Мавриди зикр аст, ки мавзуи асосии таҳқиқоти ӯро, аслан, ташаккул ва инкишофи симои маънавии занони Шарқ ташкил медиҳад. Мавсуф дар чандин конфронсу симпозиумҳо ва конгрессҳои сатҳи байналмилалии файласуфон дар ин мавзуъ бо маърузаҳои илмӣ баромад намуда, сазовори баҳои баланд ва эътирофи умум гардидааст.
Боиси тазаккур аст, ки Мунзифа Ғаффорова тайи солҳои зиёд ҳамчун ходими ҳизбию давлатӣ ва ҷамъиятӣ вазифаҳои пурмасъули раиси комиссияи доимоамалкунандаи Шурои Олии республика оид ба илму маориф, раиси комиссияи доимоамалкунандаи Шурои Олии республика оид ба кор бо ҷавонон, муовини раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо, раиси шуъбаи ҷумҳуриявии Ҷамъияти робитаҳои дӯстӣ ва фарҳангии ИҶДМ-Бангладеш, муовини раиси Ҷамъияти ҷумҳуриявии “Дониш”, ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода (1974-1979), ректори Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (1979-1988) ва амсоли инҳоро ба зимма доштанд.
Мавсуф барои хизматҳои шоён дар рушду инкишофи илми фалсафа ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси болаёқати илмиву омӯзгорӣ бо унвонҳои Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон, Аълочии маорифи Иттиҳоди Шуравӣ, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1997), медали Барои меҳнати шуҷоатнок дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат (солҳои 1948 ва 1949), Дӯстии халқҳо (соли 1984) ва Дӯстӣ (соли 1990) ва ғайра мушарраф гардидааст.
Мухбирҷон КӮҲСОРӢ,
рӯзноманигор
Санаи нашр: 24.09.2024 №: 184
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)