ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШАҲРИ ВАҲДАТ.  ДАСТОВАРДҲО ЗИЁДАНД, ВАЛЕ…

ШАҲРИ ВАҲДАТ.  ДАСТОВАРДҲО ЗИЁДАНД, ВАЛЕ…

25 сентябр 2024, Чоршанбе
36
0
ШАҲРИ ВАҲДАТ.  ДАСТОВАРДҲО ЗИЁДАНД, ВАЛЕ…
Мирзо Исмоилзода, раиси шаҳри Ваҳдат, дар суҳбат ба хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” маълумот дод, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр нимсолаи якуми соли равон таваҷҷуҳи бештарро ба иҷрои қисми даромади буҷети маҳаллӣ ва истифодаи мақсадноки маблағ равона кард. Дар ин замина, қисми даромади буҷети маҳаллӣ 108,1 дарсад таъмин ва ба хазина беш аз 155,2 миллион сомонӣ ворид шуд, ки дар қиёс ба нақша бештар мебошад. Аз нуҳ намуд андози маҳаллӣ танҳо андоз аз захираҳои табиӣ иҷро нагардид. 


260 ҶАВОН БА ТАВРИ ИХТИЁРӢ БА САФИ АРТИШИ МИЛЛӢ МЕПАЙВАНДАД

Дар асоси нақшаи чорабиниҳо баҳри ҷалби ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот гурӯҳҳои корӣ зимни вохӯрӣ бо ҷавонони даъватӣ ва волидайни онҳо ҷавононро ба хизмати Ватан-Модар даъват намуда, руҳбаланд мегардонанд. То имрӯз барои ҳифзи Ватан зиёда аз 260 ҷавон ихтиёрӣ изҳори омодагӣ карданд, ки дар рӯзи аввали даъвати тирамоҳӣ ба сафи Артиши миллӣ мепайванданд. Қисми зиёди ҷавонони даъватӣ аз ҳисоби Вазорати мудофиа ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ҳоло ба давраи омӯзишии ронандагӣ фаро гирифта шуда, дар даъвати ҳарбии тирамоҳӣ ба сафи Артиш чун мутахассис-ронандаи мошинҳои гаронвазн хизмат менамоянд.

808 ИНШООТ БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

Ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд ва ба истифода додани 808 иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла корхонаю коргоҳҳои саноатӣ, иншооти соҳаи тандурустӣ, маориф, фарҳанг, хизматрасонӣ, варзиш, бинои истиқоматӣ, ба нақша гирифта шудааст. То якуми июли соли равон 298 иншоот   мавриди истифода қарор гирифта, дар иншооти боқимонда корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ бомаром идома доранд.

АЗ ТАШРИФИ 19776 САЙЁҲ ТО ТАТБИҚИ БОСАМАРИ ЛОИҲАҲО

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ҷиҳати ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ, таблиғи мавзеъҳои сайёҳию таърихӣ ва рушди соҳа кӯшиш ба харҷ медиҳад. Дар ин давра 19776 сайёҳи дохилию хориҷӣ аз шаҳр дидан кард, ки бештарашон сайёҳони хориҷианд. Ба гуфтаи масъулон, то соли 2025 дар шаҳри Ваҳдат сездаҳ лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 79,7 миллион доллари ИМА амалӣ мешавад. То ин давра бо ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ ба маблағи 15,9 миллион доллар лоиҳаҳо маблағгузорӣ гардиданд, ки бист дарсади маблағи лоиҳаҳои дар барномаи давлатӣ воридгаштаро ташкил медиҳад.[/justify]

17,4 МИЛЛИОН СОМОНӢ. ҲАҶМИ ХИСОРОТИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ ДАР ШАШ МОҲ
Дар шаҳр 44 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ба қайд гирифта шуд, ки ба инфрасохтори маҳаллӣ ва ба хоҷагиҳои аҳолӣ зарари молиявӣ ва иқтисодӣ расид. Маблағи хисороти муайяншуда 17,4 миллион сомонӣ мебошад. Аз тарафи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр 420 оилаи зарардида ёрии яквақтаинаи моддӣ гирифт.
 
29 КОРХОНАИ САНОАТӢ АЗ ФАЪОЛИЯТ МОНД
Бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) баҳри саноатикунонии шаҳр аз ҳисоби соҳибкорон чор коргоҳи нави саноатӣ ба кор дароварда шуд. Ҳамин аст, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 94 миллион сомонӣ афзуда, 590 миллиону 619 ҳазор сомониро ташкил дод. Мирзо Исмоилзода гуфт, ки дар ин давра аз 129 корхона 29-тоаш бо сабаби набудани маблағи гардон, рақобатнопазирии маҳсулот, куҳнаю фарсудагии таҷҳизот ва мавсимӣ будан, фаъолият накард. Инчунин, 81 корхонаи саноатӣ истеҳсоли маҳсулотро назар ба ҳамин давраи соли қаблӣ зиёд ва бист корхона кам кард.
 
ҶАШНУ МАЪРАКА КАМУ ҚОНУНШИКАНӢ АФЗУД
Вобаста ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 43 ҳолати қонунвайронкунӣ ошкор ва барои чораандешӣ ба суди шаҳр пешниҳод гашт, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29 ҳолат зиёд аст. Ҳамзамон, дар вақти гузарондани рейду санҷишҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 140 ҳолати қонуншиканӣ пешгирӣ шуд. Дар шаҳр 1955 ҷашну маърака сабт гашт, ки нисбат ба соли рафта 91 ҷашну маърака кам мебошад. Харҷи молу мавод афзуда, дар баргузории маъракаҳо беш аз 11,5 миллион сомонӣ сарф гардид.
 
3 МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ДАР ҲОЛАТИ САДАМАВӢ АСТ
Дар шаҳр ҷиҳати таълиму тарбияи насли наврас муассисаҳои таълимӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти умумии асосӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, ки дар маҷмуъ, 153 ададро ташкил медиҳад, фаъолият доранд. Ҳамчунин, дар шаҳр гимназия ва литсей ҷиҳати соҳибдониш намудани хонандагон фаъолият мекунад. Ҳамзамон, дар назди муассисаҳои таълимии шаҳр сохтмони 140 синфхонаи иловагӣ бо 3315 ҷойи нишаст идома дорад. Боиси хушнудист, ки мактаббачагони шаҳр аз иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ соҳиби 11 медали тилло, 45 нуқра ва 46 биринҷӣ гардиданд, ки дастоварди назаррас аст. 
Аммо соҳа аз камбудиҳо орӣ набуда, вобаста ба ин, сардори раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат Миралӣ Мусофириён  чунин гуфт: “Мутаассифона, ҳоло дар шаҳри Ваҳдат се муассисаи таълимӣ: МТМУ № 21-и деҳаи Кӯҳдомани деҳоти Гулистон, МТМУ № 57-и деҳаи Тудаи Наски деҳоти А. Абдулвосиев ва МТМУ № 75-и деҳаи Ғулакандози деҳоти Чорсу дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Мушкили дигари соҳа он аст, ки дар МТМУ №25-и деҳоти К. Исмоил таълим дар се баст ба роҳ монда шудааст, ки дар самти донишазхудкунии 1096 таълимгиранда мушкилӣ эҷод мекунад. Дар се баст таҳсил кардан, албатта, мушкилии зиёд дорад, ҳам барои хонандагон ва ҳам барои омӯзгорон. Ба бартарафсозии мушкилот камар бастаем. Хурдтарин имконият шавад, ҳатман ба сохтмони мактабу синфхонаҳо авлавият медиҳем”.
 
Кароматулло АТО, 
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 25.09.2024 №: 185
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив