ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЗ СИФАТ ТО БЕСИФАТӢ.  НАЗАРЕ БА БОЗОРИ ИСТЕЪМОЛӢ

АЗ СИФАТ ТО БЕСИФАТӢ.  НАЗАРЕ БА БОЗОРИ ИСТЕЪМОЛӢ

25 сентябр 2024, Чоршанбе
18
0
Бо вуҷуди рушди савдои ҷаҳонӣ ва истеҳсоли оммавии озуқаворӣ, мушкилоти ҷиддӣ дар роҳи нигоҳ доштани стандартҳои сифат ва бехатарии ғизо ҳамоно яке аз масъалаҳои ҳалталаб боқӣ мемонад. Сифати маҳсулот дар таъмини саломатӣ ва некуаҳволии аҳолӣ нақши муҳим дорад.
Шароити ҷаҳонишавӣ ба рушди босуръати савдои ҷаҳонӣ мусоидат намудааст, ки ҳамасола чандин намуди молу маҳсулот истеҳсол ва дар бозори ҷаҳонӣ харидуфурӯш мегардад. Аммо дар баробари афзоиши босуръати  ҳаҷми истеҳсолот, бояд ба сифати  маҳсулоти хӯрокворӣ диққати амиқ дода шавад. Вале ин қоидаҳо на ҳама вақт аз ҷониби истеҳсолгарон риоя мегардад, ки боиси афзудани ҳаҷми маҳсулоти пастсифат дар бозори ҷаҳонӣ шудааст.
Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (FAO), ҳамасола дар ҷаҳон 420 ҳазор нафар аз истеъмоли ғизоҳои пастсифат мефавтад. Бесифатии маҳсулот дар ҳамаи кишварҳо ба назар мерасад. Аз ҷумла, дар кишвари мо, тибқи маълумоти «Тоҷикстандарт»,  дар 7 моҳи соли равон дар натиҷаи гузарондани назорати давлатӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  728066 кило маҳсулоти хӯроквории ғайристандартӣ ошкор карда шуд, ки аз он 696288 кило аз рӯйи сифат ва бехатарӣ ва 31778 кило аз рӯйи тамғагузорӣ мебошад.
Яке аз сабабҳои асосии афзоиши маҳсулоти бесифат дар ҷаҳон истеҳсоли оммавии маҳсулот мебошад, ки дар он аксаран на ба сифат, балки ба  миқдори маҳсулот аҳамият дода мешавад. Вақте ки маҳсулот дар бозор мавқеи саноатии худро пайдо мекунад,  истеҳсолгарон барои рушди савдои худ, сарфи назар аз сифати маҳсулот, миқдори онро зиёд менамоянд. Истифодаи иловаҳои сунъӣ, ашёи хоми пастсифат ва вайрон кардани меъёрҳои истеҳсолӣ низ боиси дар бозори истеъмолӣ зиёд шудани маҳсулоти бесифат мегардад. 
Омили дигаре, ки ба сифати маҳсулот бетаъсир нест, равиши интиқоли аз як ҷой ба ҷойи дигар мебошад. Маҳсулоте, ки дар як кишвар истеҳсол ва ба дигар кишварҳо содирот мешавад, дар ҳар марҳалаи интиқол назорати дақиқро талаб менамояд. Аммо на дар ҳама ҳолат ин қоидаҳо риоя мегарданд, ки дар натиҷа маҳсулот аз ҷиҳати гигиенӣ ва калориянокӣ сифати худро гум мекунад.  Дар бисёр мавридҳо  аз ҳисоби қавӣ набудани назорат дар хатти гумрукӣ чунин маҳсулот ба бозори истеъмолӣ роҳ меёбад. 
Маҳсулоти бесифате, ки дар таркибаш иловаҳои кимиёвӣ ва дигар моддаҳои зараровар дорад, метавонад боиси бемориҳои музмин, аз қабили диабети қанд, бемориҳои дилу рагҳо ва саратон гардад.
Бетаваҷҷуҳӣ ва огоҳ набудани истеъмолкунандагон дар интихоби маҳсулот низ паҳлуи дигари ин масъала аст. Баъзан харидорон  ба муҳлати истеъмол, шароити нигоҳдорӣ ва таркиби он, ки дар тамғақоғазҳои маҳсулот оварда шудааст, диққат намедиҳанд ва ин боиси олудашавии организми инсон мегардад. 
Хулоса, сифати маводи ғизоӣ на танҳо як масъалаи иқтисодӣ, балки омили муҳими саломатӣ ва некуаҳволии мардум ба ҳисоб меравад, ки таваҷҷуҳи махсуси ҳам истеҳсолкунандагон, ҳам истеъмолкунандагон ва мақомоти давлатиро тақозо мекунад.
 
Руҳафзо МУРОДОВА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 25.09.2024 №: 185
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив