ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МУЪМИНОБОД. АЗ ИФТИХОР ТО АФСУС

МУЪМИНОБОД. АЗ ИФТИХОР ТО АФСУС

27 сентябр 2024, Ҷумъа
20
0
МУЪМИНОБОД. АЗ ИФТИХОР ТО АФСУС
Соҳаи маориф яке аз самтҳои авлавиятноки сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии мамлакат буда, аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ба шарофати ғамхориҳои рӯзафзуни Сарвари маорифпарвари давлат дар гӯшаву канори гуногуни Ватани азизамон, аз ҷумла ноҳияи Муъминобод, тайи ин солҳо даҳҳо муассисаи таълимӣ бунёд ёфта, дар ин замина, сатҳи дониши хонандагон сол ба сол болотар меравад.

ДАСТГИРИИ СОҲА ДАР МАДДИ АВВАЛ 
Чуноне дар суҳбат бо хабарнигорони рӯзномаи «Ҷумҳурият» муовини мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Муъминобод Сафар Шариф иброз дошт: "Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуъбаи маорифи ноҳия системаи назорати дохилии муассисаҳои таълимиро баҳри иҷрои барномаҳои соҳавӣ оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ пурзӯр намуда, дар ин самт як қатор тадбирҳои судмандро анҷом дод. Яке аз самтҳои баланд бардоштани сифати таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ таъмини хонандаҳо бо китобҳои дарсӣ мебошад, ки ин нишондиҳанда дар ноҳия сад фоизро ташкил медиҳад".

ФАРОГИРИИ КӮДАКОН БА МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБӢ
Бино ба маълумоти расмӣ, ҳоло дар ноҳия 47 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҳашт муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, ду гимназия, муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, Мактаб-интернати ятимону бепарасторон, чор муассисаи томактабӣ, Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ, муассисаи таҳсилоти иловагӣ, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо бо фарогирии беш аз 22845 хонанда фаъолият менамоянд. Ба кори таълиму тарбия 1633 омӯзгори ботаҷрибаву ҷавон, аз ҷумла 848 нафар бонувон машғуланд. Имсол аз 1217 хатмкардаи муассисаҳои таълимии ноҳия 1023 нафараш дар даври аввали имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавии Маркази миллии тестӣ ба коллеҷ ва донишгоҳу донишкадаҳои кишвар дохил шуданд, ки 413 нафараш духтар аст. Инчунин, 22 хатмкунандаи синфи ёздаҳ тавассути Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои олӣ таҳсил доранд. Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ якуми сентябр дар сатҳи баланд ҷашн гирифта шуда, имсол 2266 наврас ба синфи як қабул гардид.

14 ҶОЙИ ИФТИХОРӢ ДАР ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ

Масъалаи муҳими дигари соҳа ҷалби хонандаҳои синфҳои болоӣ, бахусус духтарон ба тадрис аст, ки пурра ҳалли худро ёфтааст. Шуъбаи маориф якҷо бо кормандони дигар идораҳо ба хотири идома додани таҳсили духтарон дар тамоми деҳот суҳбату вохӯриҳо доир намуда, волидонро огоҳ менамоянд, ки соҳибкасб шудани духтарон ба хотири зиндагии шоистаи онҳост. Ҳамчунин, рафти иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикон – оинаи таърихи миллат”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Илм – фурӯғи маърифат” таҳти назорати доимии роҳбарияти ноҳия буда, дар даври дуюми Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 35 хонанда ба даври сеюм роҳ ёфт. Аз ин ду нафар дар даври вилоятӣ аз Гимназияи давлатии “Боғи Ҳабиб” ва МТМУ №12 ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Дар олимпиадаҳои фаннӣ аз 377 иштирокдор 75 нафар ба даври вилоятӣ ва 27 кас ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфта, 14 нафар сазовори медали биринҷӣ гардид. Баҳри иҷрои саривақтии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» байни падару модарон корҳои таблиғотӣ бурда мешаванд. Волидайн дар рӯзҳои муайяншуда ба муассиса меоянд ва аз донишандӯзӣ, одобу ахлоқи фарзандон бохабар мегарданд.

11 ИНШООТИ СОҲА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ
Дар ноҳия ба сохтмон, таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимӣ диққати ҷиддӣ дода, сол ба сол шароити таълиму тадрис беҳбуд меёбад. Ҳамин ҳаст, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмону баистифодадиҳии 11 муассисаи таълимии наву биноҳои иловагӣ ва кӯдакистонҳо дар назар аст. Аз ин, аллакай, биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии №№ 5, 10 ва 12 дар деҳаи Сангдараи Ҷамоати деҳоти Шамсиддини Шоҳин ва деҳаи Бӯстону Ҳанатароши Ҷамоати деҳоти Деҳбаланд бо маблағгузории Бонки исломии рушд ва аз ҳисоби соҳибкор Бобоҷон Каримов мавриди истифода қарор гирифтанд.


Дар деҳаи Даҳаначиёни деҳоти Боғгаӣ ва деҳаи Таги Тутои деҳоти Чилдухтарон сохтмони чор синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии №№ 42 ва 46 тариқи ҳашар дар арафаи анҷомёбӣ аст. Бинои нави Муассисаи таълимии № 33-и деҳаи Чилдухтарон ва бинои иловагӣ дар назди Муассисаи таълимии № 54-и деҳаи Шаймирӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҷмуъ шонздаҳ синфхона барои 384 ҷойи нишаст дар як баст то охири соли равон мавриди истифода қарор мегиранд. Ҳамзамон, тибқи нақша, аз ҳисоби маблағҳои буҷет ва дастгирии шарикони рушд сохтмони муассисаҳои таълимии нав дар кӯчаи Фирдавсии маркази ноҳия ва деҳаи Хосабои Ҷамоати деҳоти Нуралишо Назаров, биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии №№ 7, 37 дар деҳаи Ободони Ҷамоати деҳоти Шамсиддини Шоҳину деҳаи Навбаҳори Ҷамоати деҳоти Боғгаӣ бо 864 ҷойи нишаст идома дошта, то соли 2026 қомат меафрозанд, ки ин раванд сатҳи таълиму тарбия ва шароити илмомӯзиро боз ҳам беҳтар хоҳад кард.

АЗ НОРАСОИИ ҶОЙИ НИШАСТ ТО САДАМАВӢ БУДАНИ 8 МУАССИСА
МТМУ № 48-и деҳаи Деҳлолои деҳоти Нуралишо Назаровро, ки дар он 1126 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст, соҳибкор, собиқ хатмкунандаи Муассиса Бахтиёр Қурбонов навсозӣ кард. Аммо дар Муассиса бо сабаби нарасидани ҷойи нишаст дарс дар се баст ба роҳ монда шудааст, ки дар донишазхудкунии хонандаҳо монеа эҷод мекунад. Муассиса соли 1987 бунёд шуда, хонандаҳо дар он то синфи нуҳ дониш меомӯзанд. Дар се баст таҳсил кардан, албатта, мушкилии зиёд дорад, ҳам барои хонандаҳо ва ҳам омӯзгорон.
Сафар Шариф инро тасдиқ карда, бо нигаронӣ изҳор дошт, ки баробари пешравиҳо, дар соҳаи маорифи ноҳия камбудиҳо низ ҷой доранд. Аз ҷумла, бо сабабе, ки дар ноҳия МТМУ №№ 3, 14, 18, 19, 29, 36, 41 ва 48 дар ҳолати фарсуда ва қисман садамавианд, 75 синфхона барои таълиму тарбияи хонандаҳо намерасад. Ба хотири бартарафсозии мушкилиҳои асосии ҷойдоштаи соҳа МИМҲД-и ноҳияи Муъминобод чораҳои зарурӣ андешида, дар назар аст, ки муассисаҳои таълимии садамавӣ дар наздиктарин муҳлат таъмиру тармим гарданд. Илова бар ин, шуъбаи маориф бо мақсади таъмини 42 омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ, ки ҳанӯз ҳам, мушкилии асосии дигари соҳаанд, чораҷӯӣ менамояд.

Кароматулло АТО,
Умаралӣ САФАРАЛӢ,
«Ҷумҳурият»,
Душанбе – Муъминобод – Душанбе

Санаи нашр: 26.09.2024 №: 186-187
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив