ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲУҚУҚ. ОГОҲИИ ШАҲРВАНДОН ОСОИШИ ҶОМЕА АСТ

ҲУҚУҚ. ОГОҲИИ ШАҲРВАНДОН ОСОИШИ ҶОМЕА АСТ

27 сентябр 2024, Ҷумъа
10
0
Дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ мулоқоти гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода ва сардори раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуҳрат Ғанизода бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят баргузор гардид.

Муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот ҷамъомадро оғоз бахшида, зикр намуд, ки маърифати ҳуқуқӣ дар кишварамон, ки дар асоси Конститутсия давлати ҳуқуқбунёд мебошад, аз шаҳрвандон донистани қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ, малакаи дурусти истифодабарӣ ва татбиқи онҳоро дар зиндагӣ ва соҳаҳои гуногуни ҳаёт тақозо дорад.
– Дар ҳифзу ҳимоя ва таҳкими рукнҳои давлатдории миллӣ, дастовардҳои замони истиқлол, бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократию дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург буда, маҳз, бо ҳидоят, фидокорӣ ва роҳбарии хирадмандонаашон миллати тоҷик на фақат истиқлоли давлатиашро ҳифз намуд, балки онро ба қатори давлатҳои зудрушдкунандаи ҷаҳон ворид намуд. Муваффақият ва комёбии ҳар як давлату миллат ба таъмини волоияти қонун алоқаманд буда, фарҳанг ё маърифати баланди ҳуқуқии шаҳрвандон сарчашмаи ҳамаи пешравиҳо дар ҷомеа мебошад. Инро сокинони вилоятамон аз таҷрибаи рӯзгорашон дар 33 соли соҳибистиқлолӣ ба хубӣ дарк намуданд, – гуфт раиси вилоят.
Зариф Ализода зикр кард, ки дар замони муосир яке аз нишонаҳои муҳими давлатдорӣ, доштани Конститутсия буда, маҳз дар он масъалаҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва арзишҳои эътирофнамудаи башарӣ мустаҳкам мегарданд. Боиси ифтихор аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршиносону сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ яке аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон эътироф шудааст. Маҳз, дар заминаи Конститутсия мақомоти олии қонунгузории Тоҷикистон қонунҳоеро қабул менамояд, ки дар онҳо дар мадди аввал ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон аз тарафи давлат кафолат дода мешавад.
Музаффар Ашӯриён иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Конститутсия давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон гардида, ҳуқуқ ва озодиҳои инсону шаҳрванд арзиши олӣ дониста мешаванд. Ҷавҳари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асоси риояи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун устувор мегардад. Шаҳрванде, ки аз ҳуқуқҳои худ огоҳ аст, ба равандҳои рушд ва таҳаввул дар ҷомеа такон мебахшад.
Таъкид гардид, ки Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун равона гардидааст.
Ҳайати гурӯҳи корӣ дар ҷараёни мулоқот ба пурсишҳои ҳозирин вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқӣ посух доданд.

Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият” Санаи нашр: 26.09.2024 №: 186-187
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив