ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НИГАРОНӢ. СИГОР БА ДАСТИ ХОНАНДАГОН РАСИД

НИГАРОНӢ. СИГОР БА ДАСТИ ХОНАНДАГОН РАСИД

27 сентябр 2024, Ҷумъа
15
0
Аз оғози соли хониш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳое нашр мешаванд, ки рух доданашон ҳеҷ дар тасаввур намеғунҷад ва боиси нигаронӣ ҳам гаштааст. Масалан, ҳеҷ гумон намекардам, рӯзе мешавад, ки хонандагони мактаби миёна, бахусус синфҳои 9-11, оғози соли хониш ва Рӯзи донишро дар ҳолу ҳавои мастӣ “ҷашн” мегиранд. Ва ё пештар баҳсҳову ҷанҷолҳои лафзии устодону донишҷӯёнро шунидаву дида будам, аммо задани устоди донишгоҳро акнун мебинам.
Чанд рӯз қабл қадамзанон аз назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3 ба номи В. Терешковаи шаҳри Ваҳдат мегузаштам. Ба хонандагон ва мактаби навтаъмир бо шавқу ҳавас менигаристам. Лаҳзае аз давраи мактабхониам пеши назар омаду маро ба ёди гузашта бурд, то замоне, ки гурӯҳе аз наврасонро дар назди мактаб дидам. Онҳо зоҳиран ба синфҳои 8 ва 9 монанд буданд. Дар дасти яке аз онҳо сигори электронӣ ба назар мерасид, ки миёни ҳамсинфонаш бо фахр “дуд” медод. Бо он кастуми сурхе, ки бар тан дошт, худро гули сари сабади “маҳфили рафиқона” мепиндошт. Ҳамин дам, муаллимаи навбатдор, ки дар даромадгоҳи мактаб менишаст, аз ин ҳолат хабардор шуда, ба наздашон омад. Аз дил гузарондам, ки ана акнун ҷазояшонро медиҳад. Вале, мутаассифона, аз дасти муаллима ҳам чизе наомад. Агарчи муаллима ӯро дар ҳоли сигоркашиаш сабт кардан мехост, ӯ низ нотарсона ва бо тамасхур дар назди муаллима рост истода мегуфт, ки чӣ қадаре метавонад расм гирад, зеро ӯ сигори электронӣ надорад. Чун ин воқеаро ман аз масофаи хеле наздик мушоҳида мекардам, дидам, ки сигорро ба ҳамсинфаш дод ва ҳамсинфаш ба ҷайбаш гузошт. Маълум буд, ки онҳо дар вақти танаффус сигори электрониро якҷо истифода мебаранд.
Аз дидани ин манзара табъам хира гашт. Дигар тоқати тамошояшро надоштам. Танҳо бар он андеша будам, ки ояндаи ин насл, ки ҳоло давраи шукуфтану камол ёфтанашон асту онҳо саргарми “дуд додани сигор” ва он ҳам дар мактаб, чӣ мешуда бошад?
Он саҳна бисёр шигифтовар буд. Мактаббачагон эҳтиром он тараф истад, муаллимаро масхара мекарданд.
Ҳоло аз таъсири равонӣ ва зарари сигори электронӣ ба саломатии наврасон чизе намегӯем. Бигзор мутахассисони соҳа гӯянд. Аммо сухан аз таълиму тарбияи насли наврас меравад, ки Сарвари давлат низ дар суханрониашон ба ин масъала диққати ҷиддӣ зоҳир карда, таъкид намуданд: “...ба масъалаи таълиму тарбияи наслҳои наврас, яъне фарзандонамон, эътибори ҷиддӣ диҳем, барои онҳо шароити беҳтарин муҳайё кунем, то ки бесавод намонанд, хонанд, соҳиби илму дониш ва касбу ҳунар шаванд. Дар оянда муҳтоҷи дигарон нагарданд ва Тоҷикистони азизамонро соҳибӣ карда, онро ободу пешрафта гардонда тавонанд.”
Саволҳое маро нороҳат месозанд, ки ин ҳама бетартибӣ миёни наврасони мактабхон аз куҷо маншаъ мегирад? Чаро хонандаи имрӯз ба худаш лоиқ мебинад, ки ба устод тамасхур занад? Чаро сухани муаллим барои талабааш таъсиргузор нест? Чаро волидон аз уҳдаи тарбияи дурусти фарзанд намебароянд? Барои ислоҳи ин мушкил чӣ бояд кард?

Шодмон АБДУРАҲИМ,
“Ҷумҳурият” Санаи нашр: 27.09.2024 №: 188
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив